Arzon march 2024
ТАФСИЛОТИ ИЗДИВОҶИ МАРДИ 46 - СОЛА БО ДУХТАРИ 12 - СОЛА ДАР ДУШАНБЕ
5313

“Дар мағоза нишаста будам. Савдо мекардам, ки кӯдаки хурдиам омад. Гуфт, бидав, ки мекушанд апаамро. Гуфтам, кӣ? Гуфт, акаи Ҳоҷӣ гулӯяшро ҷафида, даҳонашро пӯшида, дар болояш баромадаааст, бидав. Дигар худамро гум кардам. Мағозаро бо ҳама бораш партофтаму давидам. Намедонам, чӣ хел давида, рафтам. Гуфтам, Ҳоҷӣ чӣ кор карда истодаӣ? Гуфт, ту чӣ кор дорӣ, ин зани ман аст. Гуфтамаш, кӯдаки ман нав ба 12 даромад. Акаи Ҳоҷӣ, аз камбағалии ман истифода бурда истодаӣ...”

Ин нақли модари кӯдаки 12 - солаест, ки Давлатманд Касиров ном сокини 46 - солаи шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба никоҳи худ даровардааст. Ин модар, ки ба танҳоӣ се фарзандро тарбия мекунад, дар хонаи Касиров дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе иҷора менишаст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Давлатманд Касиров бо айби ҳаракатҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ нисбати духтари  ноболиғ ва чандзанагӣ дастгир шудааст.

Духтари ҷабрдида мегӯяд, ки мехоҳад таҳсилашро идома дода, дар оянда ҳуқуқшинос шавад ва дар оянда аз ҳуқуқи нафарони мисли худаш дифоъ кунад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД