Таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Лондон
Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ рӯзи 4-уми сентябр дар шаҳри Лондон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд
Дар чорабинӣ намояндагони ҳукумати Британияи Кабир, Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушд, вакилони парлумон, лордҳо, дипломатҳо, муассисаҳои илмию фарҳангӣ, хабарнигорон ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ин кишвар, ҳамчунин тоҷикони муқоми Британия ширкат варзиданд.
Сафири Тоҷикистон дар ин кишвар хонум Рухшонаи Эмомалӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо бо Бритонияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сухан гуфтааст.
Ба иттилоъи Сафорати Тоҷикистон дар Британия пас аз анҷоми бахши расмии чорабинӣ, сарояндаи хушсалиқаи тоҷик Ҳуҷастаи Мирзовалӣ бо сурудҳои тоҷикӣ ва асарҳои операвӣ ба чорабинӣ ҳусну шукӯҳи дигар тоза бахшида, табъи меҳмононро болида гардонидааст.