goodwell
Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар махзани илму ҳунар
110

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар махзани илму ҳунар
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан» чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ иштирок намуда, омӯзгорону хонандагонро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик гуфт.
Зимни суханронӣ раиси шаҳр аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим арзёбӣ намуд.
Ӯ таъкид кард, ки Конститутсия санади олии ҳуқуқии кишвар буда, ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, заминаи асосии суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки эҳтиром ба Конститутсия ва риояи қонунҳо вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ дар идомаи суханронии худ ба масъалаи нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки ҷавонон бояд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда илму дониш омӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибкасб дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи чорабинӣ хонандагони литсей маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Намунаҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ, корҳои эҷодӣ ва маҳсулоти омоданамудаи онҳо аз маҳорати касбӣ, завқи зебоипарастӣ ва малакаи амалии ҷавонон дарак медиҳанд.
Дар чорабинӣ намояндаи бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан, сарояндаи хушовоз Бахтиёри Аҳмад бо суруду таронаҳои рангин ҳусни дигар бахшид. Инчунин, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки хонандагон пешкаши ҳозирин гардид, ки дар он муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва арҷгузорӣ ба Конститутсия тараннум ёфтаанд.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД