Маҷлиси намояндагон тағйиротро ба Қонуни ҶТ “Дар бораи боҷи давлатӣ” қабул намуд ва пас аз тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти мамлакат (як моҳ пас аз нашри расмӣ) он мавриди амал қарор мегирад.
Дар сурати тасдиқи тағйирот, минбаъд барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, дар асоси аризаи якҷояи ҳамсарон ба андозаи 10 нишондиҳанда ва дар асоси ҳалномаи суд ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷ ситонида мешавад.
Айни замон барои бақайдгирии талоқ дар Тоҷикистон ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷ ситонида мешавад, ки 75 сомониро ташкил медиҳад. Аммо дар сурати расман қабул шудани тағйироти нав минбаъд арзиши бекор кардани никоҳ ва ба қайди давлатӣ гирифтани он аз 2 то 14 маротиба боло рафта, ҳамсароне, ки никоҳи худро бекор кардан мехоҳанд, аз 150 то 1050 сомонӣ маблағ месупоранд.
Ёдрас мешавем, ки пошхӯрии оилаҳо ва зиндаятим гаштани кӯдакон солҳои охир ба як масъалаи доғи ҳаёти ҷомеаи мо табдил ёфта, танҳо соли 2024 беш аз 9000 оила вайрон шудааст. Умедворем, ки боло рафтани арзиши бекорсозии ақди никоҳ ва ба қайди давлатӣ гирифтани он ба кам шудани талоқ мусоидат мекунад.