arzon replenishment
Талоқи бе шоҳид равост? Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
27.04.2024
ОИЛА.ТҶ
495

Бо хонаводаи шавҳарам ҷангу ҷанҷол шудем ва ман қаҳр карда, ба хонаи падару модарам рафтам. Баъди се моҳ бо зани ҳеварам телефонӣ суҳбат кардам. Вай гуфт, ки шавҳарам ба хотири хоҳараш талоқи маро дода, ба Русия рафтааст. Аз байн чанд вақт гузашту он зан вафот кард. Шавҳарам аз Русия баргашт. Вай талоқи додаашро ба гардан нагирифта, “ман ин гапро нагуфтаам” мегӯяд. Виҷдонам намебардорад, ки бо ӯ зиндагӣ кунам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

ГУЛНОРА, ш. Душанбе

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Хоҳари азиз, масъалаи талоқ нозукиҳои зиёд дорад, аз ҳамин сабаб, имкони яктарафа масъаларо дида, маслиҳати аниқ додан нест.

Беҳтараш шумо ҳамроҳи шавҳар ва хоҳаршӯятон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, то уламо бо шумоён саволу ҷавоб карда, хулосаи дақиқ бароранд.

Вале агар шумо талоқро ба гӯши худ нашунида бошед ва ҷуз нафари фавтида касе нашунида бошад, он қабул нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД