Arzon march 2024
Талоқи марди нашъаманд қабул мешавад?
15.02.2022
Оила
1326

Салом! Ситора ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам. Бо амри тақдир бо ҷавоне хонадор шудаам, ки ошиқи маю шарб аст ва баъзан банг ҳам мезанад. Дар ҳушёриаш аз шавҳари ман дида, одами хуб нест,вале ҳамин, ки нӯшид ё банг зад, девонаи таппа тайёр шуда, чи кор кардану чӣ гуфтанашро намедонад. Ҳафтаи гузашта вай боз дар куҷое ба қавли худаш ҳамроҳи ҷӯраҳояш “кайф”карда омад ва бо ҳар баҳона ҷанг кофтан гирифт. Ҳамин тавр камтар гапамон гурехт ва шавҳари бангиам писарчаи 5-солаамонро ҷеғ зада гуфт: “Ту шоҳид, ки ман модаратро се талоқ кардам!”
Бо шунидани ин сухан замину осмон дар назарам тираву тор гашт ва хостам баромада равам, вале шаб аллакай қариб нисф шуда буд ва ночор ба ҳуҷраи дигар гузашта, ҳамроҳи писарчаам хобидам. Вақте ки саҳар ба шавҳарам маро талоқ доданашро гуфтам, қасам хӯрд, ки вай чизеро дар ёд надорад ва маро талоқ додан ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам наомадааст. Чанд рӯз боз ҳарду баҳсу мунозира дорем, ман мегӯям, ки ту маро талоқ додӣ, дигар зиндагӣ карданамон мумкин нест, мон, ки ба хонаи падару модарам равам, вале шавҳарам талоқи додаашро ба гардан нагирифта мегӯяд, ки аввалаш кӯдак шоҳид шуда наметавонад, баъдан ӯ чизеро дар хотир надорад ва ман барои аз вай халос шудан ин гапр бофта, ӯро туҳмат карда истодаам, ки гӯё маро талоқ дода бошад. Илтимос, маслиҳат диҳед, чи кор кунем?
Посухи домулло ҶамолиддиниХомӯш
Хоҳари азиз, вақте, ки зан дар бораи талоқ суҳбат мекунад ё даъво дорад, ки шавҳараш ӯро талоқ додааст, бояд шоҳид дошта бошад-ду мард ё як марду ду зан. Азбаски писарчаи шумо хурдсол будааст, айни замон шаҳодати ӯ ба назар гирифта намешавад. Аз нигоҳи дини мубини ислом танҳо шаҳодати нафароне қабул мешавад, ки ба синни балоғат расида бошанд. Синну соли мувофиқ барои шаҳодат додан дар чор мазҳаби аҳли суннат аз синни понздаҳсолагӣ боло буда, нишонаҳои балоғат шартҳои худро дорад. Як ривоят аз Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ оварда шудааст, ки шоҳидӣ доданро аз синни ҳаждаҳсолагӣ гуфтааст, яъне баъд аз ин синну сол одам метавонад дар даъвоҳо, баҳсҳо ва дигар масъалаҳо ҳамчун шахси шоҳид иштирок кунад ва шаҳодат диҳад. Аз ҳамин хотир хтир шуморо зарур аст, ки ҳамроҳи шавҳаратон ба Раёсати фатво ташриф биёед, то ҳама тарафи масъаларо фаҳмидаву санҷида баъд маслиҳати дурусте ба шумоён диҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД