35 years of independency
Талонҳои муоинаи техникии мошинҳо дар Тоҷикистон электронӣ мешавад
15.09.2026
Oila.tj
76

Аз имрӯз, 15-уми сентябр дар Тоҷикистон талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт ба шакли электронӣ гузаронида мешаванд.

Тибқи иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, талони электрониро танҳо тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ - eKhizmat.tj ба расмият даровардан мумкин аст.

Мақомот таъкид мекунанд, ки тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёт тағйир намеёбад. Муоина минбаъд низ ҳузурӣ дар нуқтаҳои ташхисии Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) гузаронида мешавад.

Тавассути портали ягона танҳо ҳуҷҷати ниҳоӣ, талони электронии муоинаи техникӣ ба расмият дароварда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД