Sebiston new 2024 october
“Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023”: Бо ширкатҳои ғолиб шинос шавед
3051

 

Лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” 10- сола шуд. Ин лоиҳаи муваффақ дар заминаи сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ширкати “Тайрон” дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар амалӣ карда мешавад.

Ҳамсола дар лоиҳа даҳҳо ширкату корхонаҳои кишварамон иштирок намуда, барои ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”рақобат менамоянд. Муаррифӣ ва таблиғи тамғаҳои ватанӣ байни мардум, дастгирии соҳибкорони тоҷик ва тарғиби молу маҳсулоти онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ба вуҷуд овардани рақобати солим дар байни истеҳсолкунандагон, талош баҳри беҳтар шудани сифати маҳсулоту хизматрасониҳо ва пастшавии нарху наво дар бозор ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёт ва саноат дар ҷумҳурӣ аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” мебошанд.

Тӯли 10 соли фаъолияташ лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” зиёда аз 300 корхонаҳои хурду бузурги ватаниро ба мардуми шарифи тоҷик муаррифӣ кардааст. Ҳамасола дар ин озмун зиёда аз 30 корхонаҳои хурду бузург иштирок мекунанд ва тӯли 3 моҳ дастовардҳои ин корхонаҳо ва ширкатҳо тавассути матбуоти Тоҷикистон: ҳафтанома ва сомонаҳои Медиахолдинги «Оила» (“Тоҷикистон”, “Оила”, “Рекламная газета”, pressa.tj, oila.tj,) шабакаҳои иҷтимоӣ, радиову телевизионҳо ташвиқ карда мешавад.

Бартарии лоиҳа дар он аст, ки ғолибонро худи истеъмолкунандагон интихоб мекунанд, муддати се моҳ тамғаҳои ватанӣ тарғиб мешаванд ва дар маҷмӯъ беш аз ду миллион сокини кишварамон дар бораи ширкатҳои ватанӣ маълумот мегиранд. Лоиҳаи "Тамғаи писандидаи Тоҷикистон" барои рушди соҳибкорӣ ва маъруф гаштани тамғаҳо нақши калон дорад.

Ҳамасола дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” дар Кохи Борбад Намоиш-фурӯши молу маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор гашта, иштирокчиёни лоиҳа анвои мухталифи маҳсулоти хӯрока, молҳои гуногун барои хона, техникаи маишӣ ва дигар молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро бо нархи дастрас ба сокинони пойтахт ва навоҳии атроф пешкаш менамоянд. Имсол низ дар доираи лоиҳа иштирокчиён рӯзҳои 2, 3, 4 ноябр дар Кохи Борбад молу маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба мизоҷон пешкаш намуданд.

Маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони лоиҳа-озмуни овозадори “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” шоми 3-юми ноябр дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” баргузор гашта, дар он намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои давлатӣ, соҳибкорони муваффақ, сарояндагони ҷавон ва чеҳраҳои маъруфи иқтисод, сиёсат ва фарҳангу ҳунари кишвар иштирок доштанд.

Ровиён меҳмонони олиқадр ва иштирокчиёни озмунро хушомадед гуфта, бо 10-солагии Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон””табрику муборакбод намуданд.

Муаллифи лоиҳа, директори ширкати “Тайрон” Шаҳноза Ҳамдамова зимни суханронии худ таъкид намуд, ки донистани назари харидорон барои ҳар як соҳибкоре, ки мехоҳад мавқеи худро устувор гардонад, бисёр муҳим аст, зеро фаҳмидани андешаи истеъмолкунандагон ба беҳтар шудани сифати молу маҳсулот ва васеъ гаштани бозори ширкат мусоидат менамояд.

Хонум Шаҳноза Ҳамдамова ба сарпарасти кулли лоиҳа-ширкати Артел, ба сарпарастони расмӣ-Тавҳидбонк ва ширкати Акфа, ба шарикони лоиҳа-Шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Газпромнефт” ва мағозаи Тоҷиктаймс, ба шарикони иттилоотӣ- Телевизиони Сафина, Агентии миллии иттилоотии “Ховар” ва Радиои Ховар, ба Радиои Ватан, Ҳамсадо, Авторадио, Радиои Имрӯз ба сомонаҳои oila.tj ва pressa.tj ва тамоми иштирокчиёни лоиҳа сидқан изҳори сипос намуд.

Муовини вазири молияи Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод зимни суханронии хеш қайд кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо самари сулҳу субот дар мамлакат мебошад, ки бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

"Сарвари давлат ҳамеша аз соҳибкорони тоҷик пуштибонӣ мекунанд ва ба онҳо имтиёзҳои зиёде додаанд, то ки истеҳсолот васеъ гашта, саноат ва иқтисодиёти кишварамон рӯз то рӯз рушд намуда, пешрав гардад", - гуфт ӯ.

Ҳамин тавр, маросими тантанавии сарфарозгардонии ғолибон оғоз ёфта, диплом ва ҷоизаҳои лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023”-ро ба ғолибон Қобилҷон Ташрифзода, сардори Раёсати Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Баҳодур Раҳимзода, муовини директории Агентии содирот, Умед Солеҳзода, муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Хӯрокворӣ”, Малоҳат Рустамзода, муовини директори Агентии “Тоҷикстандарт” ва эксперти байналмилалӣ оид ба сифат Алфия Назарова супурданд.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Сазовори боварӣ” насиби Тамғаи “Артел”-ҶДММ "ARTEL AVESTO ELECTRONICS гашт.

ҶДММ "ARTEL AVESTO ELECTRONICS" корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон буда, моҳи феврали соли 2019 таъсис ёфтааст. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда, ин ширкат тавонист дар як муддати кӯтоҳ шӯҳратёр гардад. “Артел”дар истеҳсоли асбобҳои электронии рӯзгор дар Осиёи Миёна пешсаф мебошад.

Алҳол бо тамғаи “Артел” зиёда аз 20 намуд асбобу анҷом, аз ҷумла телевизор, кондитсионер, чангкашак, обгармкунак, мошинаҳои ҷомашуӣ, дарзмолҳои гуногун, асбобҳои хӯрокпазӣ ва дигар техникаи маишӣ истеҳсол карда мешавад. Раванди истеҳсолот пурра автоматӣ буда, сифати маҳсулот дар ҳар марҳила тавассути системаҳои электронӣ санҷида мешавад. ARTEL AVESTO ELECTRONICS”-шарики генералии лоиҳаи “Тамғаи Писандидаи Тоҷикистон-2023” мебошад.

 

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Дастовард дар соҳибкорӣ” насиби ҶСК “Тавҳидбонк” гашт.

“Тавҳидбонк” аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон, иштирокчии фаъол ва боэътимоди бозори молиявии кишвар мебошад. Аз замони таъсисаш то ба имрӯз ин бонк бомуваффақият пеш рафта, сол то сол инкишоф меёбад.

“Тавҳидбонк” ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида, ҳамакнун дар саросари ҷумҳурӣ 5 филиал ва 58 маркази хизматрасонии бонкӣ дорад, ки бешубҳа дастоварди хеле калон аст. Ростқавлӣ, эҳтиром, адолат, шаффофият, эътимоднокӣ, этикаи баланди тиҷоратӣ ва навоварӣ-аз зумраи он арзишҳои муқаддасе мебошанд, ки кормандони “Тавҳидбонк” шиори худ намудаанд. “Тавҳидбонк” - шарики расмии лоиҳаи “Тамғаи Писандидаи Тоҷикистон-2023” мебошад.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Эътирофи байналмилалӣ” насиби ҶДММ «AKFA BUILDING MATERIALS» гашт.

Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” ба як озмуни байналмиллаӣ табдил ёфта истодааст. Яке аз иштирокчиёни имсолаи озмун ширкати AKFA-и Узбекистон мебошад, ки дорои бузургтарин маҷмааи автоматиконидашудаи истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ дар Осиёи Марказӣ буда, сифат ва эътимоднокии маҳсулоташ кайҳо аз санҷиш гузаштааст.

Ширкат дар давоми 23 соли фаъолияташ 20 заводро ба кор дароварда, имрӯз маҳсулоти хешро ба 21 давлати ҷаҳон содирот менамояд. “AKFA” истеҳсолкунандаи боэътимод ва масъулиятнок буда, бо дастаи калони мутахассисонаш барои принсипҳои рушди устувор кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ширкати “AKFA” - шарики расмии лоиҳаи “Тамғаи Писандидаи Тоҷикистон-2023” мебошад.

 

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Рушди устувор” насиби “Газпром нефть - Тоҷикистон” таҳти бренди қаҳваи G - Drive гашт.

Агар шумо хоҳиши дар роҳ наҳорӣ карданро дошта бошед, пас ба нуктаҳои савдои сӯзишвории Газпромнефт ташриф оваред-ҳам мошинатонро бо сӯзишворӣ пур мекунанду ҳам бароятон қаҳваву қаннодӣ омода месозанд, ки тамғаи худи ширкатро дорад.

G-Drive ин номи қаҳваи фирмавиашон аст. 80% ин қаҳва навъи Арабика ва 20% навъи робуста буда, ин қаҳваи омехта махсус барои фурӯш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Газпром нефть - Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст.

Дар оянда дар НФС “Газпром нефть - Тоҷикистон” бастаҳои як килограммии ин қаҳваи овозадор ба фурӯш бароварда мешавад. “Газпром нефть - Тоҷикистон” - шарики расмии лоиҳаи “Тамғаи Писандидаи Тоҷикистон-2023” мебошад.

 

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Маҳсулоти табиӣ” насиби - Комбинати шири Душанбе» гашт.

Беҳуда нест, ки маззаи маҳсулоти ин тамғаро истеъмолкунандагон ин қадар дӯст медоранд. Маҳсулоти корхона табиӣ ва аз нигоҳи экологӣ тоза буда, ашёи хоме, ки барои истеҳсоли маҳсулот истифода мешавад, аз фермаҳои иноватсионии зотпарварии худи комбинат дастрас мегардад.

Айни замон дар як баст 65 тонна ашёи хом коркард шуда, зиёда аз 84 номгӯи маҳсулот истеҳсол ва пешкаши мардуми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гардонида мешавад.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Навгонӣ дар соҳибкорӣ” насиби ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Душанбе Сити Бонк” гашт.

Бонки мазкур ба ҳайси ташкилоти молиявӣ соли 2007 корашро оғоз кардааст. “Душанбе Сити Бонк” дар байни Ташкилотҳои амонативу қарзии хурд аввалин шуда, дар фаъолияташ системаи пардохтии Экспресс Пайро таҳия ва ҷорӣ кард.

Имрӯз 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон аз кортҳои ин бонк истифода мебаранд, 2 миллион нафар ҳамёни электрониро насб намуда, пардохти зиёда аз 200 хизматрасониҳои гуногунро ба сомон мерасонанд. “Ояндаи худро аз бонки “Душанбе Сити” оғоз намоед!”-чунин аст шиори корхонаи мазкур!

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Маҳсулоти бомазза” насиби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Мурғи Покиза” гашт.

Тӯли 3 сол аст, ки ширкат бо маҳсулоти гӯшти парранда мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд. Корхона дорои иқтидори 52 ҳазор парранда ва инкубатори ҳозиразамон буда, дар як вақт то 300 ҳазор чӯҷа мебарорад, ки баъдан ба корхонаҳои мурғпарварии кишвар фурӯхта мешавад.

Ширкат барои пешрафти соҳаи паррандапарварӣ, ки яке аз муҳимтарин манобеъи истеъмолӣ аст, ҳамчунин вусъати бозори дохиливу хориҷӣ дар ин самт мусоидат менамояд.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Бо муҳаббат тайёршуда” насиби тамғаи “ФАЙЗИ РАСУЛ”-и ҶДММ “Порсои Хуҷанд” аз вилояти Суғд гашт.

Тамғаи «Файзи Расул»-ро дар сар то сари ҷумҳурӣ мешиносанд ва маҳсулоташро дилпурона харидорӣ мекунанд. Маҳсулоти ширии тамғаи “Файзи Расул” дар рӯи дастархони сокинони кишвар ҷои фахриро ишғол намуда, истеъмолашро хурду калон дӯст медоранд.

Дар коргоҳи мазкур дар як рӯз 6-6,5 тонна ва дар як моҳ то 130 тонна шир коркард мешавад. Ашёи хом аз фермаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва комплексҳои аграриву чорводории вилоят дастрас карда мешавад.

Ширкат номгӯи маҳсулоташро торафт васеътар намуда, барои сол то сол беҳтар намудани сифати маҳсулоти хеш талош меварзад. “Файзи Расул” яке аз иштирокчиёни фаъоли лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” ба шумор меравад ва сазовори ҷоизаҳои зиёд гаштааст.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Нуфуз ва ҳаловат” насиби Тамғаи “Қолин сервис” -и Ширкати хизматгузории соҳибкори инфиродӣ Боқиев Тоҳир гашт.

Тамғаи «Қолин Сервис»-ро ҳамагон аз соли 2018 мешиносанд ва истифодабарандагон ба хизматрасонии ширкати мазкур баҳои баланд додаанд. “Қолин-сервис” кори кадбонуҳои тоҷикро осон намуда, шустану хушкашӯии қолинҳои шаклу ҳаҷмашон гуногун, болопӯшу рӯйҷоҳои пашмин, кӯрпаву болиштҳо, ҳатто тоза кардани мебели хонаро ба зимма гирифтааст.

Корхона бо дастгоҳҳои муосири хориҷӣ муҷаҳҳаз буда, ҳангоми шустушӯ ва поксозӣ аз хокаву собунҳои табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю маводҳои хушбӯйкунандаи баландсифат истифода мебарад. «Қолин-сервис» 24 соат дар шабонарӯз, ҳар рӯз дар хизмати мардум аст. «Қолин Сервис» бори чаҳорум аст, ки ғолиби озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» мегардад.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Маҳсулоти машҳур” насиби тамғаи “Мурғи беҳамто” гашт.

ҶДММ “Мурғи беҳамто” соли 2014 дар ҳудуди ноҳияи Ёвон таъсис ёфта, дар он 70 нафар коргарон фаъолият менамоянд ва барои дар як сол истеҳсол намудани 1800 тонна гӯшти парҳезӣ камари ҳиммат бастаанд.

Истеҳсоли мурғ аз рӯи талаботи стандартӣ ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза аз 5 то 6 тонна мурғи парҳезӣ ба мағозаҳои ноҳиявӣ ва пойтахт фиристода мешавад. Истеъмолкунандагон маҳсулоти ин ширкат-Мурғҳои бройлерии “ Беҳамто ва дилу ҷигари “Беҳамто”-ро бо қаноатмандӣ харидорӣ менамоянд. “Беҳамто-тамъи нотакрор!”- ин аст шиори ин тамғаи машҳур.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Ибтикори тиллоӣ” насиби тамғаи «Comfort baby» аз ҶСК «Афзалият Групп» гашт.

Моҳи марти соли 2021 дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе аввалин заводи уребчабарории гигиенӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Маҳсулот аз рӯи технологияҳои муосир, дар дастгоҳҳои итолиёвӣ истеҳсол шуда, ба ҳама талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар номинатсияи “Ибтикори тиллоӣ”-и лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” ғолиб омадани ин тамға беҳуда нест, корхонаи мазкур дар се басти корӣ, яъне як шабонарӯз имкони истеҳсоли ҳаштсад ҳазор дона уребчаро дорад. Тибқи нақшаи ширкат уребчаҳои «Комфорт Беби» ба миқдори зиёд ба хориҷи кишвар низ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Сифати намунавӣ” насиби ҶДММ “Дунёи тозагӣ” таҳти бренди «KARCHER» - Тоҷикистон гашт.

Тамғаи «KARCHER» ҳамчун тамғаи пешво дар бозори ҷаҳонии техникаи олисифати маишӣ маъруф аст. Алҳол дар пойтахти кишвари мо ҳам чанд нуқтаи фурӯши техникаи тамғаи “KARCHER” фаъолият менамояд. Харидорон ба сифати намунавии моли тамғаи “KARCHER” баҳои баланд медиҳанд.

Тамоми маҳсулоти тамға ба талаботи ташкилоти ҷаҳонии стандартизатсионӣ ҷавобгӯй буда, хизмати дарозмуддати он кафолат дода мешавад. “KARCHER” - Сифати олии олмонӣ дар Тоҷикистон!

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Назар ба оянда” насиби тамғаи “Покиза” гашт.

“Покиза”- яке аз тамғаҳои хеле маъруф дар бозори маҳсулоти гӯштии Тоҷикистон мебошад. Ширкати “Покиза” саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, то эҳтиёҷоти истеъмолкунандагонро ба ҳама гуна маҳсулоти гӯштӣ қонеъ гардонад. Корхона дар фаъолияти худ навгониҳои ҷаҳони муосир ва анъанаҳои мардумиро оқилона истифода бурда, барои боз ҳам инкишоф додани соҳаи коркарди гӯшт технологияҳои пешқадам ва таҷҳизоти замонавиро истифода мебарад.

Ширкат маблағи зиёде сарф мекунад, то ки маҳсулоти хушсифатро ба истеъмолкунандагон пешкаш намояд. “Покиза” ба оянда назари нек дошта, ҳамеша барои пешрафт талош меварзад.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Роҳ ба сӯйи муваффақият” насиби Тамғаи “ШОКОЛАТЬЕ” гашт

“ШОКОЛАТЬЕ”- сехи қаннодиест, ки мағозаи фирмавии худро дорад ва он ҷои фароғати мардум гардидааст. Хурду калон аз маззаи торту   кулчақандҳои бомаззаи ин коргоҳ ҳаловат мебаранд. Доираи фаъолияти ин корхона торафт васеътар гашта, имрӯз қаннодиҳои “ШОКОЛАТЬЕ” дастархони чорабиниҳои гуногунро оро медиҳанд ва туҳфаи хуби лазиз ҳам ҳастанд.

Роҳбарони ин ширкати истеҳсолӣ тасмим гирифтаанд, ки минбаъд шабакаи нуқтаҳои савдои “ШОКОЛАТЬЕ”-ро боз ҳам зиёдтар намуда, ба мардум қаннодиҳои хушлаззатро пешкаш намоянд.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Навгонии сол” насиби тамғаи “Рамис”- ширкати “Сатурн-1” гашт.

Ширкати “Сатурн -1” ба истеҳсоли маводҳои шустушӯӣ ва хокаи ҷомашӯӣ бо тамғаи “Рамис” машғул буда, дар сегменти кимиёи маишӣ яке аз ширкатҳои пешрав ба шумор меравад. Айни замон ширкат зиёда аз 70 номгӯй маҳсулот истеҳсол менамояд.

Тамоми маҳсулоти ин ширкат, махсусан гелҳои ҷомашӯиаш, ки ҳам барои шустани матоъҳои сафедранг ва ҳам сиёҳу ранга пешбинӣ шудааст,   бо сифати олӣ ва банду басташ аз моли хориҷӣ камӣ надорад. Соли равон ширкат маҳсулоти нави “Рамис”-кондитсионер баровард, ки садди паридани ранг гашта, ба либос нармӣ ва бӯи форам мебахшад.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” дар номинатсияи “Бренди мардумӣ” насиби GM Фарма гашт.

GM Фарма – корхонаи муосири фармасевтии дар олам машҳур - дар Тоҷикистон ҳам машҳур аст! GM Фарма- корхонаи муосири фармасевтие, ки дар он бо 250 шакл таҳти 150 тамға мувофиқи стандартҳои байналмилалиӣ доруворӣ истеҳсол мешавад.

Аз соли 2008-ум, таи 15 сол дар кишвари мо намояндагии расмии ин ширкати бузург фаъолият мекунад. Мизоҷони сершумор аз маводи дорувориву маводҳои тиббии тамғаи GM Фарма васеъ истифода мебаранд. Махсусан, аз дорувории тамғаи ЛАКТО-G ҳам барои кӯдакон ва ҳам калонсолон! Ин дору як воситаи муассир барои пешгирӣ ва табобати ҳама гуна зуҳуроти дисбактериоз дар рӯдаи инсон аст. Ғамхорӣ дар ҳаққи ҳар кадом - ин аст шиори GM Фарма!

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Бо мурури вақт санҷидашуда” ҶСК “Афзали Суғд” таҳти тамғаи “Молочная радость” гашт.

Ширкати «Афзали Суғд» беш аз 25 сол мешавад, ки барои фароҳам овардани маҳсулоти хушсифати ширӣ дар рӯи дастархони мардуми тоҷик саҳми намоён мегузорад. “Афзали Суғд” бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, зиёда аз 20 намуди маҳсулоти ширии табииро ба харидорон пешкаш менамояд.

Ширу кефир, йогурту ҷурғот, панирҳои гуногун, сметанаву қаймоқ, маскаву шири ин ширкатро харидорон дар тамоми шаҳру навоҳии кишварамон дилпурона харидорӣ менамоянд, зеро маҳсулоти ““Молочная радость” бо мурури вақт санҷидашуда мебошад.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Ҳадаф ба сӯйи камолот” насиби шабакаи клиникаҳои тиббии “София” гашт

Муттахассисони баландихтисоси клиникаи Sofia хизматрасониҳои гуногуни тиббӣ ва зебоиро ба мизоҷон пешкаш менамоянд. Клиника ташхис ва табобати бемориҳои гуногунро бо усулҳои нави замонавӣ ба роҳ мондааст. Sofia дар соҳаи косметология, маҳс ва тахшису табобати бемориҳои гуногун аз қабили иллатҳои узвҳои занона-гинекология, эндокренология, гастроэнтерология, гепатология, невралгия, психологияи клинникӣ, дерматология, бемориҳои кӯдакона-педиатрия ва ғайра таҷрибаи бой дорад.

Дар ин клиника ҳамчунин дастгоҳҳои замонавӣ мавҷуд буда, намудҳои гуногуни маҳс ва амалиётҳои зебоӣ гузаронида мешаванд.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Интихоби харидор” насиби ширкати “Кока-Кола “Тоҷикистон” гашт.

Ин бренди машҳури ҷаҳонӣ аз соли 2015 пас аз ифтитоҳи филиали ширкати мазкур дар Тоҷикистон боз ҳам маъруфтар гашт.

Имрӯз таҳти ин бренд нӯшокиҳои хушмаззаи Бонаква, Берн, Кока -Кола, Фанта ва Спрайт истеҳсол шуда, мақбули харидорони бешумор мегарданд. Ширкат танҳо бо як заводу 100 нафар кормандаш ба 9 миллион истеъмолкунандагони тоҷикистонӣ хизмат мерасонад.

 

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Интихоби оилавӣ” насиби тамғаи “Слобода” гашт.

Муддати 30 сол боз “Слобода” истеъмолкунандагонро бо намудҳои гуногуни равғани растанӣ, майонез, кетчуп, соус ва ғайра таъмин менамояд. Маҳсулоти ин тамғаро маҳсулоти оилавӣ меноманд, зеро аз маводҳои табиӣ ва мутобиқ ба ГОСТ омода шуда, ба ҳама писанд аст.

Майонези “Слобода” аз зардии тухми ҳақиқӣ тайёр шуда, барои ин ҳатто истеҳсолоти алоҳида вуҷуд дорад. “Слобода” тамғаи машҳурест, ки ҳар як оила дар Тоҷикистон дӯсташ медоранд ва дастурхони худро ҳамеша бо маҳсулоти он оро медиҳанд.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Муҳаррики тараққиёт” корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои “Сиёма” гашт.

Оби файзбори "Сиёма" асоси нӯшокиҳои хушлаззати корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои “СИЁМА” мебошад. Сехҳои он бо хатҳои замонавии истеҳсолӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ки ба тамоми стандартҳои муосири байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Дар муддати хеле кутоҳ ба корхона муяссар гардид, ки дар истеҳсоли нӯшокиҳои гуногун дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ шуҳрат ёбад. Ҳоло корхона на танҳо оби ошомиданӣ ва нӯшокиҳои ширин, ҳамчунин оби варзишии дорои витаминҳо ва нӯшокиҳои энергетикиро дар зарфҳои шишагӣ истеҳсол мекунад.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Дизайни хушсалиқа” насиби Тамғаи “Химус”-ҶДММ “Париноз” гашт.

Ширкати “Париноз” бо тамғаи “Химус” хеле ҷавон буда, соли 2021 таъсис ёфтааст, вале сарфи назар аз ин аллакай харидорони зиёде дорад. Корхона бо навтарин хатҳои шишабандии стандарти олмонӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки сифати хуб ва шакли ҷолиби маҳсулотро кафолат медиҳад.

“Химус” 9 намуди маводи кимиёиви маишӣ, аз ҷумла воситаҳои ҷомашӯӣ, покшӯӣ, безараргардониву гигиениро ба харидорон пешниҳод менамояд, ки ҳар кадомашон тарҳи хеле зебо ва ороиши ҷолиб доранд. Маҳсулоти “Химус” барои тозагии бенуқсон ва бароҳатии ҳар як хонавода офарида мешаванд.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Қадам ба сӯйи фардо” насиби тамғаи “Доро”-ҶДММ “Биотехсаноат”-и вилояти Хатлон гашт.

ҶДММ “Биотехсаноат” соли 2020 фаъолияти худро оғоз намуда, таҳти тамғаи “Доро” консерваҳои мевагиву сабзавотӣ, шарбату компот, повидлову мураббоҳои гуногунро пешниҳод мекунад. Маҳсулоти ин ширкат бидуни иловаҳо ва консервантҳо омода шуда, бехатариашонро бастабандии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамояд.

Ширкати “Биотехсаноат” ҳамеша дар ҷустуҷӯи шарикони нав аст, то ки нақшаҳои оптималии ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судмандро амалӣ намояд. Истеъмолкунандагон маҳсулоти “Доро”-ро ҳамчун маҳсулоти табииву муфид барои тамоми оила медонанд!

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Эътироф ва эътимод” насиби тамғаи “Файзи Расул”-и вилояти Суғд гашт.

“Файзи Расул” муддати 20 сол мешавад, ки ҳамчун истеҳсолкунандаи боэътимоди маҳсулоти гӯштӣ худро дар бозори истеъмолии мамлакат муаррифӣ кардааст. Маҳсулоти хати премиум бо тамғаи “Файзи Расул” ҳамеша серталаб аст, зеро истеъмолкунандагон онҳоро серғизо, иштиҳобахш ва бомазза меҳисобанд.

Маҳсулоти хушсифати гӯштии “Файзи Расул” ҳама гуна табъу талаботро қонеъ мегардонад. «Файзи Расул»-файзбахши дастархони тоҷикистониён мебошад.

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Шарики боэътимод” насиби ширкати “Спитамен Суғурта” гашт.

ҶДММ СПО “Спитамен суғурта” аз замони таъсис ёфтанаш, яъне аз соли 2009 то ба имрӯз барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои суғуртавӣ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад. Баъд аз ду соли фаъолияташ ин ширкат аз рӯи ҳаҷми сармояи оинномавӣ дар ҷумҳурӣ мавқеи пешсафро ишғол намуд.

Соли 2020 сармояи оинномавии ин ташкилот беш аз 90, 2 миллион сомониро ташкил дод, ки дар Тоҷикистон бузургтарин маҳсуб меёбад. ҶДММ СПО “Спитамен Суғурта” ташкилоти суғурта ва азнавсуғуртакунии №1 дар қаламрави Тоҷикистон мебошад

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Номгӯи васеъ” насиби тамғаи “Баракат”, аз ширкати “Оилаи Баракат” гашт.

“Оилаи Баракат” фаъолияти худро аз соли 2008 оғоз намуда, боварии муштариёни зиёдро ба даст овардааст. Дар айёми зиёд будани навъҳои муосири маҳсулот, барои ширкат -сифат омили асосии интихоб гардидааст.

Маҷмӯи маҳсулоти ширкат ҳама чизро-аз шакару ғалладонагиҳо то попкорну писта ва ҳатто қаҳваҳои гуногунро дар бар мегирад. Маҳсулоти тамғаи «Баракат» ба хонаи шумо баракат меорад!

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар номинатсияи “Бренди мардумӣ” насиби ширкати «АНКО Инвест» гашт.

Тамғаи “Анко” натиҷаи талоши беҳтарин коршиносон барои эҷоди маҳсулоти баландсифат дар асоси технологияҳои муосир мебошад.

Имрӯз маҳсулоти Анко ин равғанҳои офтобпарасту пахта, тухмҳои парҳезиву ошӣ, намудҳои гуногуни орд мебошад. Маҳсулоти ширкат   кайҳост, ки писанди кадбонуву пазандаҳои касбӣ гардидаанд.

 

Дар маҳфил овозхонҳои ҷавон ва овозадори тоҷик Фаррух Ҳасанов, Парвонаи Тоҷиддин ва ансамбли созии “Садо” ширкат варзида, хотири ҳозиринро бо таронаҳои дилнишини худ шод гардониданд.

Дар фарҷом мо тамоми ғолибони лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023”-ро муборакбод гуфта, барояшон комёбиҳои нав ба навро орзу дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД