Formula novemver 2024
Моҳияти консессия ва масъулияти консессиядор
05.09.2024
ОИЛА.ТҶ
3033

Бунёди роҳ як тарафи масъала буда, муҳимияти нигоҳдории он аз бунёд кам нест. Эътироф бояд кард, ки на ҳама дар бобати моҳияти нигоҳдории роҳи автомобилгард маълумоти кофӣ доранд.

Нигоҳдории роҳ фаъолияти гуногунҷанба буда, маҷмӯи корҳои пешгирикунанда оид ба нигоҳубини роҳ, иншооти роҳдорӣ ва қисмати ҷудошуда, унсурҳои беҳдошти роҳ, ташкили бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин бартараф кардани тағйирёбии ҷузъӣ ва нуқсонҳои қисмҳои таркибии роҳ ва иншооти он дар давоми сол (вобаста ба мавсим) амалишаванда маҳсуб мешавад, ки дар ин замина роҳ аз вайроншавӣ эмин нигоҳ дошта мешавад.

Роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда - яке аз шаклҳои нигоҳдории роҳи автомобилгард, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» тибқи шартномаи консессионӣ бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии самараноки муваққатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (конседент) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (консессиядор) барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгард бо назардошти заминҳои ҳамшафати он супорида шудааст. Роҳҳои автомобилгарди музднок бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидан ба инкишофи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард бо роҳи ҷалб намудани маблағгузориҳои иловагӣ ҷиҳати сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард ташкил карда мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва муҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян менамояд.

Бамаврид аст шарҳ диҳем, ки пардохти маблағи гузариш аз роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда бо гурӯҳбандии воситаҳои нақлиёт муайян карда мешавад. Дар навбати худ, гурӯҳбандии воситаҳои нақлиёт, вазни ҷоиз, андозаи воситаи нақлиёт, шумораи тири меҳвар аз ҷониби консессиядор мустақилона муқаррар мегардад.

Тарифҳои гузариши воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда аз ҷониби консессиядор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ муқаррар мешаванд. Қобили зикр аст, ки соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки қоидаҳои гузаришро аз роҳи пулакӣ риоя намекунанд, аз ҷумла ба инфрасохтори ин намуди роҳ ё консессиядор зарари моддӣ мерасонанд ё ба ҳаракати мунтазами воситаҳои дигари нақлиёт монеа эҷод менамоянд, зарари расонидашударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамоянд.

Илова бар ин, консессиядор метавонад дар роҳҳои автомобилгарди ба идоракунии ӯ супоридашуда бо тартиби муқарраргардида таваққуфгоҳҳои музднокро ташкил намояд. Донистан бамаврид аст, ки аз пардохти маблағ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди пулакӣ воситаҳои нақлиёти махсус, ки бо дастгоҳҳои махсуси равшанидиҳанда ва садодиҳанда муҷаҳҳаз шудаанд ва барои амалисозии фаъолияти хадамоти зидди сӯхтор, милитсия, ёрии тиббии таъҷилӣ, хадамоти садамавию наҷотбахшӣ, нозироти ҳарбии автомобилӣ ва колоннаи ҳарбии автомобилӣ, ки бо рақамҳои қайди давлатии фарқкунандаи вазорату идораҳои дахлдор истифода мегарданд, озод карда мешаванд.

Дар доираи талаботи қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои муътабари хориҷӣ ду шартномаи консессионӣ бастааст, ки натиҷаҳои ин иқдом қобили таваҷҷуҳанд.

Соли 2002 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии «Помир энержӣ» шартномаи консессионӣ ба муҳлати 25 сол ба имзо расид, ки он ба пешрафти минбаъдаи ин корхона такони бузург бахшид. Яке аз мақсадҳои ин шартнома дар тӯли 25 сол аз нав таҷдиду барқароркунии тамоми шабакаҳои ҳудуди ВМКБ аз ҷониби Ширкати энергетикии «Помир энержӣ» аз зердастгоҳ то барқароркунии хатҳои пастшиддату баландшиддат иборат буд. Ҷоиз ба зикри алоҳида, аст, ки ширкат дар амалӣ гардидани шартномаи мавриди назар ба комёбиҳои зиёд ноил гаштааст. Тибқи иттилои дастрасшуда, то ба имрӯз 31 фоизи воситаҳои асосии ба ширкат тааллуқдошта пурра азнавсозӣ гашт. Масъулин муътақиданд, ки агар садамаи соли 2007 рух намедод, то ба имрӯз шояд 80 дарсади бандҳо ба иҷро мерасид.

Шартномаи дигари консессионӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» баста шудааст. Дар асоси ин шартнома механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ гардид. Дарозии роҳи Душанбе-Чанок 358 километрро ташкил дода, масири он аз 3 нақб («Майхӯра» - 897 метр, «Истиқлол» - 4998 метр, «Шаҳристон» - 5253 метр), 24 галерея, ҳамчунин 38 кӯпрук иборат аст. Интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат тасдиқ кард. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки роҳи Душанбе - Чанок аз лиҳози душворгузарӣ махсусияти зиёд дошта, табиист, ки дар чунин ҳолат бисёр ширкатҳои саҳомӣ майли сармоягузорӣ ба чунин роҳро ҷиҳати нигоҳдории он надоранд. Корҳои амалишуда далели бебаҳси онанд, ки дар тамоми ҳолат кормандони филиали Ширкат уҳдадориҳои дар асоси шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вогузоршударо дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварда истодаанд.

Дар ИДМ мо аз аввалин кишваре ҳастем, ки ба истифодаи чунин механизм иқдом намудаем. Барои дарки дурусти афзалияти он аз ҷониби ҷомеаи кишвар фурсати муайяне зарур буд. Бо гузашти 15 сол, бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе - Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бехатари шаҳрвандон тавассути он тамоми фаслҳои сол таъмин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД