Arzon march 2024
Таънаи падар ҳаётамро сӯхт
1589

Аз шавҳарам се сол пеш ҷудо шудам. Моро маҷбурӣ ҷудо карданд гӯям ҳам, хато намешавад. Падарам марди сарватманд ва якрав аст. Аслан, аз аввал падарам маро ба ин ҷавон додан намехост, аммо хешу табор ба байн даромада, ӯро ба гап дароварданд.

Мани бойдухтар ба хотири ишқу муҳаббат ба як ҷавони камбағал ба шавҳар баромада, ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки баъди тӯй маро чӣ мушкилиҳое домангир хоҳанд гашт. Хонаводаи шавҳарам нони хӯрдан надоштанд. Хусуру хушдоманам зорию тавалло мекарданд, ки аз хонаи падарат орду равған ва шакару собун биёр. Дилам ба ҳолашон месӯхту аз падарам хоҳиш мекардам, ки зиндагии моро таъмин кунад.

Шавҳарам бисёр бачаи баномус буд, аз гуруснагӣ мурад ҳам, ҳеҷ гоҳ пеши ҳеҷ кас сар хам намекард, аз ҳамин хотир, кӯшиш мекардам, ки аз падарам ёрӣ пурсидани маро нафаҳмад. Ҳангоми дар муҳоҷират будани ӯ тамоми чизҳои барои рӯзгор лозимиро аз хонаи падарам меовардам. Вақте шавҳарам аз муҳоҷират баргашт, хешу табораш таъриф кардаанд, ки хусурат дар набудани ту ҳамеша ба хонаатон хӯрокворӣ оварда, оилаи шуморо пурра таъмин мекард. Ин гапро шунида, шавҳарам қариб девона шуда буд. Вай маро сахт коҳиш намуд, ки ҳамаатон аз гуруснагӣ мемурдед ҳам, ту набояд ин корро мекардӣ. Орду равғану шакар талбида обрӯи маро резондед.

«Ман аз бегона не, аз падари худам кӯмак пурсидам. Наход падарам моро таъна кунад» гӯён, эътироз намудам, вале чанде пас гуфтаҳои шавҳарам исбот шуд. Як рӯз гапамон бо шавҳарам камтар гурехт, вай дар сари қаҳр маро як шаппотӣ заду таги чашмам кабуд шуд. Қасд кардагӣ барин ҳамон бегоҳ волидонам ба меҳмонӣ омаданд. Падарам сиёҳии таги чашми маро дида, аз гиребони шавҳарам гирифт ва чунон гапҳое зад, ки ба ақли кас рост намеояд.

“Ту сагбача нони хӯрдан надорию боз духтари маро мезанӣ?! Очаву отаи туро ман мехӯронам, ту бошӣ, ба ҷойи раҳмат гуфтан, боз духтари моро шиканҷа медиҳӣ-а?!”,- дод мезад падарам бо тамоми овоз. Ҳаққу ҳамсояҳо садои доду фиғонро шунида, ба тамошо баромаданд. Шавҳарам аз шарм намедонист сарашро дар куҷо пинҳон кунад. Падару модарам аҳли оилаи хушдоманамро гапҳои носазои бисёре гуфтанд ва маро маҷбуран пешандоз карда, ба хонаи худашон оварданд. Зориву тавалло кардам, ки зиндагии маро вайрон накунанд, вале падарам ба гапам гӯш накарда, худаш ба идораи суд рафт ва ақди никоҳи моро бекор намуд. Имрӯз дар хонаи волидонам зиндагии серу пур дорам, аммо худро бадбахттарин зани дунё эҳсос мекунам.

Симои шавҳарам ҳар лаҳза дар пеши назарам ҷилвагар гашта, дилам ба ёди хонаи обод ва бахти аввалам гум мезанад. Мехоҳам рафта, ба пеши пойи шавҳар ва хусуру хушдоманам биафтам ва илтиҷо намоям, ки маро бубахшанд, вале аз падарам метарсам. Медонам, ки агар дубора ба хонаи шавҳарам баргардам, падарам аз баҳри ман гузашта, маро оқ мекунад.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Ф. Т.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД