arzon replenishment
Танҳоӣ одамро ба саратон ва сактаи қалб гирифтор месозад
1524

 

Дар ҷомеаи муосир шумораи одамони танҳо пайваста афзуда, имрӯз танҳоӣ ба як мушкили иҷтимоӣ табдил ёфта истодааст. Одамон он қадар саргарми кор ва мушкилоти худ ҳастанд, ки оила ва дӯстию рафоқат барин мафҳумҳои муқаддас ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. Аксарият фикр мекунанд, ки танҳоӣ аз кашидани бори масъулияти як хонавода беҳтар буда, шахс ҳар чи дилаш хост, бемалол ҳамонро анҷом дода метавонад, вале танҳоӣ хатарҳои худро низ дорад. Кам касон медонанд, ки танҳоӣ метавонад боиси сар задани бемориҳои вазнин гардад.  

Аз ҷумла вазни зиёдатӣ, фарбеҳӣ, майзадагӣ ва ихтилоли ғизо аз зумраи бемориҳое мебошанд, ки бештар аз танҳоӣ пайдо мешаванд. Дар ин бора ба расонаҳо Антон Поляков, пизишк ва равоншиноси клиникӣ иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи коршинос, танҳоӣ бо фишори тӯлонӣ ҳамроҳ шуда, ба хастагии музмин, коҳиши хотира ва тамаркуз бурда мерасонад. Гап дар сари он аст, ки танҳоӣ инсонро ба ҳолати стресс гирифтор месозад, ҳар гуна стресс бошад, метавонад боиси аз даст додани моддаҳое гардад, ки ба таҳкими хотира мусоидат мекунанд.  Аз ин ҷост, ки фаромӯшхотирӣ дар одамони танҳо бештар мушоҳидамешавад. 

   Одамон аксар вақт дар заминаи афзоиши кортизол (гормоне, ки баданро аз стресс муҳофизат мекунад) аз ҳад зиёд мехӯранд.  Дар натиҷа, муқовимати инсулин меафзояд. Аз ҳамин сабаб одамони муҷаррад аксар вақт фарбеҳ мешаванд.

      Истеҳсоли нейротрансмиттерҳо-гормонҳои барои рӯҳия масъул дар одамони танҳо ба таври назаррас коҳиш меёбанд. Вақте ки гормони шодӣ коҳиш ёфт, дар вуҷуди кас изтироб ва ваҳму воҳимаи ботинӣ зиёд шуда, боиси сар задани ҳар гуна бемориҳо мегардад. Олимон бар он ақидаанд, ки танҳоии доимӣ барои саломатии инсон камтар аз тамокукашӣ ё вазни зиёдатӣ зарар надорад.  Одамоне, ки муошират надоранд, масунияти заиф доранд, онҳо бештар ба сироятҳои вирусӣ осебпазиранд. Дар одамони танҳо хатари  гирифтор шудан ба саратон, сактаи қалб, инсулт ва ихтилоли хотира зиёд аст.

Мушкилоти танҳоӣ дар ҳама давру замон вуҷуд дошт, аммо дар асри иттилоот ин ҳолат дар ҷомеа аз ҳарвақта шадидтар гаштааст. Муоширати виртуалӣ, қобилияти кор кардан дар хона, харид тавассути Интернет-ин аз як тараф бартариҳои бешубҳаи асри рақамӣ мебошанд ва имкониятҳои моро ба таври назаррас васеъ мекунанд, вале аз тарафи дигар хатари ҷудошавии иҷтимоиро афзунтар мегардонанд. 

Дар Британияи Кабир дар ибтидои соли ҷорӣ тасмим гирифтанд, ки ба ҳалли мушкилоти танҳоӣ давлат бояд машғул шавад. Дар ин кишвар як кумитаи махсуси давлатӣ барои ҳалли мушкилоти танҳоӣ таъсис дода шудааст. Дар Олмон низ танҳоӣ мушкилоти хеле ҷиддӣ аст.  Тибқи як назарсанҷии пажӯҳишгоҳи ҷомеашиносии Splendid Research (дар он зиёда аз ҳазор нафар аз 18 то 70-сола ширкат варзиданд), 12 дар сади олмониҳо аксар вақт ё ҳатто ҳамеша худро танҳо ва ба ҳукми тақдир партофташуда ҳис мекунанд.  32 дар сади пурсидашудагон иқрор шудаанд, ки ҳадди аққал гоҳ-гоҳ танҳоиро эҳсос менамоянд. 

Дар байни одамони муҷаррад занон нисбат ба мардон хеле зиёданд. Ба гуфтаи табибон ва олимон танҳоӣ, махсусан барои занон як ҳолати хатарнок мебошад. Профессор дар Донишгоҳи Бремен, мутахассиси психологияи саломатӣ ва тибби рафтор Соня Липке  боварӣ дорад, ки он метавонад ба одамони дигар, ба монанди сироят гузарад.  Ба гуфтаи вай, пас аз муошират бо шахсе, ки нигоҳи гумшуда, чеҳраи ғамгин, садои аламовар ва пушташ хам дорад, ҳар кас эҳсосоти манфиро аз қабили изтироб ва рӯҳафтодагӣ эҳсос мекунад.   Набудани муошират метавонад ба депрессия оварда расонад.  

Ҳоло, тавре ки Соня Липке ба Deutschlandradio мегӯяд, вай дар болои китобе дар бораи танҳоӣ кор мекунад ва ин падидаро як мушкили шадиди иҷтимоӣ медонад. Ба гуфтаи Липке сиёсатмадорон бояд ҳамеша инро ба назар гиранд.

Таҳияи Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД