sebiston july new
ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ ДУХТАРЧАИ 9-СОЛА ДАР ХУРОСОН
4822


Боз як тифли маъсум, ки нав ба синни 9-солагӣ қадам ниҳода, ҳанӯз аз хушиҳои кӯдакӣ сер нашуда буд, ба чанги як гурги дупо ва ваҳшии одамсурат афтода, ба таври бераҳмона, бо азобу ранҷу шиканҷаву озорҳои зиёде кушта шуд!

Боз як фариштаи хурдакак, ки бе болу пар парвоз мекард, дар айни авҷи парвозаш сайди калхоти золиме гашт, ки бо чашмони тези хунгирифтааш тӯъма меҷуст!

Боз як духтарчаи тоҷик, ки шояд дар оянда шахси номдоре гашта, натанҳо мояи ифтихори падару модар, балки халқу Ватан низ мегашт, мавриди таҷовуз қарор гирифта, натанҳо иффат, балки ҷони ширини худро низ аз даст дод!

Дар рӯзи равшан як марди номард, ки ҳатто Шайтон ҳам баъди ин амали разилона ба рӯяш туф хоҳад кард, духтарчаи хурдсолеро зӯран ба хонааш бурда, мисли Руфейдаи ноком аввал бераҳмона таҷовуз намуда, баъдан ба қатл расонидааст!
Ин афсона не, ҳақиқат аст!

Ҳақиқати талхе, ки бо шуниданаш бадани кас виҷиррос зада, хун дар рагҳоят ях мебандад!
Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ аз содир шудани боз як ҷинояти вазнини таҷовуз ва куштори кӯдаки ноболиғ хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нангин санаи 16-август, тахминан соатҳои 14.00 дар рӯзи равшан дар ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон сар зада, як марди касифи 45-сола дар ҳолати сархушию мастӣ духтарчаи 9-солаеро зӯран ба манзили истиқматиаш бурда, бо роҳи таҳдиду зӯрӣ ду мартиба ба номусаш таҷовуз намудааст.
Бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷинояти вазнини содир намудааш ин даррандаи одамсурат баъди ба мақсади ифлосу нопоки худ расидан, духтарчаи ғарқи хунро ба саҳни ҳавлӣ бароварда, бӯғӣ карда мекушад.

Ба иттилои ВКД ин марди разил ба даст афтода, бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 -и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст ва тафтишоти ин қазияз идома дорад, вале....

Ваҳшатангезаш он аст, ки чаро таҷовуз ва қатли кӯдакони ноболиғ дар ҷомеаи мо торафт авҷ гирифта истодааст?

Ҳамагӣ як моҳ қабл, санаи 4-июл Руфейда Иноятоваи 8-сола аз ҷониби ҳамсояи разилашон аввал таҷовуз ва сипас ба таври ваҳшиёна кушта шуда, мардум то ҳол ин фоҷиаи ваҳшатзоро фаромӯш накардаанд. Қотили бераҳм бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷинояти сангинаш ҷисми бе ҷони ин кӯдаки бегуноҳро пора-пора карда, ба ҳоҷатхона андохта бошад ҳам, асрораш кушода шуда, ҳақиқат рӯйи об баромад, аммо...

Ба ҷойи гиребони тавба доштан боз мардоне пайдо мешаванд, ки ба кӯдакони хурдсол бо чашми шаҳват нигариста, мисли гурги гурусна ин тифлакони бегуноҳро сайт мекунанд, барои қонеъ намудани нафси ҳароми худ истифода мебаранд, мезананд, озор медиҳанду мекушанд! Қотилон ба даст афтода, ҷазо мегиранд, вале тифлакони бегуноҳе, ки ин даррандаҳои одамсурат бо фонуд фиреб ба дми худ афканда, ҷисми кӯчакашнро бераҳмона медарранд, дигар зинда нахоҳанд шуд!
Қотилон ҷазо мегиранд, аммо он захми хуншор ва доғи ҷигарсӯзе, ки дар дили падару модар, хоҳару бародар ва хешу ақрабои қурбониёни хурдакак, баъди чунин фоҷиаи талхи қисматсӯз пайдо мешавад, абадан боқӣ монда, ҳеҷ гоҳ бо ягон дорӯву дармон шифо нахоҳад ёфт!

Қотилон ҷазо мегиранд, вале сарнавишти онҳо барои дигар мардони ишратпараст ва ҳайвонсират дарси ибрат нахоҳад гашт, то замоне, ки хатари маргро эҳсос накунанд ва нафаҳманд, ки бо содир намудани таҷвуз ба номуси кӯдаки ноболиғ ҳукми қатли худро бо дасти худашон имзо мегузоранд.
Ман ҳамчун як зан, ҳамчун як модари тоҷик пешниҳод менамоям, ки ба чунин мардони разил ҳукми қатл дода шавад, зеро намехоҳам дигар ҳеҷ як модари тоҷик доғи аз даст додани фарзандро бо чунин разолат бубинад.

Шояд бигӯед, ки ин хилофи гумманизм ва инсондӯстист, аммо ба андешаи банда марди номарде, ки кӯдаки хурдсолро сайд намуда, бераҳмона таҷовуз мекунад ва ваҳшиёна ба қатл мерасонад, ҳеҷ гоҳ инсон буда наметавонад. Ин тоифа даррандагони ваҳшие ҳастанд, ки ҳаёти фарзандони моро дар хатар мегузоранд.
Худо ҳам аз чунин инсонҳои бешараф безор аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД