goodwell
Тараннуми Истиқлоли ватан
09.09.2026
Oila.tj
32

Нурест ба дидагони мо Истиқлол,

Зӯре ба тану равони мо Истиқлол.

Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,

Пайвандгари ҷаҳони мо Истиқлол.

Бо пайки хушаш ҳама Ватансоз шудем,

Ному насабу забони мо Истиқлол.

Соҳибватанему соҳиби қисмати хеш,

Муъҷизаи шаъну шони мо Истиқлол.

Равшан шуда аз чароғи чашмаш раҳи мо,

Моҳест дар осмони мо Истиқлол.

Эй ҳамқалами азиз, васфаш бисаро,

Зебоии достони мо Истиқлол.

Шукрона, ки дар канори ӯ масрурем,

Ободии хонадони мо Истиқлол.

Ниёиши Истиқлол

Ба Истиқлоли меҳан саҷда орам,

Намозамро ба даргоҳаш гузорам.

Бихонам ояти шукронааш беш,

Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам.

Бибӯсам Парчами сабзи Ватанро,

Хазони дил равад, ояд баҳорам.

Шабонгаҳ бодаи моҳаш бинӯшам,

Сабоҳаш бод доруи хуморам.

Агарчи баргу борам борҳо рехт,

Ҳамоно такдарахти устуворам.

Зи шеъри ноби илҳоми Худованд,

Маонии накӯро интизорам.

Шаҳодатномаи ман «Шоҳнома»-ст,

Ватан оғози сабзи рӯзгорам.

Хуросони суханро шоире бод,

Чу Фирдавсӣ бигӯяд з-ифтихорам:

Ки оре, ориёиям ба олам,

Ва бошад Зардуҳишту Ҷам таборам.

***

Бувад фархунда Истиқлолат, эй дӯст,

Шавад пояндатар иқболат, эй дӯст.

Расидӣ бар муродат, миллати ман,

Муборак ин мубораксолат, эй дӯст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД