Аз 5-уми январи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон имкони тасдиқи аслияти ҳуҷҷатҳои оилавии худро тавассути интернет ба даст оварданд.
Бино ба иттилои Вазорати адлияи кишвар, мувофиқи низоми нав, дигар ниёз ба муроҷиати шахсӣ ба идораҳои давлатӣ барои тасдиқи ҳуҷҷатҳо нест.
Механизми корӣ чунин аст: пас аз қабули маълумотномаи вазъи оилавӣ аз шуъбаҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, шахс метавонад ба портали электронии Вазорати адлия дохил шуда, тасдиқномаро фаъол созад. Барои ин кор дар саҳифаи махсуси “Маълумотнома - тасдиқи аслияти вазъи оилавӣ” маълумоти дархостшударо ворид кардан зарур аст. Системаи тасдиқ аз рамзи QR- код истифода мебарад.
Ин навоварӣ раванди идоравии ҳуҷҷатҳои шахсиро осонтар мегардонад ва вақти шаҳрвандонро сарфа мекунад.