Commerc banl
Таваллуди зиёда аз 2000 дугоник, сегоник ва чоргоник дар як сол
99

Тӯли як сол дар кишвар зиёда аз ду ҳазор дугоник, сегоник ва чоргоник ба дунё омадааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон 2087 дугоник ба дунё омадааст. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон 742 ҳолати тавлиди дугоникҳо ба қайд гирифта шуда, дар Суғд бошад, 658 дугоник тавлид ёфтааст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 14 дугоник зода шуда, дар шаҳри Душанбе соли гузашта 242 ҳолати тавлиди дугоник сабт шудааст.

Дар соли 2025 ҳамчунин 31 сегоник ва 2 чоргоник таваллуд шудааст. Аз ҷумла дар Хатлон 10 сегоник, дар Суғд 9, дар ноҳияҳои тобеи марказ 4, дар Бадахшон 1 ва дар шаҳри Душанбе 7 ҳолати тавлиди сегоникҳо ба қайд гирифта шудааст. Як чоргоник дар Суғд ва 1 чоргоник дар Хатлон тавлид шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД