Sebiston new 2024 october
Тавба (ҚИСМИ 1)
30.09.2024
АРДАШЕР
2201

- Ассалому алайкум, ҳамсоя чӣ ҳол доред, хуб ҳастед? Хеле хушҳол метобед?,- ҳамсояашро аҳволпурсӣ кард Латофат.

- Волейкум ассалом, шукр, раҳмат, худатон чӣ ҳол доред, хуб ҳастед? Камнамо, тарафҳои мо намеоед?,- гиламандона изҳор дошт Гулбибӣ.

- Ҳамсояҷон, аз ранги рӯятон ягон "навигарӣ" шудагӣ барин? Дар "шаст"-и келинатон ягон "моҳича" афтод чӣ?,- тамасхуромез ба Гулбибӣ нигариста, илова кард Латофат.

Вай бо ин кинояаш мехост ҳомиладор шудан ё нашудани келини ҳамсояро фаҳмад. Ӯ на танҳо аз Гулбибӣ, балки аз ҳар навхонадор чунин "навгонӣ"-ро пурсон мешуд. Кӯдакдор шудану нашудани навхонадорон ё оилаҳои бефарзанд эҳтимол ба ӯ завқ мебахшид. Худ намедонист, ки бо ин кораш чӣ баҳра мебарад, вале гоҳ-гоҳ нештар мезад. Мегӯянд-ку:

Неши каждум на аз бари кин аст,

Балки муқтазои табиаташ ин аст.

Ин бону ба ном Латофат бошад ҳам, вале қабоҳати зиёд дошт. Аз ин рӯ ӯро дар маҳалла Латофатқаланфур "унвон" дода буданд. Зеро, ин зан бо захму заҳри забонаш зиёну зарар мерасонд. Ин бор низ ба дили бе ин ҳам ранҷуру озурдаву парешону дардманди Гулбибӣ намак пошид. Ӯ пардапӯшона сухан гуфта, кӯдакдор шудан ё нашудани келини солҳо фарзанддор нашудаи ҳамсояашро мепурсид.

- Не ҳамсояҷон, ҳоло ягон "навгонӣ" нашудааст. Агар ягон хату хабар шавад, аввалин шуда шуморо хабардор мекунам,- бо мулоиматӣ посух дод Гулибибӣ.

- Ҳа, лекин ба кӯдакдор шудани келинатон он қадар умед нест барин. Охир ба оиладор шуданашон ҳафт сол шуд. Тасаввур кунед, ҳафт сол аст, ки ба нохуни кӯдак муҳтоҷ...

- Хайр, тақдиру насиб, ҳамсоя. Фарзанддор шудан ё нашудан дар дасти мо не ку! Ин неъмати бузургро Худованд ба ҳар кас кай хоҳад, медиҳад. Агар Худо дод, неъмат, надиҳад, ҳикмат. Мо ҳар коре, ки аз дастамон омад, кардем. Дари накӯфтаамон намонд. "Дунё ба умед аст" гуфта, умедвор шуда гаштем. Як рӯз фарзанддор мешудагистанд.

- "Дунё ба умед аст"?,- писхандомез суол дод ба ҳамсуҳбаташ Латофат.- Ин гапҳо кайҳо куҳна шуда, дар китобу филмҳо мондаанд. Дунё ба умед аст гуфта гаштан гиред, рӯйи набераро надида мемуред.

- Тавба-тавба, даҳонатонро шамол барад. Инқадар заҳрзабонед. Як рӯз мезояд ҳамин келин. Ман ҳайрони онам, ки кӯдакдор шудан ё нашудани келини ман ба шумо чӣ гармиву сардӣ дорад? Ҷавононро ба ҳоли худашон мегузорем. Аз онҳо ҳар рӯз "навгонӣ" шудан ё нашуданашро пурсидан гирем, рӯҳан мешиканем-ку, охир!

- Э аз куҷо ҳам мезояд? Охир, ман гуфтам ку, ин келинатон нозой ё писаратон бепушт, намедонам. Онҳоро "шартӣ" ҷудо мекунеду халос. Бо келини нозой писаратон хушбахт намешавад. Ҳама бахту садоати инсон дар будани фарзанд аст. Дар хонадоне, ки фарзанд ҳаст, бахт ҳаст! Дар хонадоне, ки фарзанд нест, мотам аст.

- Ҳамсоя, аз ҳад нагузаронед. Забон дорам гуфта, ҳар гап гуфтан нагиред. Шумо ҳоло аз ҳама "имтиҳон"-ҳои зиндагӣ нагузаштаед. Дар пеш ду писар доред. Ояндаи онҳоро ҳам фикр кунед. Дунё дунёи баргарданда аст. Метарсам, ки ҳоли писарам ба сари писаронатон нағалтад. Аз сидқи дил дуо мекунам, ки онҳо оиладор шудан замон соҳиби кӯдак шаванд. Ҳа, гуфтагӣ барин, "нозойу бепушт" гуфтанатонро дигар нафаҳмам. Дар урфият гуфтаанд, ки "то реша дар об аст, умеди самаре ҳаст". Дар дунё ҳастанд инсонҳое, ки 10-15 сол интизори фарзанд мешаванд ва билохира соҳиби кӯдак мешаванд. Писарам мегӯяд, ки Худо накунаду мабодо фарзанддор нашавад, аз "хонаи кӯдакон" кӯдак мегирад. Сарашро сила мекунад. Писарам ҳамсарашро дӯст медорад. Онҳоро шумо гуфтагӣ барин "шартӣ" ҷудо карда бадбахт карданӣ нестам,- бо алам гуфт Гулбибӣ ва аз пеши Латофат шатарросзанон рафт.

- Э-ээээ, ё тавба-тавбаее. Ман чӣ гуфтам!? Танҳо пурсидам, ки келини нозояш кӯдакдор шуд ё не? Ба мардум чӣ шудааст!? Гапи одӣ ба ҳеҷ кас намефорад-е. Хайр келини ту нозой бошад, гуноҳи ман мӣ? Ҳмммм, ҳақиқат ҳамин хел талх мешавад,- баъди рафтани Гулбибӣ худ ба худ мегуфт Латофат.

(Давом дорад)

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД