Arzon march 2024
Тағйирот дар хатсайри №6, 11 ва 43
336

Шаҳрдории пойтахт хабар додааст, ки сар 15 сентябр то 25 декабр, бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи А.Қаҳоров ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар ин кӯча қатъ мегардад.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, мувақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбарӣ ба ин масир фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №6, 43 ва хатсайри микроавтобусии №11, тағйирот ворид карда шуда, фаъолияти ин хатсайрҳо то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кўчаву хиёбонҳои С. Шерозӣ, Н. Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.

Бояд гуфт, ки кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров яке аз кӯчаҳои дарозтарини шаҳри Душанбе ба шумор меравад, ки пештар «40-солагии Тоҷикистон» ном дошт. Кӯчаи мазкур дар қад-қади дарёи Душанбе, дар маркази географии шаҳр воқеъ аст.

Дарозии кӯча қариб 9 километр ва бараш дар баъзе ҷойхо ба 15—20 метр мерасад. Кӯча аз шимол оғоз ёфта, дар ҷануб ба охир мерасад. Аз шимол бо хиёбони Саъдии Шерозӣ пайваст шуда, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ тамом мешавад. Дар охири кӯча 2 пайраҳа мавҷуд аст, ки яке ба самти маркази ноҳияи Рӯдакӣ ва дигаре ба самти шаҳри Ваҳдат меравад.

Кӯча ба шарафи ходими ҳизбиву давлатӣ — раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1961—1973 Абдулаҳад Қаҳҳоров гузошта шудааст. Ӯ соли 1913 дар ноҳияи Конибодом таваллуд шуда, соли 1984 дар Душанбе вафот кардааст.

Аз кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров микроавтобусҳои № 11, 44, 1, 5, 14 ва аз қисми шимолиаш микроавтобусҳои № 13, 33 ва 2 мегузаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД