Тағйироти кадрӣ: Кӣ омаду кӣ тарки вазифа кард?
07.01.2026
Оила
191

 

Тағйироти кадрӣ:

Кӣ омаду кӣ тарки вазифа кард?

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тағйироти кадрӣ ба амал оварда, роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳоро иваз намуданд.

Тибқи фармони сарвари давлат Бахтиёр Назарзода, ки аз соли 2021 инҷониб раиси шаҳри Кӯлоб буд, аз вазифа озод шуд. Расонаҳо дар такя ба манобеъи худ дар ҳукумати ноҳия навиштаанд, ки ба ҷойи ӯ Диловар Пирзода, ки муовини аввали раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Тоҷикистон буд, раиси шаҳри Кӯлоб таъин гаштааст.

Темурҷон Нӯмонзода, ки аз соли 2020 раиси ноҳияи Спитамен буд, бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мансаб сабукдуш гашта, Ҷамшед Ҷуразода, ки то ин дам муовини раиси вилоят буд, раиси ноҳияи Спитамен таъин шудааст.

Нусратулло Салимзода, ки аз соли 2023 раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, тарки мансаб намуда, Темурҷон Нӯмонзода ба ҷояш  раиси нави ин ноҳия таъин шудааст.
Адҳам Маъмурзода, ки 6 соли охир раиси шаҳри Истаравшан буд, тарки мансаб намуда, ба ҷояш муовини аввалаш Абдусаттор Қодирӣ  раиси нави Истаравшан таъин шудааст.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси  шаҳри Исфара аз вазифа сабукдуш гашта, Шарифҷон Ҷумъазода, ки то ин дам раиси Кумитаи рушди маҳал буд, ба ҷойяш раиси шаҳр таъин шудааст.
Абдуғаффор Ҳикматуллозода, ки аз соли 2023 дар вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ кор мекард, аз вазифа сабукдӯш гашта, Нусратулло Салимзода раиси нави ин ноҳия таъин шудааст.



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД