formula
Тағйироти калони кадрӣ: Кӣ ба куҷо рафт?
437

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти суд, Прокуратура, Вазорати мудофиа ВА Агентии назорати маводи нашъаовар ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти кишвар иттилоъ дод.

Бино ба нашри хабарҳо дар сомонаи расмии Сарвари давлат, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси суди шаҳри Душанбе, раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, муовини якум ва муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат, судяҳои суди шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъйин гардиданд.

Ҳамзамон, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Ашти вилояти Суғд, шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Вахш, Темурмалик, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Восеъ ва Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Лахш иваз шуданд.

Ҳамчунин дар ҳайати фармондеҳии якчанд ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал дароварда шуд.

Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Шариф Файз аз вазифаи раиси суди шаҳри Кӯлоб озод гардида, судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҳмудзода Азаматшо Сафар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ , Зикирзода Лоиқ Хурсандқул аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод гардида, раиси суди шаҳри Душанбе, Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ, Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе, Нурзода Сайвалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе, Раҷабзода Ҳотам Назар аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳабибуллозода Хайрулло аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат озод гардида, муовини якуми раиси суди шаҳри Ваҳдат, Асрорӣ Ифтихор Қурбон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат, Қурбониён Баҳриддин Самариддин аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шуданд.

Ҳамзамон, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Хисрав Хоркаш аз вазифаи муовини Вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ — Сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Носирзода Ҷаббор аз вазифаи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳобзода Абдураҳмон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.

Ҳамин тавр, Носирзода Ҷаббор муовини якум ва Назарзода Машокир Фозил муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Дар ин баробар, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод шуда, Ваҳобзода Абдураҳмон ба ин мақом таъин шуд. Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил низ ба ҷойи Рустам Азизӣ, ки ҳафтае қабл озод шуда буд, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Сарвари давлат дар назди кадрҳои таъйингардида дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ амри ҳатмӣ шуморида, мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро аз вазифаҳои асосии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуморида, дар ин самт дастурҳои мушаххас доданд.

“Нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон масъулияти бештар зоҳир карда, зимни баррасии парвандаҳо ва арзу шикояти мардум бо масъулияти бештар ва аз рӯйи адолат амал намоед”,- таъкид доштанд Сарвари давлат.

Кадрҳои дар ин соҳаҳо таъйиншуда аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, хатмкардагони ду ва ё зиёда донишкадаҳои олии ҳарбӣ, ки зимни адои хизмат аз худ маҳорати касбӣ ва матонату садоқат нишон додаанд, интихоб гардиданд.

“Зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда мо ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем ва ҳар яки Шумо зимни адои вазифа ва масъулияти бардӯшдошта бояд манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, дар хизмати мардум бошед”,- таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сардори давлат таъкид карданд, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон, бахусус аз ҳисоби занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои таъмини адолати судӣ ва баррасии шаффофи парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат аз кадрҳои навтаъйин талаб карданд, ки ба волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо диққати махсус диҳанд.

Дар фарҷоми мулоқот Президенти кишвар ба ҳамаи кадрҳои таъйингардида дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД