Arzon march 2024
Тест:Шармгин ё шаттоҳ?
2479

Худро бисанҷ!

1. Либосатон аз дигарон фарқ кунад, худро нороҳат ҳис мекунед?

а) Бале. б) Не.

2. Шӯхӣ карда шуморо масхара намоянд, намеранҷед?

а) Не. б) Бале.

3. Бо либоси нимбараҳна гашта метавонед?

а) Бале. б) Не.

4. Агар нафаре маро ранҷонад, хафа шуданатонро рӯирост мегӯед?

а) Не. б) Бале.

5. Дар озмуну мусобиқаҳо ширкат варзиданро дӯст медоред?

а) Не. б) Бале.

6. Дар назди одамони зиёд баромад карда метавонед?

а) Бале. б) Не.

7. Латифа гуфтанро дӯст медоред?

а) Не. б) Бале.

8. Нуқтаи назари одамонро дар бораи фаъолияти худ бо камоли майл гӯш мекунед?

а) Не. б) Бале.

9. Одами машҳуреро ба меҳмонӣ даъват карданӣ шавед, дудила мешавед, ки шояд вай таклифи шуморо қабул намекунад?

а) Бале. б) Не.

10. Вақте шуморо дар назди ҳама намунаи ибрат нишон медиҳанд, сурх мешавед?

а) Бале. б) Не.

Барои ҳар як ҷавоби «а» ба худ 2 хол ва барои ҷавоби «б» 0 хол гузоред ва холҳоро ҷамъ карда бо натиҷаи

санҷишнома шинос шавед

 

0-6 хол

Шумо одами шармгину беҷуръат нестед. Барои расидан ба марому мақсади худ ба корҳои зиёде даст мезанед. Кӯшиш намоед, ки ба маҳмаддоно ва ақлак мубаддал нагардед.

8-14 хол

Каме шармгин ҳастед. Худро аз дигарон боло нагузоштанатон хуб аст, вале камтар боҷуръат шудан ба шумо халал намерасонад. Вақте ки бо дили пур бо одамон муносибат мекунед, ҳисси боварӣ ва эътимодашон зиёд гашта, шуморо ҳурмату эҳтиром менамоянд.

16-20 хол

Шумо бениҳоят одами шармгин ва хоксор ҳастед. Заминӣ будан хуб аст, имкон надиҳед, ки дигарон шуморо хоки раҳ шумурда, зери по кардан гиранд. Дар зиндагӣ баъзан дандонҳои худро нишон дода, барои расидан ба марому мақсади хеш талош варзидан лозим меояд. Ҳимоя кадани манфиатҳои худро омӯзед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД