sebiston july new
Тифтелиро чи тавр мепазанд?
03.06.2023
Шоира
565


Ман зани деҳотӣ ҳастам. Пештар чизе, ки пазам, шавҳараммехӯрд, вале солҳои охир ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ба қавли худаш бомаззахӯрак шудааст.

Ҳар рӯз ғурбат мекунад, ки ту фақат ошу шурбо мепазӣ, о мисли дигар занҳо тефтелию котлет пазӣ намешавад. Ростӣ ман намедонам, ки ин таомҳоро чи тавр тайёр мекунанд. Илтимос тарзи тайёр карданашро фаҳмонед.
Г. С аз Ховалинг

Хоҳари азиз тайёр кардани тефтели чандон кори душвор нест ва мо тарзи пухтани онро ба шумо ёд медиҳем.
Маҳсулоти лозима:
●Қимаи гӯшт - 500 г
●Биринҷ - 1 каф
●Пиёз - 1 миёна
●Тухм - 1 дона
●намак
●мурч
●орд

Барои шӯрбоча:
●пиёз - 1 калон
●сабзӣ - 1 калон
●сирпиёз 1-2 дандона
●қаймоқ - 3 қошуқ
●қайлаи помидор - 3 қошуқ
●намак
●мурч

Тарзия таҳия:
Як панҷа биринҷро дар об пухта, пиёзро хурд реза кунед. Қимаи гӯштро бо биринҷ, пиёз, тухм, намаку мурч омехта намуда тефтел созед ва дар орд ҷӯлонида, муддати 10-15 дақиқа дар яхдон гузоред. Баъдтар тефтелро дар тафдони ҳарораташ 200 дараҷа 30 дақиқа пухтан лозим аст. Барои шӯрбоча пиёзро нимҳалқа реза карда, сабзиро аз тарошаки сӯрохиҳояш васеъ гузаронед ва дар равғани растанӣ зирбонда, 3 қошуқ қайлаи помидорро илова кунеду 2 дақиқа дам партофта 3 қошуқ сметана андозед ва намаку мурч пошида, то ҷӯшонидан расонед. Сипас 1-2 дандона сирпиёз илова кунед. Тефтелро аз тафдон гирифта, аз болояш шӯрбочаро резеду бори дигар дар тафдон 20 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД