Аз 25 то 28-уми майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мегардад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар, шоми гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанги Федератсияи Русия Любимова Олга Борисовна ва ҳайати ҳунариро, ки дар силсилабарномаҳои фарҳангӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон иштирок менамоянд, истиқбол гирифтанд.