arzon replenishment
ТО ОХИРИН ЛАҲЗА УМЕД ДОШТ, КИ БА ПО МЕХЕЗАД ЁДЕ АЗ МУРТАЗО ПОШОӢ
11.09.2021
Оила
1107

 Зиндагинома

Муртазо Пошоӣ, овозхон, оҳангсоз ва навозандаи эронӣ, 11-уми августи соли 1984 дар ноҳияи Ориёшаҳр (ҳоло Содиқия)-и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дунё омадааст. Хонаводаи Муртазо ҳанӯз аз замони хурдсолии фарзандашон ҳис карданд, ки ӯ ба суруду мусиқӣ ҳаваси беандоза дорад ва барояш шароит фароҳам оварданд, то кӯдаки хушбахт бошад. Аз ҳамин ҷост, ки Муртазо аллакай дар 14-солагӣ ҳам гитор навохта метавонисту ҳам фортепиано. Ин дар ҳолест, ки ӯ хатмкардаи ягон мактаби мусиқӣ набуд.

Роҳ ба сӯйи орзуи кӯдакӣ

Муртазо Донишгоҳи Озоди Исломии Эронро соли 2009 бо ихтисоси тарроҳии графикӣ хатм кардааст. Донишгоҳро дар риштаи тарроҳии графикӣ ба итмом расонида бошад ҳам, аз рӯйи ихтисоси худ кор накард. Меҳру муҳаббати беандозааш нисбат ба суруду мусиқӣ ӯро ба сӯйи санъату ҳунар, ба сӯйи орзуҳои кӯдакӣ овард. Баъди хатми донишгоҳ, кам-кам худаш шеър эҷод мекард, онҳоро ба риштаи оҳанг мекашид ва замзама карда, дар шабакаи ҷаҳонии YouTube нашр мекард. Суруди “Яке ҳаст”, ки соли 2012 эҷод шудааст, ба овозхон шӯҳрати бештар овард ва сабаб шуд, ки Муртазоро дар дигар кишварҳо низ шиносанду сурудҳояшро гӯш кунанд.

Инсони хоксору заминӣ

Муртазо ниҳоят инсони хоксору заминӣ буд. Ҳатто вақте ки ҳамчун овозхон дар тамоми ҷаҳон шинохта шуд, аз худ нарафт ва аз худ ситораи дастнорас низ натарошид. Ҳамеша назди мухлисонаш сари таъзим фурӯд меовард ва ба онҳо миннатдорӣ баён карда, ба муҳаббаташон бо муҳаббат посух медод. Мухлисонаш низ ӯро бо меҳр шоҳи мусиқии поп дар Эрон мегуфтанд. Овозаи Муртазо ба гӯши форсизабонони Амрикову Канада ва Аврупо низ расид.

Бемории ногаҳонӣ

Моҳи сентябри соли 2013 хабар доданд, ки Муртазо ба бемории саратони меъда гирифтор шудааст. Ин шумхабар дар як лаҳза паҳн гардид ва мухлисони овозхонро ба изтироб овард. Хонаводаи Муртазо ин хабарро рад карданд, аммо сомонаи расмии ӯ бо нашри эълоне хабар дод, ки кулли консертҳои овозхон бинобар сабабаи бемориаш лағв шудаанд. Баъди як моҳи нашри ин хабар, худи Муртазо дар як барномаи телевизионӣ баромад карда, тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат бемор аст ва аллакай як амалиёти ҷарроҳиро паси сар кардааст.

Марги бармаҳал

Беморӣ Муртазои ҷавонро дар авҷи шӯҳрат аз пой афтонид. Ҳолаташ рӯз то рӯз вазнин мешуд ва ӯро 3-юми ноябри соли 2014 ба бемористони “Баҳман”-и Теҳрон бурданд ва дар шуъбаи эҳё бистарӣ намуданд. Табибон кӯшиш карданд, ки тариқи химиотерапия афзоиши саратонро дар меъдаи овозхон боздоранд, аммо муваффақ нашуданд. Овозхон пас аз муборизаи тӯлонӣ бо саратон, 14-уми ноябри соли 2014, дар синни 30-солагӣ, дар авҷи ҷаҳонгардӣ ин дунёи фониро адабан тарк кард. Ҷанозааш 16-уми ноябри ҳамон сол дар толори “Ваҳдат” баргузор гардид ва ӯро шабона бо як маросими ғайриодӣ дар оромгоҳи “Биҳишти Зӯҳро” ба хок супориданд.

Муртазое, ки миллионҳо мухлис дошт

Марги Муртазои ҷавонмарг мардуми Эронро дубора муттаҳид кард. Миллионҳо мухлиси ӯ дар маросими дафнаш иштирок карда, сурудҳои ӯро қироат карданд. Марги овозхон на танҳо мухлисони ӯро, балки кулли мардуми Эрон ва ҳатто берун аз онро мотамзада карда буд. Касе бовар намекард, ки Муртазо дигар несту садои ширадори ӯро дигар намешунаванд. Хонавода ва мухлисонаш то ҳанӯз ба сари манзили ӯ меоянд ва дар рӯи қабраш даста-даста гулҳои тару тоза мегузоранд. Мухлисони бурунмарзиаш бошанд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муҳаббати хешро ба овозхон баён мекунанд.

“Сипоснома”-и баъди марг

Чуноне табиби Муртазо қайд мекунад, ӯ то охирин лаҳзаи ҳаёташ умедвор буд, ки ба по мехезад ва барномаи консертиашро дар шаҳри Торонтои Канада баргузор мекунад. Баргузории нахустконсерти овозхон 29-уми ноябри соли 2014 ба нақша гирифта шуда буд. Ӯ ният дошт, ки пас аз Торонто, силсилаконсертҳои худро дар дигар шаҳрҳо низ баргузор мекунад. Баъди марги овозхон, дӯсташ Фарзод Фарзин, овозхони дигари эронӣ, ба ҷойи Муртазо консерт барпо кард ва кулли сурудҳои ӯро бо ифтихор сароид. Ҳатто вазири муҳоҷират ва кор бо шаҳрвандони Канада ба хотири таблиғи фарҳанги Эрон дар Канада ва истеъдоди нотакрораш ба Муртазо сипоснома фиристод, аммо баъди маргаш.

Ёдгорӣ

Муртазо рафту сурудҳои ҷаззобаш ба ёдгор монданд. Чор албоми сурудҳои ӯ “Гули беназир” (2010), “Яке ҳаст” (2012), “Номи муҳаббат” (2015, баъди маргаш) ва “Гули беназир-2” (2015, пас аз маргаш) то ҳол шунавандаи худро аз даст надодаанд. Мухлисони бешумори ӯ то ҳастанд, ному сурудҳои ӯро фаромӯш нахоҳанд кард. Агар ҳоло Муртазо дар қайди ҳаёт мебуд, 11-уми августи имсол 37-солагии худро таҷлил мекард. Ҷои ӯ дар дили мухлисонаш холист. Ёдаш ба хайр

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД