sebiston july new
Тоҷикбача дар Россия ба чоҳи канализатсинӣ афтида мурд
1242

 

Хонандагони азизи сомонаи Оила. ТЧ!

Тавре ки хабар дода будем, дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ҳангоми таъмири чоҳи канализатсионӣ якбора 13 коргар ба қаҳри чоҳ афтида, 10 нафари онҳо наҷот пайдо кардаанд, вале 3 нафари дигар бе ному нишон гашта, ҷустуҷӯи ҷавонони ба чоҳ афтида идома дошт. Бадбахтона, наҷотбахшон натавонисанд ин се ҷавони ормониро аз марг наҷот диҳанд ва ҷисми бе ҷони онҳоро пайдо намуданд.

Наҷотбахшоне, ки дар шаҳри Маскав амалиёти ҷустуҷӯи се коргари рӯзи 7 -уми август ҳангоми таъмири чоҳи канализатсионӣ дар кӯчаи Краснодарская дар минтақаи Люблино ба чоҳ афтодаро анҷом медоданд, ниҳоят ҳар се коргари дар чоҳ ғарқшударо пайдо карданд. Маълум шуд, ки ин се ҷавони ормонӣ, ки 20, 21 ва 22 сол доштаанд, барои дарёфти ризқу рӯзии худ ба Русия омада, муҳоҷирони меҳнатӣ будаанд.

Ду нафари ғарқшудагон аз Қирғизистон ва як муҳоҷири ҷавонмарг аз Тоҷикистон будааст.

Ёдрас мешавем, ки ҳодиса рӯзи 7-уми август сар зада, ҳангоми анҷом додани корҳои тармимӣ дар як чоҳи канализатсионӣ дар кӯчаи Краснодарскаяи дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав бар асари боришоти зиёд девори чоҳ канда шуда 13 коргар якбора ба дарунаш афтодаанд. 6 нафари онҳо тавонистаанд мустақилона аз чоҳ берун шаванд, 4 нафари дигарро наҷотбахшони МЧС, ки ба ҷои ҳодиса омада буданд, берун кашиданд.

Мутаасифона, се нафари дигарро, ки дар байнашон як тоҷикбакча низ будааст, об бурда, ҷисми бе ҷонашонро пайдо намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД