arzon replenishment
Тоҷикон ба Туркия кӯмаки башардӯстона мефиристанд
673


Мардуми тоҷик мисли тамоми сокинони сайёраи Замин аз фоҷиаи ба сари мардуми кишвари Туркия омада, сахт дар изтироб буда, кӯшиш менамоянд, ки ба зарардидагони заминларзаи шадид, ки боиси марги ҳазорон нафар гашта, садҳо ҳазор одами дигарро бехонаву бехонумон гардонд, ба қадри тавоноӣ ва имконоти хеш кӯмакҳои башардӯстона ирсол намоянд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аджар ба тамоми мардуми тоҷик ва ҳукумати тоҷикистон барои хоҳиши расонидани кӯмак ба манотиқи аз заминларза зарардидаи Туркия изҳори сипос намуд.

«Мо ин ёриро дар хотир нигаҳ медорем ва дар диламон сабт мекунем. Мо самимона умедворем, ки на Туркия ва на Тоҷикистон дигар шоҳиди чунин офатҳои табиӣ нахоҳанд шуд. Аммо бо вуҷуди ин, мехоҳем қайд кунем, ки агар Тоҷикистон зарурат эҳсос кунад, Туркия ҳамеша дар паҳлӯи мардуми тоҷик хоҳад буд», -гуфтааст сафир.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ба Туркия дар баробари кӯмакҳои башардӯстона ҳамчунин 50 наҷотбахш фиристод. Ба ҳайати начотдихандагони баландихтисос, ҷарроҳ ва травматолог дохил мешаванд.

Кӯмаки башардӯстона ҳамроҳ бо гурӯҳи наҷот фиристода мешавад, вале санаи дақиқи интиқоли ин кӯмакҳо ҳанӯз эълон нашудааст.
Сафорати Туркия дар Тоҷикистон як рӯз пеш аз ҷамъоварии кумак барои осебдидагони заминларза дар Туркия хабар дода буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД