Тоҷикон барои дарёфти виза ба Амрико аз 5 то 15 ҳазор доллар гаравпулӣ месупоранд
95

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон акнун барои ворид шудан ба қаламрави ИМА то 15 ҳазор доллар гаравпулӣ месупоранд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Амрико хабар додааст.

Ба рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон барои бо мақсади меҳмонӣ ё саёҳат ба Амрико сафар кардан бояд гаравпулӣ супоранд, 38 давлат дохил карда шудааст, ки дар ин миён 3 кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ ҳастанд. Барои шаҳрвандони 15 кишвар ин низом аз 1-уми январи соли 2026 ҷорӣ шудааст, вале барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 21-уми январ ба иҷро медарояд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Амрико, шахсоне, ки бо мақсади меҳмонӣ ё сайёҳӣ ба ин кишвар сафар карданиянд, барои дарёфти раводидҳои навъи B1 ё B2 аз 5 то 15 ҳазор доллар гаравпулӣ пардохт менамоянд. Ҳаҷми маблағро барои ҳар як шаҳрванд ба таври инфиродӣ ҳангоми мусоҳиба дар консулгарӣ муайян менамоянд.

Бо чунин раводид танҳо тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Ню-Йорк ва Вашингтон ба қаламрави Амрико ворид шудан мумкин аст ва дорандагони чунин раводид дар қаламрави ИМА бештар аз муҳлати муайяншуда истиқомат карда наметавонанд.

Шахсоне, ки бе нақзи қонун дар муҳлати муқарраршуда ба ватани худ бармегарданд, маблағи гарави пардохткардаашон ба онҳо баргардонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД