Тоҷикони муқими шаҳри Вашингтон ва штатҳои Вирҷиния, Мэриленд, Ню Йорк, Ню Ҷэрсӣ, Филаделфия ва Пенсилванияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дирӯз, 26-уми апрел ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд.
Тавре масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА хабар додаанд, чорабинӣ бо ибтикори Ассосиатсияи фарҳангии тоҷикону амрикоиҳо бо риояи оинҳои қадимии ин иди бостонӣ баргузор гашта, дастархони идона бо ҳафтсину ҳафтшин ороста шудааст. Ба тамоми иштирокчиён таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав, қурутоб, шакароб, оши буридаю туппа пешкаш карда шуда, ҳамзамон ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили нақшу нигор, чакан, атласу адрас, зардӯзӣ ва дигар армуғонҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
Барои кӯдакон намоишҳои ҳунарии шавқовар аз ҷониби ҳунарманди касбии амрикоӣ пешниҳод гардидааст, ки хурдсолон бо завқи баланд онро тамошо ва бевосита дар он иштирок намудаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода ҳамватанони муқими Амрикоро шодбош гуфта, изҳор доштааст, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башар буда, гузаштагони хирадманди мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар тӯли беш аз шаш ҳазор сол онро ҳифз кардаанд.
«Боиси ифтихор ва хушбахтист, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии миллати мо дубора эҳё гардида, таъриху фарҳанги қадимаи тоҷиконро дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд»,- гуфтааст Завқизода.