Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба муносибати Рӯзи модар ҳамоиш баргузор гашта, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия зимни чрабинӣ иброз намудааст, ки саҳми занони тоҷик дар рушду шукуфоии Ватани азизамон бисёр муҳим ва бузург буда, махсусан дар низоми роҳбарикунанда ва бахшҳои сиёсиву иҷтимоӣ иштироки фаъолонаи онҳо эҳсос мешавад.
Зан - модар рисолати зебоӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш дошта, кулли зебогиҳо, покизагӣ, фатҳу кушоиш ва меҳру муҳаббат аз дастони муъҷизакораш оғоз мегардад. Аз ин бармеояд, ки Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад.
Зимни ҳамоиш иброз гардидааст, ки бо сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳо барои фаъолияти ҳамаҷонибаи занон фароҳам гардид. Занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи сиёсат ва хизмати давлатӣ роҳ ёфтанд ва дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳмгузор мебошанд.