Arzon march 2024
Тоҷиконе, ки муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекарданд, ба чанг афтиданд
901


Ғарибӣ кӯйи сахт аст ва ғарибон бояд дар мулки ғурбат то метавонанд ҳамдигарро дастгирӣ намуда, ба дарди якдигар марҳам шаванд, вале баъзе афроди ғуломи нафси ҳаром ва бе нангу номусе ҳастанд, ки ба ҷойи дар мулки мардум дасти ҳаммиллатони худро гирифтан, баръакс ба онҳо зарар расонида, даст ба дуздию ғоратгарӣ мезананд.

Амали ноҷавонмардонаи чанд марди тоҷик, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия ғорат карда, молу амволашонро ба яғмо мебурданд билохира рӯйи об баромада, ба чанг афтиданд.
Як догоҳи шаҳри Суворови вилояти Тулаи Русия якбора 8 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми дуздию ғоратгарӣ ба мӯҳлати аз 7 то 10 сол ба зиндон маҳкум намудааст. 
Умаров Р.Р. ба 7 мӯҳлати 7 солу 8 моҳ, Пирназаров Ш.М. ба 7 солу 10 моҳ, Бобоёров Ш.Х. ба 8 солу 8 моҳ, Ҷӯрақулов И.А. ба 9 солу 6 моҳ, Раҳмонов Ф.О. ба 9 солу 8 моҳ, Тошмуродов М.О. ба 9 солу 10 моҳ, Чутов А.Н. ба 9 солу 10 моҳ ва Артиққулов А.Н. ба 10 сол равонаи зиндон гаштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД