Commerce bank may-june 2026
Тоҷинисо Ниёзова: пирӣ нишонаи заъф нест
129

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дорандаи медали "Хизмати шоиста" Тоҷинисо Ниёзова аз ҳунармандони маъруфу маҳбуби кишвар буда, бо эҷоди таронаҳои дилангез ва нақшҳои ҷолибу ҳирфаӣ дар рушди театру мусиқии тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст. Ин бонуи ҳунарманд 72 сол дошта, қариб 50 сол мешавад, ки дар олами санъат фаъолият мебарад. Фаъолияти пурсамари ӯ барои рушди санъати тоҷик ва ҳифзу тарғиби фарҳанги миллӣ намунаи ибрат мебошад.

Бо Тоҷинисо Ниёзова перомуни фаъолияти эҷодӣ, роҳи тайкардаи ҳунарӣ ва дастоварду мушкилоти санъати тоҷик суҳбате оростем, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

- Мегӯянд, шахсиятро муҳит тарбия мекунад. Муҳити оилавии шумо чӣ гуна буд ва он дар интихоби роҳи ояндаатон чӣ нақш гузошт?

- Ман дар оилаи зиёӣ, дар деҳаи Баҳори Тоҷикони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шуда ба камол расидаам. Падарам Абдумалик Ниёзов марди олиму донишманд, босалобату сиёсатдор буданд.  Он кас соли 1967 ба шаҳри Душанбе кӯчидаанд. Аввал дар яке аз мактабҳои ҷумҳурӣ фаъолият бурда, баъдан ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузаштанд. Бо меҳнати содиқона ва таҷрибаи ғанӣ то вазифаи муовини вазири маориф расидаанд. Мутаассифона, соли 1993 аз дасти қотилони номаълум ба ҳалокат расиданд. Модарам Ойниҳолбону Қосимова зани донишманду закӣ бошанд ҳам, хонашин ва ба тарбияи фарзандон машғул буданд. Дар авлодамон касе   ба таври касбӣ ба санъату ҳунар машғул набуд. Бо вуҷуди ин, муҳаббат ба мусиқӣ дар муҳити хонаводагии мо эҳсос мешуд. Дар хона дуторе доштему падарам гоҳ-гоҳ менавохтанд. Дар хонаи холаам бошад, доира буд. Ӯ баъзан доира зада суруд мехонд.

- Кай дарк кардед, ки санъат роҳи зиндагии шумост? Оё касе ба интихоби шумо зид набуд?

- Рӯзе дар мактаб озмуни шаҳрие баргузор шуд. Дар он бо се забон суруд хондам ва мактаби мо ғолиб омад. Амакам, ки директор буданд барои ҳунарнамоиям маро сахт ҷанг карданд ва гуфтанд, ки дигар суруд нахонам вагарна каллаамро "себча барин" мекананд. Бо вуҷуди ин, муҳаббати ман ба санъат рӯз ба рӯз бештар мешуд. Баъдтар дар телевизиони Ӯзбекистон озмуни машҳури «Марҳабо талантлар» баргузор гардид. Вақте пурсиданд, кӣ мехоҳад иштирок кунад, суханони амакам аз ёдам баромаду ман аввалин шуда даст бардоштам. Номамро ба рӯйхат дохил карданд. Вақте амакам аз ин хабар ёфтанд, боз ҳам зид баромаданд ва гуфтанд, ки ба озмун наравам. Аммо ман аз тасмимам нагаштам. Ҳатто рӯзе пинҳонӣ аз балкон баромада, худро ба машқҳои ансамбл расондам.

Барои расидан ба орзуям ҳар қадар мушкил пеш омад, ҳамон қадар иродаам қавитар мешуд. На танҳо амакам, балки модаркалонам ҳам мегуфтанд, ки суруд нахонам, вагарна хостгор намеёбам. Ман бошам, бо шӯхӣ ҷавоб медодам: «Хостгорро худам меёбам». Иштирок дар озмуни «Марҳабо талантлар», гирифтани ҷойи аввал, диплом ва туҳфаҳо ба ман боварии бештар бахшид. Ҳамин лаҳзаҳо буд, ки дарк кардам санъат танҳо як шавқу ҳавас нест, балки роҳи зиндагии ман аст. Ҳарчанд дар аввал баъзе наздиконам ба интихоби ман мухолиф буданд, ман аз орзуям даст накашидам ва роҳи дӯстдоштаамро идома додам.

- Оила бунёд кардани ду ҳунарманди маъруф Усарҷон Остонов ва Тоҷинисо Ниёзова чӣ гуна иттифоқ афтод?

- Ман дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Маннон Ӯйғури Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият мекардам. Рӯзе ҳангоми аз автобус фаромадан ҷавоне бо либоси ҳарбӣ ба автобус баромад. Гӯё аз пеш шинос бошем, ба ҳамдигар салому алайк кардем ва ҳар кадом ба роҳи худ рафтем. Баъдтар маълум шуд, ки он ҷавон Усарҷон Остонов будаанд. Модари эшон низ дар ҳамон театр фаъолият мекарданд. Усарҷон гоҳ -гоҳ бо лутф мегуфтанд, ки "ман туро аз нигоҳи аввал дӯст доштаам". Қисса кӯтоҳ ба хостгорӣ рафтанд ва мо оила барпо кардем.

Усарҷон Остонов ғижжакнавози бисёр моҳир ва ҳунарманди асил буданд. Мо ҳамеша дар паҳлуи ҳамдигар будем ва зиндагии пур аз меҳру муҳаббат доштем. Дар фаъолияти эҷодии ман низ ҳамеша такягоҳу пуштибон буданд ва маро пайваста дастгирӣ мекарданд.  Хушбахтона, аз ин никоҳи муборак соҳиби панҷ фарзанд шудем. Ду духтарам роҳи санъатро интихоб карданд. Нодирабегим Усарзода сароянда аст ва Маҳнозабону дар театр фаъолият мекунад.

Сад афсӯс, ки тақдир моро аз ҳам ҷудо кард. Ман Усарҷонро бисёр дӯст медоштам. Ёду хотираашон ҳамеша бо ман аст. Мо шабу рӯз бо ҳам будем, дар сафарҳо ва барномаҳои ҳунарӣ ҳамеша паҳлуи ҳам қарор доштем. Эшон яке аз беҳтарин ғижжакнавозони замони худ буданд. Соли 2013 ногаҳон, бе ягон беморӣ, аз олам чашм пӯшиданд ва моро то абад тарк гуфтанд.

- Замоне гурӯҳи "Тоҷ" фаъолият мекард, то ҷое медонем онро Шумо таъсис додаед?

- Гурӯҳи «Тоҷ»-ро мо якҷо бо Усарҷон таъсис додем. Ин як гурӯҳи оилавӣ буд. Дар ҳайати он духтаронам, аз ҷумла Нодирбегим Усарзода низ ҳунарнамоӣ мекард. Мо бо ин гурӯҳ дар баргузории барномаҳои ҳунарӣ фаъолият доштем.  Дар яке аз чорабиниҳои фарҳангӣ Пешвои миллат фаъолияти маро ва гурӯҳи «Тоҷ»-ро махсус ситоиш карданд. Он лаҳза барои ман бисёр ифтихорофар буд. Воқеан Пешвои миллат қадршиноси ҳақиқии аҳли ҳунар ҳастанд.

- Шумо ҳам дар саҳнаи театр ва ҳам дар соҳаи мусиқӣ фаъолияти назаррас доред. Аз рӯйи ихтисос сароянда ҳастед ё коргардон?

- Ман хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ҳастам.  Дар   ихтисоси коргардонӣ театр таҳсил намудам. Як муддат дар театри Манон Ӯйғури шаҳри Тирмиз фаъолият кардам. Баъди оила бунёд кардан ба ноҳияи Спитамен омадем ва дар театри Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен фаъолиятамро оғоз намудам. Аз ҳамон вақт суруд мехондам. Ҳамроҳи шавҳарам оҳангу тарона эҷод мекардем. Ба тӯю маъракаҳо рафта дар хизмати халқ будем. Дар чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ иштирок мекардем. Соли 1988 дар озмуни "Шашмақомхонӣ" дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гаштам.

Аз соли 1998 то соли 2009 вазифаи директори театрро ба уҳда доштам.  Дар тӯли фаъолияти худ як қатор намоишҳоро рӯи саҳна гузоштам, ки чанде аз онҳо дар озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» сазовори ҷойи аввал гардид. Дар филми қиссаи "Ишқи осмонӣ", "Амма", "Сино" ва даҳҳо филму намоишҳои театрӣ нақш офаридаам. Аз нақшаҳои офаридаам ифтихор мекунам ва аз ҳама образи Елизаветаро дӯст медорам. Ҳамзамон, таронаҳои зиёд эҷод кардаам.  Бархе аз онро имрӯзҳо Нодирабегим Усарзода бозхонӣ карда истодааст.

Аз соли 2015 дар нафақаам. Бисёр мехоҳам, ки боз дар саҳнаҳои калону зебои имрӯз суруд хонам, нақш офарам. Охир пирӣ нишонаи заъф не, балки давраи камолоти инсон аст.  Ҳунарманд дар ин синну сол на танҳо эҷод мекунад, балки ба устоде табдил меёбад, ки дониш, таҷриба ва мактаби ҳунари худро ба насли ҷавон меомӯзонад.  Аз ин рӯ, то даме ки тавону илҳом дорам, худро вазифадор медонам, барои рушди санъати тоҷик хизмат кунам. Ҳоло аъзои ансамбли "Бибиҳо" ҳастам, ки он яке аз маъруфтарин дастаҳои ҳунарӣ мебошад.

- Ҳоло чӣ нақшаҳо доред?

- Мехоҳам ба муносибати 75-солагии зодрӯзам ва 55 соли фаъолияти ҳунариам шаби эҷодӣ баргузор намоям. Ният дорам беш аз 20 суруди дӯстдоштаи худро аз нав иҷро кунам ва онҳоро бо нафаси тоза пешкаши ҳаводоронам созам. Барои ман ин танҳо як консерт нест, балки нишонаи эҳтиром ва қадрдонӣ нисбат ба мухлисонест, ки солҳои зиёд ҳамсафари роҳи эҷодии ман буданд. Мехоҳам бо баргузории ин шаби эҷодӣ бори дигар дар назди онҳо ҳунарнамоӣ карда, муҳаббат, сипос ва садоқати худро нисбат ба онҳо баён намоям.

- Ташакур барои суҳбат!

- Мамнунам!

Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД