formula
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
3053

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз қисми зиёди ҳамалҳо хаставу асабӣ ҳастанд. Барои рушди минбаъдаи корҳоятон якчанд сенария тартиб диҳед ва самти кори худро дар оянда аз ҳозир муайян намоед. Зиндагӣ ба шумо сабақ медиҳад. Кӯшиш кунед, ки хубашро ба худ гиреду бадашро ба куллӣ фаромӯш созед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз барои ҳамагуна фаъолияти ақливу эҷодӣ рӯзи беҳтарин аст. Масрафи маблағи калон ба рушди тиҷорат ва ҳалли мушкилиҳои касбӣ вобаста аст. Аз худ норозӣ набошед, баръакс ба худ боварӣ дошта бошед ва ба пеш ҳаракат кунед. Ин барои муваффақ шудани шумо нақши калон мебозад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Шом аз кор барвақттар бароед ва истироҳат карда, барои рӯзи дигар қувваи заруриро ҷамъ кунед. Аз кӯмак кардан ба нафарони наздикатон худдорӣ накунед. Ишқи ногаҳоние дари дили шуморо мекӯбад, ки ин ишқи аввалини шумо хоҳад буд. Ба эҳсосот дода нашавед ва ба ҳарфи дилатон гӯш андозед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз ба корҳое, ки шуморо асабӣ мекунанд ё ба назаратон душвор менамоянд, даст назанеду онҳоро ба таъхир гузоред. Маблағи калонро сарф мекунед, зеро дӯстонатон аз шумо қарз мегиранд. Таътили тобистонаро ба нақша гиред ва каме аз кору мушкилиҳо дур бошеду ба истироҳат машғул шавед.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз барои оғози тиҷорат, гуфтушунидҳо ва пайдо кардани дӯстони нав рӯзи бобарор аст. Дар кори худ бодиққат бошед, зеро ҳар як хатои шуморо роҳбарият пайхас карда метавонанд. Имрӯз ба касе қарз надиҳед, зеро он нафар қарзро ба наздикӣ баргардонида наметавонад. Ба худатон дарди сар нахаред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз ҳарчанд мушкилие аз сари роҳи шумо намебарояд, аммо субҳгоҳон пеш аз ҳама сар задани мушкилиҳоро дар давоми рӯз ба нақша гиред. Корҳоятон бе каму кост ба сомон мерасанд ва баъди ин барои оилаатон низ каме вақт ҷудо кунед, зеро онҳо ба меҳру муҳаббати шумо ниёз доранд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз на танҳо дар кор, балки дар муносибатҳои оилавӣ низ муваффақият ҳамроҳатон аст. Дар ҷои кор роҳбарият ба шумо пешниҳод мекунанд, ки ба утоқи васеи дигар гузаред ё утоқи қаблии худро аз таъмири замонавӣ бароред. Аммо бар ивази ин ба шумо шарт мегузоранд, ба ҳар ҳол, эҳтиёт кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз шуморо зарур аст, ки комилан ба ақли солим такя намоед. Бо дӯстони худ дар бораи ташкили чорабиниҳои шавқовар маслиҳат кунед. Аз оне ки вақти худро ба корҳои беҳуда сарф мекунед, барои иҷрои корҳои фоиданок камар бандед. Аз истеъмоли хӯрокҳои аз ҳад серғизо муваққатан худдорӣ кунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз фурсати он фаро расидааст, ки шумо бояд иродаи қавӣ ва мустаҳками худро нишон диҳед. Дар роҳи расидан ба ҳадафҳо миёну шумову шариконатон ихтилофоти ҷиддии молиявӣ ба миён омада метавонад, ки оқибати хуб надорад. Аз нишон додани хислату рафтори аслии худ наҳаросед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз дар гуфтушунидҳои корӣ ва имзои санадҳои муҳим муваффақ мешавед. Худро барои иҷрои корҳое, ки дӯст намедоред, маҷбур накунед, зеро дар чунин ҳолат ба даст овардани натиҷаи хуб дар гумон аст. Асабониятро аз худ дур созед ва нагузоред, ки дигарон шуморо азият диҳанд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз роҳбарият ба корҳои шумо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ин барои пешрафти кори шумо дар оянда мусоидат хоҳад кард. Агар хоҳед, ки то гирифтани моҳона бо кисаи холӣ нагардед, сарфакор буданро бароятон тавсия медиҳем. Ба суханҳои дигарон гӯш накарда, қарорҳоро худатон мустақилона қабул кунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ситораҳо тавсия медиҳанд, ки аз иҷрои баъзе корҳо худдорӣ намоед. Шуморо лозим аст, ки дар ҷои кор аз гуноҳи бархе ҳамкорон гузаред, вагарна асабатонро хароб карда, ба саломатиатон зарар мерасонед. Вақти он расидааст, ки ороиши дохили хонаатонро тағйир диҳед ва ба замони имрӯз мутобиқ кунед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД