toyota motors
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2026
1070

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз шумо бе таваҷҷуҳ намемонед, махсусан занҳои танҳо метавонанд аз миёни чанд нафар интихоб кунанд. Беҳтараш аз ҷамъомадҳои серодам дурӣ ҷуста, вақти худро бо оила гузаронед. Идеяҳои ҷолиб зиёд мешаванд, аммо иҷрояшон душвор мегардад. Агар лозим шавад, зуд амал кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт кунед, бахт ҳамеша ҳамроҳ нест.

Савр (21 апрел-21 май)

Ёфтани муҳаббати ҳақиқӣ осон нест, эҳсоси муваққатиро бо муҳаббати асил омехта накунед. Ба масъалаҳои молиявӣ диққат дода, буҷаро якҷо тарҳрезӣ кунед. Рӯзи хуб барои пайдо кардани шиносҳои нави корӣ аст. Метавонед масъалаи зиёд кардани маошро бардоред. Аз одамони манфӣ дур бошед, то неруятон кам нашавад. Худдорӣ ва оромӣ ба шумо кумак мекунад, ки саломатӣ ва нерӯи худро ҳифз намоед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Барои нафарони танҳо эҳтимоли изҳори муҳаббат вуҷуд дорад. Рӯз пур аз идея ва таассуроти хуб мегузарад. Дар оила масъалаҳои рӯзгор баррасӣ мешаванд, кӯшиш кунед муҳити оромро нигоҳ доред. Дар кор масъулиятшиносӣ нишон медиҳед ва ба роҳбарон такягоҳ мешавед. Аввали рӯз барои шартномаҳо ва мулоқотҳои расмӣ мусоид аст. Қувваи шумо зиёд мешавад ва метавонед корҳои дермондаро ба анҷом расонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар хоҳед, ки дар ҳаёти шахсӣ хушбахт шавед, ташаббус нишон диҳед. Нимаи дуюми рӯзро ба оила бахшед, наздикон ба дастгирии шумо ниёз доранд. Корҳоятон бомуваффақият анҷом меёбанд. Бо вуҷуди мушкилиҳои ногаҳонӣ, шумо роҳҳои ғайриодӣ меёбед. Вазъи молиявӣ устувор шуда, беҳтар мегардад. Саломатӣ хуб аст, рӯҳияатон бо дастгирии атрофиён баланд мешавад.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз шиносоии ошиқона метавонад танҳо ба ишқбозии муваққатӣ табдил ёбад. Корҳои зиёд доред, вале аз уҳдаашон мебароед. Бо зиракӣ ва ҳисси ботинӣ монеаҳоро паси сар мекунед. Эҳтимоли талафоти молӣ вуҷуд дорад, пас эҳтиёт кунед. Агар саломатӣ бад шавад, ба духтур муроҷиат кунед ва ба маслиҳатҳои тасодуфӣ бовар накунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Аз шиносоиҳои ногаҳонӣ ё барқарор кардани робитаҳои кӯҳна худдорӣ намоед, онҳо метавонанд мушкил эҷод кунанд. Беҳтараш ба корҳои хона машғул шавед. Шумо ҳамфикрон пайдо мекунед, ки дар амалӣ шудани нақшаҳо кумак мерасонанд. Ба дигарон фишор наоред, то нофаҳмӣ пеш наояд. Барои худ вақт ҷудо кунед, истироҳат намоед ва бо чизҳои дӯстдоштаатон машғул шавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ба ҳисси ботинии худ бовар кунед. Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмиҳои хурд эҳтимол доранд, аз талаботи аз ҳад зиёд худдорӣ намоед. Шумо метавонед истеъдоди худро дар ҳар соҳа нишон диҳед. Рӯз барои харид ва сармоягузорӣ мусоид аст. Бо муносибати эҷодӣ ба муваффақият мерасед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, масуниятро тақвият бахшед, зеро эҳтимоли бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ҷодаи муҳаббат саросема нашавед, аввал шарикро хуб шиносед. Муносибатҳои ошиқонаро муътадил нигоҳ доштан осон нест, худро идора кунед. Дар ҷои кор самаранокӣ меафзояд. Эҷодкорон илҳом мегиранд. Аз пешниҳодҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед. Беҳтараш ба машғулиятҳои дӯстдошта машғул шавед, то оромӣ ва қаноатмандиро эҳсос намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Шумо тағйирот мехоҳед ва ситораҳо шуморо дастгирӣ мекунанд. Ба садои дили худ гӯш диҳед. Дар муносибатҳо баҳсҳо имкон доранд, зуд оштӣ кунед. Нақшаҳо амалӣ мешаванд, аммо бо шарикон ё роҳбар мушкил пеш меояд. Аз харидҳои гарон худдорӣ кунед. Варзиш ва нигоҳубини ҷисм барои шумо хеле муфид аст ва ба беҳтар шудани саломатӣ кумак мерасонад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Мулоқоти кӯтоҳи ошиқона хотираҳои хуб мегузорад. Баъзеҳо мехоҳанд муносибатҳои кӯҳнаро барқарор кунанд. Дар оила хабарҳои хуши молиявӣ имкон доранд. Дар кор муносибатҳо беҳтар мешаванд ва шиносҳои муфид пайдо мекунед. Одамон ба шумо ҷалб мешаванд. Аз ҳад зиёд кор накунед, то хастагӣ шуморо фаро нагирад ва нерӯятон кам нашавад.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз эҳсосотро идора кунед. Пеш аз қабул кардани қарор дар ҷодаи ишқ, шахсро беҳтар шиносед. Корҳои хона неруи шуморо мегиранд, аммо имкониятҳоро аз даст надиҳед. Дар коллектив нофаҳмиҳо пайдо мешаванд. Шахсияти ғайриодии шумо метавонад ҳасад барангезад. Аз лаззатҳо муваққатан даст кашед. Ба саломатӣ диққат диҳед, эҳтимоли шиддат гирифтани бемориҳои кӯҳна вуҷуд дорад.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Эҳсоси ишқ дилатонро фаро мегирад, аз ин лаҳзаҳо лаззат баред. Хабари ғайричашмдошт метавонад ҳаётро тағйир диҳад. Қобилияти гуфтушунид ба шумо кӯмак мерасонад. Душманон фаъол мешаванд, пас бештар кӯшиш кунед. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мегардад ва метавонед қарзҳоро пардохт кунед. Аз хӯроки кӯчагӣ худдорӣ намоед, то саломатиятон осеб набинад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД