Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз эҳсоси кибру ғуруратон зиёд шуда, метавонад сабаби ҷанҷол бо дӯстдоштаатон гардад. Кӯшиш кунед, ки дағалӣ накунеду гапи нохуб нагӯед. Рӯз барои корҳои оилавӣ, тӯй ё истироҳат мусоид аст. Дар кор масъулият нишон диҳед, роҳбарият инро қадр мекунад. Вақти хуб барои бастани шартномаҳо аст. Вазъи саломатиятон хуб аст, танҳо аз машрубот дурӣ ҷуста, бештар сабзавот хӯред.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз зуд асабӣ мешавед, кӯшиш кунед худро идора намоед, вагарна баъд пушаймон мешавед. Ҷавонон метавонанд бо волидон нофаҳмӣ дошта бошанд. Дар касбу кор фаъол бошед, ин барои ояндаатон муҳим аст. Ба қувваи худ такя кунед. Эҳтимол мушкили меъда дошта бошед, ба ғизои худ аҳамият дода, хӯроки вазнин истеъмол накунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз дӯстдоштаатон мақсади шуморо дарк карда наметавонад, гапи худро оромона фаҳмонед. Вақти хубест барои суҳбати ошкоро ва ҳал кардани масъалаҳои куҳна. Метавонед ба рухсатӣ бароед. Манбаи нави даромад низ пайдо мешавад. Барои қарорҳои молиявӣ шитоб накунед. Саломатӣ хуб аст, вале агар ба зиёфат рафтанӣ бошед, пешакӣ парҳез кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Бояд аниқ намоед, ки дӯстдоштаатон ба хотири шумо ба чӣ қодир асткунад. Агар оиладор бошед, ба овозаҳои бад гӯш надиҳед. Имрӯз барои одамони ҳадафманд рӯзи хуб аст, агар қобилият нишон диҳед, роҳбарият қадр мекунад. Аз бозиҳои пулакӣ дурӣ ҷӯед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ҳаракат кун, ҳатто варзиши сабук фоида дорад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз беҳтараш аз шиносоии нави ошиқона ё барқарорсозии муносибатҳои кӯҳна худдорӣ кунед. Шомро аз дӯстдоштаатон дур гузаронед, то баҳс сар назанад. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо эҳтиёт бошед, то хатогӣ нашавад. Аз якравӣ ва саркашӣ парҳез намоед. Мушкили молиявӣ бо оромӣ ҳал мешавад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз ҷозибаи шумо баланд аст, эҳтимоли рух додани вохӯрии ошиқона зиёд мебошад. Аммо бо дӯстдоштаатон мисли моли худ муносибат накунед, ин метавонад боиси ҷанҷол шавад. Агар бо тиҷорат машғул бошед, аз таваккал кардан худдорӣ кунед, зеро вазъияти молиявӣ ноустувор аст. Шом эҳтимол хастагӣ ё дарди сабук пайдо шавад, вале зуд мегузарад. Каме дар ҳавои тоза сайр кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз қалбатон пур аз эҳсосоти ошиқона мешавад. Эҳтимол касе ба шумо дил мебандад, омода бошед. Дар хона рӯйдоди ғайричашмдошт ва хушхабарро интизор бошед. Нақшаҳои худро ба касе нагӯед, то аз онҳо истифода накунанд. Ба корҳои калон кардан шитоб накунед. Аз хасташавӣ худдорӣ кунед. Ба интуитсия бовар кунед, имрӯз он шуморо фиреб намедиҳад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Дар ҷодаи муҳаббат каме дурӣ эҳсос мешавад, танҳо каме фосила лозим аст. Субҳ барвақт бедор шавед, то ҳама корро ба анҷом расонед. Имрӯз нерӯятон зиёд аст, барои расидан ба ҳадафҳо шароит мусоид аст. Либосатонро нав кунед ё чизҳои зарурӣ бихаред. Ғизои носолим, норасоии об ва хоб боиси хастагии рӯҳӣ мешаванд. Барои барқарории қувват вақт ҷудо кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар муносибат бо дӯстдоштаатон ошкоро бошед, чизеро, ки шуморо озор медиҳад, бигӯед. Имрӯз сӯҳбати ҷиддӣ дар пеш аст, вале натиҷа хуб мешавад. Дар кор бо нақша ва тартиб амал кун, муваффақ мешавӣ. Вақти хуб барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ аст. Хастагӣ эҳсос мекунед, вале ғам махӯред, истироҳат кунед ва бо коре машғул шавед, ки писандатон аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз баъзеҳо мехоҳанд муносибатҳои кӯҳнаро барқарор кунанд, ин кори хатост. Дар оила беҳтараш фикратро дар дил нигоҳ дор, то ҷанҷол нашавад. Дар касбу кор таҷрибаи худро хуб истифода мекунед, ҳамкорон аз шумо корро меомӯзанд. Имрӯз шонси пешрафт дар касбу кор ва беҳтар сохтани вазъи молиявӣ зиёд аст. Бегоҳ истироҳат кунед, мусиқӣ гӯш кунед ва худро ором созед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз рӯзи муҳаббат ва дӯстдорист. Агар танҳо бошед, шояд бахтатон дар наздикӣ бошад. Барои фаҳмиши беҳтар бо наздикон бештар некӣ кунед ва аз асабонӣ худдорӣ намо. Агар хуб кор карда бошӣ, подош мегирӣ. Дар миёнаи рӯз эҳтиёт кунед, аз истеъмоли обу хӯроки сард худдорӣ намоед, то шамол нахӯред. Вазъи молиявӣ дер ё зуд беҳтар мешавад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Шомро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Аз кори зиёд хаста шудед, вақте расидааст, ки истироҳат кунед. Аз танқидҳои роҳбар руҳафтода нашавед. Даромади калон ба даст намеоред, хароҷотро назорат кунед. Аз хӯроки равғанин ва гӯштӣ парҳез намоед, меъда метавонад озор ёбад. Имрӯз беҳтараш бо оромӣ ва қаноат зиндагӣ кунед.