Ҳамал (21 март-19 апрел)
Агар бахти худро пайдо накарда бошед, имрӯз шояд бо шахси ҷолиб шинос шавед. Дигаргуниҳо дар хона ё мушкилоти хурд ба осонӣ ҳал мешаванд. Шомро ба истироҳат ё шуғли дӯстдоштаатон бахшед. Имрӯз бо одамони муҳим вохӯрӣ хоҳед кард, ки баъдан ба ҳаёти шумо таъсир мерасонанд. Аз имзои шартномаҳои муҳим худдорӣ кунед. Агар шомгоҳон асабонӣ шавед, бо дӯстдоштаатон суҳбат кунед, ин ба шумо оромӣ мебахшад.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз шояд шахсе, ки ба шумо таваҷҷуҳ дошт, изҳори муҳаббат кунад. Дар муҳити нав худро озод ҳис мекунед, вале аз баҳсҳои молиявӣ парҳез намоед. Агар бо наздикон нофаҳмие рӯй диҳад, ҳатман аз пайи рафъи он шавед. Рӯз барои тарҳрезии нақшаҳои нав ва муайян кардани ҳадафҳо мусоид аст. Шояд хароҷоти ногаҳонӣ дошта бошед, вале харидҳо ба фоидаи худатон мешаванд. Аз худтабобатӣ худдорӣ кунед, он метавонад зарар расонад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз эҳсосотатон зиёд мешавад, шояд шахсе пайдо шавад, ки дилатонро гарм кунад. Шомро бо муҳаббат ва якдигарфаҳмӣ гузаронед, ин муносибатҳоро мустаҳкам месозад. Дар касбу кор ё ҷодаи муҳаббат монеаҳои ночиз имкон доранд, аммо бо сабр ва ҳамкорӣ онҳоро паси сар мекунед. Баъзеҳо мехоҳанд шуморо пешпо диҳанд, вале шумо пирӯз мешавед. Дар корҳои ҷисмонӣ эҳтиёт шавед, эҳтимоли осеб ёфтан дар назар аст.
Саратон (21 июн-22 июл)
Он чизе, ки аз он метарсидед, рух медиҳад, вале натиҷааш хуб мешавад. Шояд шиноси наватон пешниҳод ё кумак пешкаш кунад. Агар ҳадафе доред, имрӯз ба он наздик мешавед. Хароҷот барои хона ё харидҳои зарурӣ имкон доранд. Аз нишон додани бартарӣ дар назди ҳасудон худдорӣ кунед. Вазъи молиявӣ муваққатан ноустувор мешавад. Имрӯз беҳтараш дар ҷойҳои серодам камтар гардед, эҳтимоли сироятёбӣ зиёд аст.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз эҳсосотатон зиёд мешавад, кӯшиш кунед ором бошед. Муносибат бо наздикон метавонад душвор гардад, бинобар ин эҳтиёткор бошед. Шояд хоҳиши ишқбозӣ кам гардад. Масъалаҳои молӣ ва меросӣ метавонанд диққати шуморо фаро гиранд. Агар ҳангоми шом ғамгин шавед, диққати худро ба чизҳои мусбат равона кунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Агар дар зиндагӣ ҷуфти муносиб ёфтан хоҳед, имрӯз имкони хуб доред. Шояд бо дӯсти қадимаи худ вохӯред. Дар касбу кор муноқишаҳои ночиз имкон доранд, аз баҳс бо роҳбар худдорӣ кунед. Дар бораи даромади иловагӣ фикр кунед. Рӯз барои асабҳо вазнин аст: рӯйдодҳои ногаҳонӣ метавонанд шуморо асабонӣ созанд. Кӯшиш кунед ором бошед ва аз изтироб дурӣ ҷӯед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз эҳтимол баъзе муносибатҳо поён ёбанд. Агар касе дигар ба шумо муҳаббат надошта бошад, иҷозат диҳед, ки равад. Шояд суханони нохуш шунавед, вале наздикон шуморо дастгирӣ мекунанд. Бо дӯстдоштаатон меҳрубон бошед. Имкони шиносоии нав ва муфид ҳаст, ки дар оянда ба кор меояд. Рӯз барои муомилаҳои молиявӣ хуб аст. Шояд хоҳед, ки симои худро тағйир диҳед, имрӯз вақти муносиб аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Аз фикру хаёлоти зиёдатӣ дурӣ ҷӯед, он шуморо аз роҳ мебарорад. Кӯшиш кунед бо одамони хушчақчақ ва некбин вақт гузаронед. Агар волидони пир дошта бошед, имрӯз онҳоро хабар гиред. Барои гирифтани вазифаи нав, ба зоҳир ва гуфтугӯи худ аҳамият диҳед. Аз хариди калон худдорӣ кунед. Хӯроки носолим истеъмол накунед, саломатии шумо ба ислоҳот ниёз дорад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Рӯзи хуб барои ошиқ шудан аст, вале агар аллакай бахти худро ёфта бошед, аз шиносоии нав худдорӣ кунед. Дар оила муноқишаҳо эҳтимол доранд, сабур бошед ва баҳс накунед. Имрӯз тавоноӣ ва диққати худро дуруст тақсим намоед, то корҳои нимтамомро ба анҷом расонед. Имкони тарҳрезии лоиҳаҳо ва ёфтани даромади иловагӣ вуҷуд дорад. Бегоҳ барвақт хоб равед, фардо ба шумо қувва лозим мешавад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз дӯстдоштаатонро бо тамоми камбудиву нуқсонҳояш қабул кунед, ин муносибатро беҳтар мекунад. Рӯзи мусбат аст: рӯҳияатон хуб ва нақшаҳо равшананд. Корҳои хона вақтро мегиранд, вале қаноат мебахшанд. Дар кор фаъол бошед, муваффақият аз ҳамин вобаста аст. Шояд имкони бастани шартномаи фоидаовар дошта бошед. Агар асабонӣ шавед, ба оромӣ ва истироҳат вақт ҷудо кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Шояд шахси наздикатон каме аз шумо дур шавад, кӯшиш кунед муносибатро барқарор намоед. Имрӯз сафарҳои кӯтоҳ ва корҳои хона пеш меоянд. Нимаи аввали рӯз эҳтимоли баҳсу мунозира карданатон зиёд аст, вале шумо ҳаққонияти худро исбот мекунед. Тоҷирон бояд аз сармоягузории нав худдорӣ кунанд. Рӯз барои варзиш ва оғози парҳез хеле хуб аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз оромӣ ва сабурӣ муҳим аст. Аз баҳсҳо ва асабоният дурӣ ҷӯед. Барои танҳоӣ ва андеша кардан вақт ҷудо кунед - китоб хонед ё филм тамошо намоед. Шумо метавонед роҳи нав барои ҳалли мушкилоти кӯҳна ёбед. Нимаи аввали рӯз барои харид хуб аст, вале шом аз муомилоти пулӣ худдорӣ кунед. Аз одамони ноошно ва ҷойҳои серодам дур бошед.