Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз шумо бо зеҳни тез ва ҷаззобияти худ диққати шахси ҷолиберо ҷалб мекунед. Дар рӯзҳои наздик дӯстдорони зиёде пайдо мекунед. Аз ошкоргӯӣ дар бораи ҳаёти шахсӣ худдорӣ намоед. Дар касбу кор бетаъхир амал кунед, муваффақ мешавед. Амалиётҳои тиҷоратӣ фоидаовар мешаванд. Вақти он расидааст, ки аз кори зиёд дам гиред, намуди зоҳирии худро тароват бахшед ва ба сайругашт бароед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз метавонед муносибати пешинаи ошиқонаро аз нав оғоз кунед, агар омода бошед барои хушбахтӣ мубориза баред. Вақтро бо наздикон гузаронида, баҳсҳоро ҳал кунед. Субҳгоҳон эҳтимол фоида ё даромади хуб ба даст оред. Дар муносибат бо дигарон сабур бошед. Аз хариди калон худдорӣ кунед, қувват ва энергияатон имрӯз маҳдуд аст.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Рӯзи пур аз сюрпризҳо аст, сабур бошед ва ба овозаҳо аҳамият надиҳед. Имрӯз истироҳат кунед, шумо инро сазоворед. Имрӯз метавонед корҳои деринтизорро ба анҷом расонед. Пешниҳодҳои нави корӣ ё молиявӣ эҳтимол доранд. Агар соҳибкор бошед, шартномаи судманд ё шарики нав пайдо мекунед. Эҳсосот ба саломатиятон таъсир мерасонад, аз стресс дурӣ ҷӯед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Эҳсосоти шадид метавонад ба муносибатҳои ошиқонаатон таъсир расонад, боэҳтиёт бошед. Шояд чорабинии муҳиме бо рафтори номатлуб халал ёбад. Пеш аз қабули қарор хуб фикр кунед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёт кунед, хароҷоти ногаҳонӣ имкон дорад. Бо наздикон нарм рафтор намоед, то нофаҳмӣ пеш наояд. Аз хастагӣ ва стресс эҳтиёт кунед, вақти дамгирӣ лозим аст.
Асад (23 июл-22 август)
Норозигиҳо бо дӯстдоштаатон пушти сар мешаванд. Шумо метавонед нақшаҳои деринтизори худро амалӣ созед. Имрӯз имкони хуб барои нишон додани қобилиятатон пеш меояд. Обрӯи касбиятон боло меравад, аз он истифода баред. Масоили молиявӣ ба фоидаи шумо ҳал мешаванд, қарз ё мукофот мегиред. Каме сарчархӣ эҳтимол дорад, аз ин рӯ, субҳ оҳиста аз бистар бархезед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Барои нигоҳ доштани муносибати ошиқона бояд гузашт кунед, вале ҳадду андозаашро донед. Дар оилаатон баъзе мушкилот пеш меоянд, вале шумо онҳоро ҳал карда метавонед. Пешниҳодҳои нави корӣ ё тиҷоратӣ пайдо мешаванд. Дар масоили молиявӣ эҳтиёткор бошед, аз қарз гирифтан худдорӣ кунед. Саломатӣ хуб аст, вале эҳтимоли шамолхӯрӣ вуҷуд дорад, дастонро зуд-зуд шӯед ва худро эҳтиёт кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз бо рӯҳияи хуб зиндагиро пеш баред. Метавонед корҳои хона, таъмир ё хариди ашёҳои заруриро анҷом диҳед. Нафарони муҷаррад шояд вохӯрии ошиқона дошта бошанд. Дар кор сари вақт амал кунед, натиҷа хуб хоҳад шуд. Барои қувват гирифтан аз ғизои солим ва ҳавои тоза фаромӯш накунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Ишқбозӣ дар ҷои кор бар зарари шумо аст, беҳтараш диққатро ба кор равона кунед. Дар оила метавонад баҳс бо хешовандон сар занад, сабур бошед. Имрӯз вақти хуб барои сарф кардани вақт бо наздикон аст. Дар масоили пулӣ ба садои қалб такя кунед, на ба маслиҳати дигарон. Аз ғизои вазнин дурӣ ҷӯед, сабзавоту мева бештар истеъмол намоед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмӣ эҳтимол дорад, эҳтиёт бошед, то ишқи муваққатиро ишқи воқеӣ надонед. Имрӯз беҳтараш бо кори хона ва мушкили наздикон машғул шавед. Дар муҳаббат ва кор муваффақият ба даст меоред, агар меҳнат кунед. Имрӯз хариди муфид мумкин аст. Агар ҷароҳати куҳна дошта бошед, худро эҳтиёт намоед ва аз кори зиёд худдорӣ кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Ба дили худ гӯш диҳед, он роҳи дурустро нишон медиҳад. Эҳтимол баҳсҳои майда бо дӯстдоштаатон пеш оянд, вале зуд мегузаранд. Агар имкон дошта бошед, бо оила ба истироҳат равед. Имкони пешравии касбӣ доред, онро аз даст надиҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ ором бошед ва аз изтироб дурӣ ҷӯед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз метавонед баъзе мушкилоти шахсиро ҳал кунед. Бо кӯдакон меҳрубон бошед, ҳатто агар андаке нофармонӣ кунанд. Рӯз серкору пурташвиш мегузарад, аммо натиҷа хуб мешавад. Ба садои дили худ бовар кунед, “интуитсия” шуморо ба самти дуруст мебарад. Иммунитет каме суст аст, вақти он расидааст, ки бештар истироҳат кунед ва ғизои солим бихӯред.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ҳиссиёти худро пинҳон накунед. Идеяҳои навро бодиққат баррасӣ кунед, шояд якеи онҳо муваффақият орад. Дар хона оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Барои сафар ё корҳои нав вақти мувофиқ нест. Рӯз метавонад бо каме нофаҳмӣ гузарад, сабур бошед. Энергияи зиёдатиро бо варзиш ё рақс сарф кунед, ин ба саломатиятон фоида меорад.