Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
3148

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз харидани чизҳои қимматбаҳо худдорӣ намоед. Мушкилиҳои пулӣ пеш меоянд. Баъди нисфирӯзӣ ҳамалҳои оиладор бо фарзандон гирифтори нофаҳмӣ мегарданд. Босабру ботаҳаммул бошед. Саломатӣ ташвишатон намедиҳад. Бештар шарбат истеъмол намуда, аз нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар муносибатҳои оилавиятон мушкилиҳо пеш меоянд. Ӯҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунед. Ба пешниҳодҳои дилфиреб бовар накунед, ба роҳи фиребу найранг наравед. Маблағеро, ки дар киса доред, сарфакорона истифода баред, рӯзҳои наздик ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Саломатиро эҳтиёт кунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Хабари хуш ё пешниҳоди муфид боиси ба даст овардани даромади хуб мегардад. Бонувон аз шавҳар ва духтарон аз дӯстдоштаи худ туҳфа мегиранд. Аксари ҷавзоҳо ошиқ мешаванд, вале саросема нашавед, ин ишқ самимӣ нест. Барои он ки зуд-зуд бемор нашавед, витаминҳои даркориро истеъмол кунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Ҳангоми сафар бо мошини шахсӣ дар роҳ бодиққат бошед. Хатари ҷароҳат хӯрдану ба садама гирифтор шуданатон зиёд аст. Нуқтаи назари бегонаҳоро сарфи назар накунед. Дар ин рӯз ба мулоқоти ошиқона рафтану нӯшидани нӯшокиҳои спиртиро тавсия намедиҳем.  

Асад (23 июл-22 август)

Барои хариди калон кардану бастани ақди никоҳ рӯзи бобарор аст. Агар корҳоятонро ба нақша гирифта, амал намоед, аз ташвишу нобарориҳо эмин мемонед. Ба наздикӣ бо нафаре шинос мешавед, ки шуморо хеле хуб дарк мекунад. Агар нишонаҳои бемории зукомро эҳсос намоед, зуд аз пайи табобат шавед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бебарор аст. Қисми аввали рӯз камқувватиро эҳсос намуда, қобилияти коркуниро аз даст медиҳед. Баъди нисфирӯзӣ хабареро мешунавед, ки боиси ба сафар баромаданатон мегардад. Қарзҳои куҳнаро баргардониданатон лозим меояд. Баъзеҳо ба наздикону хешовандон кӯмаки молиявӣ мерасонанд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Таъсири нафарони бегона, маслиҳати нодуруст ё баҳогузории манфӣ ба натиҷаи корҳоятон таъсири бад мерасонад. Барои шиносоии нав, вохӯрӣ ва баргузории маъракаҳо рӯзи мусоид аст. Туҳфаву ҳодисаҳои хуши ногаҳонӣ имкон доранд. Нафарони муҷаррад ниҳоят бахти худро пайдо мекунанд.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар дар ин рӯз харид кардан хоҳед, ба таъхир нагузоред, зеро баъди нисфирӯзӣ таъсири нафарони бегона ба зиндагиятон ё вазъияти номусоид боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Аз пайи ба даст овардани манбаи нави даромад шавед, вале аз пешниҳодҳои шубҳанок худдорӣ намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи бобарор аст, ба шарте ки пешакӣ корҳоятонро ба нақша гирифта тавонед. Вохӯриҳои кориро ба қисми аввали рӯз гузоред. Барои харид каран рӯзи хуб аст, хариди калон бобарор мешавад. Аз хонаи худ дур сафар кардану бо одамон дар робита шуданро тавсия намедиҳем. Ҳавобаландӣ накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бесаранҷомӣ ва ба худ бовар надоштанатон робитаҳои кориро мушкил месозад. Баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда, хабари муҳиме мешунавед. Бегоҳирӯзӣ барои ба меҳмонӣ рафтан мусоид аст. Саломатии худро эҳтиёт кунед, хатари паст шудани масунияти бадан ва шамол хӯрданатон зиёд аст.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар маҷмӯъ рӯзи бобарор аст. Аз саҳар корҳоятонро ба нақша гиред, то ки вақту қувваи худро ба корҳои майда-чӯйда сарф накунед. Агар нияти харидани чизеро дошта бошед, харидро ба таъхир нагузоред. Аз ҳад зиёд қоидаву тартиботро риоя намуда, миҷинг нашавед. Саломатии худро танҳо ба духтурони касбӣ бовар кунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Хастагӣ, дахолати нафарони бегона ба зиндагиятон ё вазъи номусоид ба касбу коратон таъсири манфӣ мерасонад. Ба корҳои дуюмдараҷа таваҷҷуҳ накунед. Мақсаднокӣ ва босаранҷомӣ ҷиҳатҳои манфии рӯзро кам месозанд. Ҳам дар назди худ ва ҳам дар назди одамон ростқавл бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД