arzon replenishment
Толеъномаи 16-уми сентябри соли 2021
3450

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Шумо зиндагии худро бе орзуву омолҳои ошиқона тасаввур карда наметавонед, вале имрғз бояд ҳақиқатбин бошед. Шиносоии нав ва ишқбозиро дар маконе ки кор мекунед, тавсия намедиҳем. Аз баҳри хафагиву гуноҳҳои баъзеҳо гузашт намоед, кинаро аз дил дур кунед. Хеши дуратон ба меҳмонӣ меояд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз зери таъсири нафаре мемонед, ки сабабгори ба фиребу найранг печиданатон мегардад. Фаромӯш насозед, ки камтарин ғалат дар масъалаи молиявӣ боиси муфлисшавиатон мегардад. Барои аз бемориҳои музмин раҳоӣ ёфтан ба саломатии худ диққат диҳед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Муносибататон бо наздикон ё яке аз ҳамкорон вайрон гашта, барои ба худ омаданатон сабру таҳаммули зиёд лозим мешавад. Агар ором шуда, ба ҳодисаи рухдода ба таври дигар нигаред, дар рафтори худ камбудиҳои зиёдеро пайдо мекунед. Барои онки рӯзатон бобарор анҷом ёбад, аз танқид худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ додану ба касе чизеро исбот кардан намехоҳед. Ҳатто баъзе корҳоятонро ба таъхир мегузоред. Беҳтараш рӯзро барои худ ва наздиконатон бахшед. Оғози кори наву ғайриоддӣ бар зарар асту боиси аз даст додани маблағ мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ба садои қалби худ гӯш диҳед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз пулро эҳтиёткорона сарф кунед. Беҳтараш хариди калон накунед, вагарна рӯзи дигар аз чизҳои харидаатон пушаймон мешавед. Дар робита бо атрофиён гузашт карданро биомӯзед. Вақти бештари худро дар ҳавои кушод гузаронед. Барои онки шамол хӯрда, табатон баланд нашавад, саломатиро мустаҳкам созед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Агар ин рӯз худро аз ҳамкорон як сару гардан боло гиред, муносибатҳоятонро вайрон мекунед. Мақоми пештараатонро аз даст додан нахоҳед, ман манӣ накунед. имрӯз ба нафаре ниёз доред, ки дар чунин лаҳзаҳои душвор Шуморо дастгирӣ намояд. Саломатӣ ва табъи хуш аз ҳолати рӯҳиятон вобастагӣ дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин, хусусан, иллати пешобдон, ва гурдаҳо эҳтимол дорад. Атрофиён дамдузду бадқаҳр мешаванд. Дар хонаву ҷои кор нисбати Шумо талабот сахт мегардад. Таъмири хона, ба ҷойи нав кӯч бастан, ва фурӯши хона бобарор анҷом меёбад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Пешниҳодҳои дар ин рӯз пайдошуда ба вазъи молиавиатон таъсири зиёд мерасонанд. Рӯзи бобарор аст. Ба нафароне, ки аз Шумо кӯмак мепурсанд, ба қадри имкон дасти мадад дароз кунед. Атрофиён аз Шумо на маблағ, балки дастгирии маънавиро интизоранд. Чеҳраатонро кушода гиред, мурғи бахтатон наздик аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар нияти ба мағоза рафтанро дошта бошед, хариди калон мекунеду кисаатон холӣ мемонад. Умуман, дар ин рӯз маблағи хеле калон сарф мекунед, хатари аз даст додани пули зиёд аст. Беҳтараш бо тоату ибодат машғул шавед. Кори вазнини ҷисмонӣ ба саломатиатон беасар намемонад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз барои харид ба мағозав бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, ҳатто агар вазъи молиявиатон хуб бошад. Парҳезро риоя намуда, аз хӯрокҳои шӯр, равғанин ва серғизо худдорӣ намоед. Барои рафъ намудани мушкилиҳое, ки байни Шумову дӯстдоштаатон пайдо шудааст, муваққатан робитаатонро қатъ намоед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ҳама кор боэҳтиёт бошед, бо мошини шахсии худ ба сафари берун аз шаҳр баромаданро тавсия намедиҳем. Дарди дилро танҳо дар ҳузури шахсе кунед, ки ба Шумо сидқан боварӣ дошта бошад. Нафароне ки ошиқанд, имрӯз аз дӯстдоштаашон хабари хуш мешунаванд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи хуб аст, хусусан барои табобатва беҳ сохтани вазъи саломатӣ. Агар тарзи табобати пешгирифтаатон самарае набахшад, усули дигари табобатро пайгирӣ намоед. Чанд мушкилии рӯзгор пеш меояд, ки бояд ҳатман аз пайи рафъ карданаш шавед. Барои онки азоби бепулӣ накашед, сарф кардани пулро омӯзед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД