Formula september
Толеъномаи 16 январ соли 2023
2452

 

Ҳамал

Дар ин рӯз аз вазъи молиявии худ хеле қаноатманд мегардед. Барои корҳои қаблан ба анҷом расонидаатон даромад ба даст меоред. Қарзҳои куҳнаро бармегардонанд. Барои бастани ақди никоҳ рӯзи мусоид аст. Ҷойи нави корӣ меёбед, вале бо сафарҳои хидматии дарозмуддат.

 Савр

Дар ин рӯз тамоми корҳоятонро дар корхонаву оила ба дараҷаи аъло ба анҷом мерасонед. Нерӯи худро ба корҳои беҳуда сарф накунед, мурғи илҳоматон нисфирӯзӣ ба парвоз меояд. Саврҳои оиладор ба хотири мустаҳкам сохтани муносибатҳои оилавӣ ба ҳама кор қодиранд.

 Ҷавзо

Бо рақибону ҳасудхӯрон муборизаи шадид оғоз мекунед. Агар шумо тиҷорати шахсӣ дошта бошед, ба ягон ғалат даст заданатон нобахшиданӣ аст. Агар бар замми заҳмат кашидан боз қобилиятҳои ақлониятонро ба кор баред, даромади хуб ба даст меоред.

 Саратон

Ҳар қадаре нисбати кори худ бо виҷдон бошед, ҳамон андоза муваффақ мегардед. Агар оиладор бошед ё дӯстдошта дошта бошед, ба ишқбозӣ роҳ надиҳед. Як хатои ночиз боиси вайрон шудани муносибатҳои чандсолаи ошиқона ё шикасти бахтатон мегардад.

 Асад

Барои рангин сохтани ҳаёти оилавиятон тағйирот ворид кардан мехоҳед. Қабл аз ҷорӣ намудани навгониҳо бо дӯстдоштаатон маслиҳат кунед. Кӯмаки моливу моддиро аз ҷониби наздикон мебинед. Дар танҳоӣ мушкилиҳои ба саратон омадаро рафъ сохта наметавонед.

 Сунбула

Дар ин рӯз наздикон аз шумо кӯмак мепурсанд. Бо вуҷуди нохуб будани вазъи молиявиятон аз мадад расонидан рад накунед. Имкони зиёди ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзӣ аз дидори дӯстон як ҷаҳон ҳаловат мебардоред.

 Мизон

Дар миёни дӯстонатон бадхоҳоне ҳастанд, ки бо ғайбату буҳтонашон ба шумо зарар мерасонанд. Кори худро лаҳзае беназорат нагузоред, зеро аз он ояндаи касбу коратон вобастагӣ дорад. Бегоҳирӯзӣ мулоқоти ошиқона табъатонро болида месозад.

 Ақраб

Дар ин рӯз ақрабҳо касбу корашонро тағйир медиҳанд. Бо ҳунари пазандагиятон ҳамаро ба ҳайрат оварда, ба дӯстон дар амалӣ сохтани амалҳои эҷодиятон кӯмак мерасонед. Рӯзи хубест барои нафароне, ки одатҳои бади худро партофтан мехоҳанд.

 Қавс

Дар ин рӯз нисбати шахси дӯстдоштаатон хеле босабру таҳаммул бошед. Дар хонаи қавсҳои оиладор бо сабаби норасоии маблағ муноқиша рух медиҳад. Ба наздиконатон фаҳмонед, ки вазъи молиявиатон рӯзҳои наздик беҳтар мегардад.

 Ҷаддӣ

Дар роҳи расидан ба мақсад монеаҳои зиёд пеш меоянд. Хариди калонро ба таъхир гузоред, вале таъмири хурд ва корҳои хонаро фавран ба анҷом расонед. Дар ҳаёти шахсии ҷаддиҳо нафари воломақому сарватманде пайдо мешавад.

 Далв

Дар ин рӯз дар сарфи пул сарфакор бошед. Харҷу хароҷотҳои берун аз нақша ба хотири оилаву фарзандон имкон дорад. Бо шарикони корӣ дағалӣ накунед. Агар ҳамкорони кордону ботаҷриба дошта бошед, бо маслиҳат амал намоед.

 Ҳут

Дар ин рӯз бо ҳамсафари ҳаётиятон нофаҳмӣ имкон дорад. Ширкати хориҷие ба шумо шартномаи муфид пешниҳод менамояд. Аз ин туҳфаи тақдир рӯ нагардонед, вагарна сахт пушаймон мешавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД