arzon november
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
1812

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз корҳои вазини худдорӣ намоед, вагарна осеб ёфтану ҷароҳат бардоштанатон эҳтимол дорад. Хайру саховат карданатон хуб аст, вале дар бораи худ низ фикр кунед. Кордатон болои равған гашта, камбудиҳоро ҳал мекунед. Мулоқоти ошиқонаро бегоҳирӯзӣ ба таъхир гузоред, вагарна табъатон хира мегардад.

Савр (21 апрел-20 май)

Нақшаҳои оилавӣ дар ин рӯз аз дигар ниятҳоятон муҳимтар мешаванд. Хариди хӯрокворӣ, таъмири хурд ва дигар корҳоятон бобарор анҷом меёбанд. Эҳтимоли шамол хӯрданатон имкон дорад, сари вақт чор андешида, масунияти баданро мустаҳкам созед, вагарна тирамоҳро дар бистари беморӣ паси сар мекунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар дар ин рӯз байни волидон ва дӯстдоштаатон интихоб кардан лозим ояд, ҳаёти шахсии худро интихоб намоед. Рӯзи бобарорест барои шинос кардани аҳли оила бо дӯстдошта. Барои онки пулҳоятон зуд тамом нашаванд, рӯйхати хароҷоти ҳаррӯзаи худро тартиб дода, маблағро тақсим кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Гардишҳои ногаҳонии қисмат дар масъалаҳои молиявӣ ва касбу коратон дида мешавад. Ба хонаи нав кӯчидан, таъмир ва машваратҳои хуб анҷом меёбанд. Агар нияти ба ободонии хонаву дар машғул шуданро дошта бошед, имрӯз айни муддао аст. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида месозад.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи серташвиш аст, худро ба даст гиред. Хусусан, пулҳои худро хуб пинҳон намоед, инчунин, харид кардану қарз доданро маслиҳат намедиҳем. Ба хасташавӣ низ роҳ надиҳед. Системаи асабатон дар ин рӯз хеле нозук мегардад. Асадҳои муҷаррад ногаҳон ошиқ мешаванду зиндагиашон нуру сафи тоза мегирад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ба ақидаи наздикони худ бодиққат гӯш дода, аз нақшаҳоятон бохабар гардед. Тағйиротҳои куллӣ дар ҳаётатон дида намешаванд, вале барои беҳтар намудани вазъи зиндагӣ бояд манбаъҳои нави даромадро ҷӯё шавед. Натанҳо саломатии худ, балки саломатии наздиконатонро эҳтиёт кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз саросема нашуда, маблағи дар дастдоштаи худро сарф накунед. Камбудиҳое, ки имрӯз сар мезананд, аз пешомадаи мушкилиҳои ҷиддӣ дарак медиҳанд, ки бояд аз пайи рафъ карданашон шавед. Бо нафароне, ки бо Шумо ҷанг кардан мехоҳанд, сар ба сар нашавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз уорҳоятон барор гирифта, хусусан дар ҷодаи ишқу муҳаббат хушхабар мешунавед. Нафароне ки ба хотири Шумо ҷонашонро қурбон мекунанд, қадр намоед. Маоши худро дар чанд рӯз сарф карда, тамоми моҳ бепул монданатон имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ муваққатан аз дарди сар азият мекашед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз наздикон аз Шумо қадаму рафтори ҷасуронаро интизоранд. Беҳ шудани вазъи молиявиатон имкон дорад. Кӯшиш намоед, ки табъи хушу болида ҳамсафаратон бошаду каме бо машқи бадан машғул шуда, саломатиро беҳтар созед. Мардҳои оиладор бояд дар фикри ҳамсари худ бошанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз ҳар кори ночиз асабӣ мешавед. Мушкилу камбудиҳои калонро мардона ва дар танҳоӣ рафъ месозед. Ба масъалаи хӯрокатон диққати бештар диҳед. Барои хӯрдани хӯроки серғизо пулро сарфа накунед. хусусан, аввали рӯз шикаматонро нағзакак сер кунед. Аз дӯстдошта ё волидонатон кӯмаки молиявӣ мегиред.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз таънаву маломати тарафайн имкон дорад. Аз ин лиҳоз, ба ҳуҷум омода бошед. Дар рафъ намудани мушкилиҳо аз ҳад зиёд асабӣ нашаведу ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед. Нақшаҳои кашидаатон баногаҳ вайрон мешаванд, вале рӯҳафтода нашавед. Бегоҳирӯзӣ меҳмонҳои нохондаро интизор бошед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Бегонаҳоро аз нияту нақшаҳои худ огоҳ накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Душманон як камбудиятонро ёфта, ғайбату овоза мекунанд ва ин боиси асабхаробиатон мегардад. Сафарҳои роҳи дурро ба таъхир гузоред, вагарна хатари рух додани вазъиятҳои ногувор имкон дорад.

Кароматуллоҳи Имомалӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД