sebiston july new
Толеъномаи 18 январ
18.01.2022
Нодира
3711

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аслан дар дунё одами бегуноҳ нест, вале имрӯз тамоми одатҳои бад ва ҷиҳатҳои бадтарини хислати худро нишон медиҳед. Аз ҳад зиёд якраву боғурур ва худхоҳ мегардед. Беҳтараш имрӯзро дар хона гузаронед, дар акси ҳол бо ҳамкорон сахт ҷанҷол мекунед. Табъи гирифта ба саломатиятон низ бе асар намемонад.

Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз пурра ба мушкилоти рӯзгор фурӯ меравед. Таъмири ба нақшакашидаи хонаатон маблағи зиёд талаб мекунад. Барои сохтмон ва тағйир додани нақшаи хона рӯзи мусоид аст. Агар шумо дар офис кор мекарда бошед, ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо ҳушёриро аз даст надиҳед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз бояд аз пайи беҳдошти саломатии худ шавед. Агар имконият дошта бошед, бо аҳли оила витамин истеъмол намуда, чораҳои пешгирикунандаи бемории зукомро ба кор баред. Бо шарофати муносибати хуб бо ҳамсаратон зиндагиятон ширин мегардад. Аз мушкилиҳои молиявӣ руҳафтода нашавед.

Саратон (22 июн-22 июл)
Ба саратон ақидаҳои ҷолиби зиёде меоянд. Ҳарчӣ зудтар аз пайи амалӣ карданаш мешавед, вале барои ин танҳо хоҳиш доштанатон кифоя нест. Барои ба ҳадаф расидан бояд дилпурона амал намоед. Нисбати аввалин нишонаҳои бемории зуком бепарвоӣ зоҳир накунед.

Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз агар дамдузд нашуда, хушчақчақ бошед, ҳамсафари ҳаётии худро пайдо месозед. Бегоҳирӯзӣ асадҳои танҳо ҷуфти худро пайдо месозанд. Бо шарофати табъи болида атрофиёнро ҷалб менамоед. Ба нафароне, ки аз шумо кӯмак мепурсанд, рад накунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз барои комилан тағйир додани тарзи ҳаёти худ омода ҳастед. Зимни сафарҳо бо нафарони аҷиб шинос шуда, таассуроти зиёде мебардоред. Нафарони муҷаррад ишқбозӣ кардан мехоҳанд. Рӯзи бобарор аст, орзуҳои зиёдатон амалӣ мешаванд. Нисбати саломатӣ ҳушёриро аз даст надиҳед, вагарна ба худатон зарар мерасонед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ғайри хоҳиши худ ба вазъиятҳои ногувор афтиданатон имкон дорад. Аз баҳсу мунозира, ғайбату моҷарои ҳамкорон худро дур гиред. Беҳуда кӯшиши ба ҳама ҳақ будани худро исбот насозед, вагарна вазъият бадтар мегардад. Беҳтараш бетараф бошеду давраи душворро паси сар намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар дар ин рӯз ба ҷои кор истироҳатро интихоб намоед, бурд мекунед. Шумо аввали сол барои пурра таъмин сохтани эҳтиёҷоти аҳли оила заҳмати зиёд кашидед. Назди телевизор нашинеду ба истироҳати берун аз шаҳр бароед. Ҳавои тоза андешаҳои мағшушро аз саратон дур месозад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз хабарҳои зиёде мешунавед. Барои он ки ба хатогӣ роҳ надиҳед, дурустии хабарҳоро санҷиданатон лозим меояд. Бо нафароне, ки нияти бо шумо ҳамкорӣ карданро доранд, вохӯрданро тавсия намедиҳем. Дар аввал ғоибона дар бораашон маълумот ҷамъ карда, баъдан дар тамос шавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ба сафари роҳи дур баромаданатон хуб аст. Агар имкон дошта бошед, ба истироҳат равед. Бояд гуфт, ки нафарони дар мучали ҷаддӣ тавлидёфта истироҳати зимистонаро дӯст медоранд. Барои болидагии хотиратон дӯстонро низ даъват кунед.

Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз камшавии нерӯву қуввататонро эҳсос мекунед. Ин таъсири ҳавои сард ё мушкилиҳои якҳафтаина аст. Аз ҳамин рӯз сар карда, витаминҳои қувватбахш истеъмол намоед. Фаромӯш насозед, ки табъи хушу болида аз ҳама чиз муҳимтар аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)
Як қатор мушкилиҳои вобаста ба саломатиятон пайдо мешавад. Бемориҳои куҳна хуруҷ намуда, гирифтори зуком гаштанатон имконпазир аст. Барои барқарор сохтани нерӯву мустаҳкамсозии масуният бояд ғизои хуб истеъмол карда, истироҳат кунеду одатҳои бадро аз худ дур созед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД