formula
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2023
2034

 

Ҳамал

Рӯзи ором аст. Агар нияти хона хариданро дошта бошед, беҳтараш ин корро ба таъхир гузоред. Маблағи даркориро ҷамъ карданатон душвор мегардад, қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Муносибати самимона нисбати атрофиён мавқеатонро дар касбу кор мустаҳкам месозад.

 

Савр

Агар бо кори савдо ва тиҷорат машғул бошед, ба ҳар коре, ки даст занед, ба таври олӣ ба анҷом мерасонед. Аз дастовардҳои худ фахр мекунед. Ба савдои калон даст зада, дар оянда даромади хуб ба даст меоред. Чанд корро якҷоя оғоз накунед.

 

Ҷавзо

Ин рӯз дар хотираи шумо ҳамчун рӯзи беҳтарин нақши худро мегузорад. Ҳатто меҳнати душвортарин бароятон ҳаловат мебахшад. Дӯстдоштаатон бо як рафтори аҷиб хотиратонро шод месозад. Бегоҳирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки аз диданаш хеле шод мегардед.

 

Саратон

Ҳарчанд дилатон дар ин рӯз фароғату истироҳат мехоста бошад ҳам, хеле серкор мешавед. Нафарони оиладорро ташвишу камбудиҳои рӯзгор хотирпарешону кисаҳояшонро холӣ мекунад. Барои ба бозор рафтану харид кардан рӯзи бобарор аст.

 

Асад

Дар ин рӯз бо рафъ намудани муноқишаву баҳсҳои дигарон машғул нашавед. Сари бе ҷанҷоли худро дар ҷанҷол нагузоред. Агар мушкили пулӣ дошта бошед, аз пайи рафъ карданаш шавед. Рӯзи бобарорест барои ба меҳмонӣ рафтану аёдати пайвандон.

 

Сунбула

Дар ин рӯз ба ҳунару истеъдод ва кордонии худ қоил мешавед. Корҳои бар дӯш доштаатонро ба дараҷаи олӣ ба анҷом мерасонед. Вақти бештари худро бо наздикон гузаронед. Ба нафаре, ки дар назди шумо дигаронро ғайбат мекунад, бовар накунед.

 

Мизон

Дар ин рӯз бояд аз пайи анҷом додани корҳои нотамоматон шавед. Агар серҷоғӣ кардан гиред, шахси бароятон азизро меранҷонед. Гапу рафтор ва андешаҳоятонро зери назорат гиред. Ақидаҳоятонро дар амал татбиқ намуда, обрӯятон зиёд мегардад.

 

Ақраб

Дар ин рӯз бо душворӣ пул сарф мекунед, ҳол он ки мушкилиҳои пешомада шуморо маҷбур месозанду хароҷот карданатон лозим меояд. Бо сабабҳои мушкилоти рӯзгор муноқишаи ҷиддӣ имкон дорад. Бо наздикон муносибатҳоятонро вайрон накунед, хеле сабур бошед.

 

Қавс

Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи душвортарин аст. Қисми зиёди маблағатонро, ки бо душворӣ пайдо карда будед, аз даст медиҳед. Чунин вазъият бар асари фиребгарии шарикони тиҷоратӣ рух медиҳад. Дар оянда кӯшиш намоед, бо чунин нафарон ҳамкорӣ накунед.

 

Ҷаддӣ

Агар дар ин рӯз корҳои пешинаро ба анҷом расонед, ба муваффақият наздик мегардед. На танҳо ба касбияти худ, балки ба таҷрибаи бой такя намоед. Маслиҳати наздиконро дар ҳама кор ба эътибор гиред. Барои ободонии хонаву дари худ дар якҷоягӣ амал намоед.

 

Далв

Дар ин рӯз хеле зудранҷ мегардед. Атрофиён бо ҳар сабаб неш зада, шуморо асабӣ месозанд. Барои ба муноқиша гирифтор нашуданатон худро аз нафарони дағалгуфтор дур гиред. Аз хомӯш истодан бурд мекунед. Бояд гуфт, ки қобилиятҳои касбии шумо беназир аст. Аз ин рӯ, ба ҳар гап эътибор надиҳед.

 

Ҳут

Дар ин рӯз бо наздиконатон муноқиша имкон дорад. Наздикон аз серкории пайвастаи шумо норозӣ ҳастанд. Агар шумо бо тиҷорат машғул бошед, моҳияти кори худро ба онҳо фаҳмонед. Ба ҳар ҳол барои бо аҳли оила бештар вақт гузаронидан кӯшиш намоед. Серкорӣ боиси хафагиву дилсардии ошиқон низ мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД