Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2348

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз мушкили дигаронро аз мушкили худ болотар гузоштанатон лозим меояд. Албатта, ин ҳолат табъатонро хира мегардонад, вале ба хотири ояндаи нек шумо бояд чунин рафтор намоед. Вазъият ба зудӣ тағйир меёбад. Нисбати шахси дӯстдошта муҳаббати зиёд зоҳир карданатон лозим меояд.

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи душвор аст. Нақшаву ниятҳоятон тағйир меёбанд. Вазъият ба хости дили шумо амалӣ намегардад. Эҳтимоли гум кардани пул, бемор шудан ва ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад, ба ҳамин хотир, эҳтиёт кунед. Дар ҷодаи муҳаббат ягон тағйирот дида намешавад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Мушкиливу ташвишҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, ба зудӣ ба сомон расонида наметавонед. Аз муноқиша бо ҳамкорон худдорӣ намоед. Беҳтараш хомӯширо пеша намуда, бо баҳсу мунозира табъи худу атрофиёнро озурда насозед. Саломатии нафароне, ки бештар дар ҳавои тоза сайру гашт мекунанд, ташвиш намедиҳад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои расидан ба мақсад кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед. Вақту қувваи сарф кардаатон барҳадар намеравад. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат нисбати шахси дӯстдоштаатон худхоҳӣ зоҳир накунед. Аз шӯхиҳои ноҷову гуфтори беандеша андаке худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-22 август)

Ҳар қадаре дар ин рӯз ташаббусро кам нишон диҳед, ҳамон андоза бурд мекунед. Ҳангоми робита бо атрофиён ба дағалӣ роҳ доданатон имкон дорад. Бо вуҷуди пок будани нақшаву ниятҳо, натиҷааш шуморо шод намесозад. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан, нағзакак андеша кунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз эҳтимоли бад шудани вазъи саломатиятон вуҷуд дорад. Дарди сар, хастагӣ ва хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Беҳтараш барои хубтар шудани саломатӣ аз пайи пешгирӣ намудани бемориҳо гардед. Эҳтимоли бо шахси наздикатон моҷаро кардан вуҷуд дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ҳама гуна имкониятҳои истироҳаткуниро истифода баред. Хароҷоти худро ба нақша гирифта, пулро беҳуда сарф накунед. Рӯзи хубест барои ба тартиб овардани хонаву дар ва таъмиру ободонӣ. Ҷашну хурсандиҳои дар ин рӯз баргузоргашта то дергоҳ дар хотиратон нақш мебандад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Нисбати наздикони худ сабукфикрӣ накунед. Худатон нафаҳмида, нафареро сахт меранҷонед. Дар ҷодаи касбу кор яку якбора аз пайи иҷрои чанд кор нашавед. Кӯшиш намоед, ки ба касе пул қарз надиҳеду худатон низ қарз нагиред. Қабули меҳмон табъатонро болида мегардонад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз дӯстону шиносон сабабгори рашки дӯстдоштаатон мегарданд, аз ин рӯ, бо нафаре чақ-чақу ширинсуханӣ ва сайру гашт накунед. Баъди нисфирӯзӣ вазъи саломатиятон каме нохуб мегардад. Ба назди духтур равед, беҳтар аст. Аз нӯшидани оби хунук ва хӯрокҳои равғанин худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҳар нақшаву нияте, ки доред, боҷуръат аз паяш шавед. Шахси дӯстдоштаатон шуморо дастгирӣ мекунад. Бо дӯстони дерин вохӯрда, болидарӯҳ мегардед. Дар касбу коратон ягон тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Эҳтимоли бо шахси дағал рӯ ба рӯ шуданатон вуҷуд дорад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Нисбати мушкиливу хоҳиши наздикон бодиққат бошед. Ба нафароне, ки ба шумо маблағи зиёду пешравиҳоро ваъда мекунанд, дарҳол бовар накунед. Агар дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон ягон нофаҳмӣ рух диҳад, саросема хулосабарорӣ накунед ва каме андеша ронед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз кори зиёдеро ба анҷом додану сари қарорҳои муҳим омаданатон лозим аст. Корҳои имрӯза аз шумо қувваи зиёдеро талаб намекунанд. Баъди расидан ба қуллаи муваффақият аз пайи корҳои дигар шавед. Дар моҷарову нофаҳмиҳо ширкат варзиданро тавсия намедиҳем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД