shoh palace
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2022
2327

Ҳамал

Имрӯз диққати худро ба масъалаҳои марбут ба даромади пулӣ, харидкунӣ, ғизохӯрӣ ва вазъи молиявӣ равона месозед. Рӯзи хубест барои пайдо намудани сарчашмаҳои нави даромад. Мутаассифона, баъзе пешниҳоду манбаҳои нави пайдошуда ба шумо ягон тин фоида намеоранд. Бемориҳои сарзадаро бо худтабобаткунӣ рафъ намуда наметавонед.

Савр

Имрӯз агар ба садои қалби худ гӯш дода амал кунед, ҳатман муваффақ мегардед. Агар талаботҳои азалии худро дар мадди аввал гузоред, ба ғалату камбудӣ роҳ намедиҳед. Агар шумо дар моҳи апрел таваллуд шуда бошед, ба ҳиллаву найранг роҳ надиҳед. Комёбиҳои шумо боиси рашку ҳасади дигарон мегардаду рақобат шадид мегардад.

Ҷавзо

Имрӯз барои зодагони мучали ҷавзо дар ҷои аввал мушкилоти пулӣ меистад. Молу ашёи қиматбаҳои худро дар ҷои амнтар нигоҳубин намоед, барои ба даст овардани маблағ роҳҳои нави пулкоркуниро ҷӯед. Аз касбу коре, ки дар мадди аввал чандон фоиданок намешуморед, дарҳол рӯ натобед.

Саратон

Зодагони мучали ҷавзоро дар муносибатҳои ошиқона ва робита бо дӯстон тағйиротҳо интизор аст. Баъзеҳо аз ошиқони худ ҷудо мешаванд ё аз ёри худ ҷудо шуда, ба сафари роҳи дур мебароянд. Сафи дӯстонатон зиёд шуда, бо нафари аҷибе шинос мешавед. Баъзан кушиш намоед, ки фикру ақидаи ҳамсуҳбати худро ба эътибор гиред.

Асад

 

Рӯзи муътадил аст. Баъзе ошиқон бо ҳам каме муноқиша мекунанд. Барои хона харид мекунед, вале яке аз наздикон аз шумо меранҷад. Хафагиҳои оилавиро бо харидани қандинаву ширинӣ бартараф кардан мумкин аст.

Сунбула

Мушкилоти оилавӣ шуморо барои ба сафар баромадан водор месозад. Ҳама кор табъи дилатон анҷом намеёбад. Бо нафароне, ки имрӯз дар робита мегардед, забон ёфтанатон душвор мегардад. Рӯзи хубест барои аз худ намудани таассуротҳои наву ҷолиб.

Мизон

Дар ин рӯз хариди калон карданро тавсия намедиҳем, танҳо чизҳои даркориро харид кардан кифоя аст. Дар ҳаёти шахсӣ тағйиротҳо имкон дорад. Эҳтимол аз дӯстдоштаи худ ҷудо мешавед ё шояд баръакс бо нафаре шинос шуда, ошиқ мегардед. Фарзандон диққати бештар талаб мекунанд. Мурғи илҳоми нафарони эҷодкор ба парвоз меояд.

Ақраб

Нафаре аз наздикон нисбати шумо этирозу норозигӣ баён намуда, аз сардиву беилтифотиятон шиква мекунад. Мушкилоти оилавиятон зиёд гардида, аз ҷониби ҳамсафари ҳаётӣ дастгирӣ эҳсос намекунед ва дар натиҷа сахт меранҷед. Аз хариди калон худдорӣ намоед.

Қавс

Зодагони мучали ақраб аз зиндагии шахсии худ норозианд ва дар ин маврид бо нафаре дарди дил кардан мехоҳанд. Бо нафаре аз пайвандон мушкилоти ҳаррӯзаи худро баррасӣ намуда, ба нафаре кумак расониданатон лозим меояд. Саломатии яке аз наздикон боиси ташвишатон мегардад.

Ҷаддӣ

 

Дар ин рӯз ба касе пул қарз надиҳед. Ҳатто агар дӯстонатон хоҳиш кунанд ҳам, ягон баҳона ёбед. Дар акси ҳол пулро бо ду дасти адаб дода, барои баргардониданаш хеле азият мекашед. Барои шахси дӯстдошта ва фарзандон маблағи зиёд сарф накунед. Имрӯз бояд пулро сарфа кунед, вагарна кисаҳоятон бе пул мемонед ё пулро беҳуда сарф мекунед.

Далв

Дар оилаатон нофаҳмиҳо сар мезананд, хусусан бо нафарони калонсоли оила забон ёфтанатон душвор мегардад. Нуқтаи назари худро ба сари наздикон бор накунед. Қабл аз он ки ба нафаре пул қарз диҳед, нағзакак фикр кунед. Эҳтимоли он ки худатон азоби бе пулӣ мекашед, хеле зиёд аст.

Ҳут

Дар муносибатҳои дӯстона тағйиротҳо имкон доранд. Аз дӯсти наздикатон ҷудо нашавед ҳам, байнатон нофаҳмии ҷиддӣ сар мезанад. Ҳама гуна нофаҳмиҳои дар ин рӯз сарзадаро ба дил наздик қабул мекунед. Аслан бо ҳар сабаби ночиз ғамгин мегардед. Ҳангоми харид кардан эҳтиёт шавед, аз имконияти худ бештар пул сарф накунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД