arzon november
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
5194

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз субҳи содиқ худро ба даст гиред ва ба эҳсосот дода нашавед. Дар умум рӯзи бобарор аст. Корҳои зиёдатонро ба анҷом мерасонед, ҳатто аз уҳдаи корҳое, ки чанд муддат пеш дастнорас буданд, баромада метавонед. Ҳурмату эҳтироматонро атрофиён қадр мекунанд. Дар муносибатҳои ошиқона мушкилие дида намешавад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Аввали рӯз душвору серташвиш меояд. Дар ин рӯз диққати бештари худро ба корҳои бегонагон равона сохтанатон лозим меояд. Бо ҳамин сабаб нақшаҳоятон тағйир ёфта, сахт ба ғазаб меоед. Кӯшиш намоед, ки нафарони азизтарини худро дар сари қаҳр озор надиҳед. Нимаи дуюми рӯз бобарор меояд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ҳамагуна масъалаҳои муҳимро нимаи аввали рӯз ҳаллу фасл намоед. Ҳар нофаҳмие, ки дар муносибатҳои шахсиатон вуҷуд дошта бошед, сари вақт рафъ намоед, вагарна хафагиву ранҷиш зиёд мегардад. Наздикон ба дастгириву меҳрубониятон ниёз доранд, кӯшиш намоед, ки вақти бештари худро бо онҳо сипарӣ намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи серташвиш аст, шуғлҳои аҷиб пайдо мекунед. Кӯшиши ба анҷом расонидани ҳама корро накунед, диққати худро ба корҳои муҳимтарин равона созед. Зимни робита бо нафароне, ки бароятон азизанд, бо дағаливу густохӣ роҳ надиҳед. Ҳарфҳои ноҷои гуфтаатон сабабгори муноқишаву хафагӣ мегарданд.    

Асад (23 июл-22 август)

Аз нобарории корҳоятон руҳафтода нашуда, ба пеш ҳаракат намоед. Бо устуворӣ ба натиҷаи назаррас ноил мегардед. Дар робита бо атрофиён сабур бошед. Аз фишору ҳуҷум худро ҳимоя намуда, ба нафароне, ки аз хубиятон истифода бурдан мехоҳанд, имкон надиҳед. Аз нигоҳи зираки шумо иштибоҳе намегузарад.    

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Мушкилиҳои сарзадро бо табъи болида рафъ месозед. Хеле муҳим аст, ки ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, хусусан, агар дар танҳоӣ амал мекарда бошед. Нимаи дуюми рӯз сафарҳои аҷиб ва вохӯрӣ бо нафарони ғайриодӣ имконпазир аст. Кунҷкобии зотӣ имкон медиҳад, ки маълумоти даркориро ба даст оред.    

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи серташвиш бошад ҳам, онро душвор номидан мумкин нест. Таҷрибаи пештар андӯхтаатон фоидабахш мегардад. Ҳодисаҳоеро, ки чанде қабл аз сар гузаронида будед, бори дигар андешаронӣ намоед, он гоҳ ғалатҳои содиркардаи худро дигарбора такрор намекунед. Даромади иловагӣ дар назар аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бад нест. Дар корҳои зиёди худ муваффақ мегардед. Аксар вақт дар ин кор дилёбии шумо нақш мебозад. Шумо ба атрофиён маъқул ҳастед, шуморо дастгирӣ мекунанд. Вале баъзан атрофиён бо меҳрубонии худ аз ҳад мегузаронанд ва имкон намедиҳанд, ки мустақилона амал намоед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи бобарор, самарабахш ва аҷиб аст. Корҳоятон зиёд мешаванд, вале шумо аз чизе шикоят намекунед, чун барои чӣ заҳмат кашидани худро хеле хуб дарк менамоед. Ҳатто нафарони танбал хеле хуб меҳнат мекунанд. Нимаи дуюми рӯз шиносоиҳои гуворо ва барои қавсҳои муҷаррад изҳори муҳаббат имконпазир аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар нақшаҳои бузург дошта бошед, аз субҳ барои амалӣ сохтанашон омодагӣ бинед. Рафту кореро ба таъхир гузоред, ҳеҷ гоҳ онро амалӣ карда наметавонед. Вохӯриҳои кориву шахсиро то нисфирӯзӣ ба анҷом расонед. Баъзе зодагони мучали ҷавзо сирру асрори худро ба нафаре фош месозанд, ки барояшон дӯст нест.    

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи душвор аст. Табъи хушро нигоҳ доштан мехоҳед, вале бо душворӣ муваффақ мегардед. Вазъиятро идора кардан бароятон имконнопазир мегардад. Хатоҳои пешинаи худро такрор накунед. Аз таҷрибаи бегонаҳо истифода баред. Аз пурсидани маслиҳат аз нафароне, ки нисбаташон эътимод доред, шарм накунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз хабару навигариҳои зиёд мешунавед. Бо вуҷуди барор нагирифтани корҳоятон руҳафтода намешавед, зеро муътақид ҳастед, ки дертар ба мақсад хоҳед расид. Нимаи дуюми рӯз ҳодисаҳои ногувору дилмондагӣ имкон дорад, ҳатто бо нафарони наздиктарини худ забон ёфтанатон мушкил мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД