sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3040

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи пур аз ҳодисаҳои ногувор аст. Аз ҳама гуна муноқиша ва баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон мушкилӣ сар мезанад. Шумо бо шахси дӯстдоштаатон забон ёфта наметавонед ва бо ҳар сабаби ночиз муноқишаву низоъ ороста, баъдан сахт пушаймон мешавед.  

 

Савр (21 апрел-20 май)

Аз пайи корҳои нав нашавед, корҳои куҳнаро ба анҷом расонед. Айни замон ба касе чизеро ваъда надиҳед, ӯҳдадориҳои зиёдро низ ба дӯш нагиред ва ба ваъдаҳои хушку холӣ бовар накунед. Баъди нисфирӯзӣ дар робита бо хешовандони калонсолатон ногувориҳо сар мезананд. Аз зиддият худдорӣ намуда, гузашт кунед.  

 

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи серташвиш аст. Барор ба шарте ҳамсафари шумо мегардад, ки ба атрофиён ҳақ будани худро собит карда тавонед. Тамоми ғаму андӯҳи дар қалбатон ниҳон бударо ба наздикон нишон надиҳед. Ба касе қарз надиҳеду аз касе ҳам қарз нагиред. Бад шудани вазъи саломатӣ нишонаи серкорӣ аст.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи душвор ва пур аз моҷарост. Хабарҳои ногувор ё бадгумонӣ нисбати наздикон боиси рух додани ғалат ва нофаҳмӣ дар хона мегардад. Эҳтимол, дар ин рӯз пули зиёд сарф мекунед. Ба саломатии худ ва наздикон диққати хоса диҳеду нӯшокӣ ва хӯроки сард истеъмол накунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Воқеаҳои имрӯз ба асаб ва ҳолати рӯҳии шумо таъсири бад расонида, боиси ба ғазаб омадану муноқишаву низоъ мегарданд. Асабонияти шумо ба серкориатон алоқамандӣ дорад. Барои ба худ омадан бештар истироҳат кунед. Аз дидори ногаҳонии дӯстдоштаатон болидарӯҳ мегардед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст, корҳои зиёдатон барор мегиранд. Нафароне, ки аз ӯҳдаи кор намебароянд, аз наздикон ё шиносҳои дерин кӯмак мепурсанд. Кӯшиш намоед, ки ба доираи нафарони бадкирдор ворид нагардед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира гашта, вазъи саломатиятон нохуб мегардад.  

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Аз ҳад зиёд кӯшиш накунед, коре, ки ба назаратон душвор менамояд, дар асл сабук аст. Шубҳаву гумонро аз дил дур сохта, боҷуръаттар амал намоед. Баъди нисфирӯзӣ аз баҳсҳои нодаркор худдорӣ намоед. Ба коре, ки боиси нохуб гаштани вазъи саломатиятон мегардад, даст назанед.  

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи душвор аст. Бо сабаби пеш омадани хароҷоти ногаҳонӣ ё гум кардани чизи қиматбаҳо бад шудани вазъи молиявиатон имкон дорад. Мардҳоро вохӯрии ногувор ё хабаре интизор аст, ки ба ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои манфиро ворид месозанд. Дар ҳама кор кӯшиши зиёд карданатон лозим меояд.  

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз қувваи зиёдеро сарф карданатон лозим меояд. Мушкилиҳои сарзада ҳаётан муҳим набошанд ҳам, барои рафъ карданашон қувва ва вақти зиёд сарф мекунед. Ба кӯмаки нафаре умед набандед, вагарна тамоми вазнинӣ ба китфи худатон бор мегардад. Сабру таҳаммулро пеша намоед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бо касе дарди дил карданро маслиҳат намедиҳем, вагарна сахт пушаймон мешавед. Эҳтимоли муноқиша кардан бо нафарони ношинос, рух додани сӯхтор ё вохӯрӣ бо душманонатон вуҷуд дорад. Агар дар рафтори дӯстдоштаатон чизе табъатонро хира месохта бошад, хомӯш наистед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Аз суҳбат бо дӯстдоштаатон болидарӯҳ мегардед. Дар сарф кардани пул боэҳтиёт бошед, хатари аз даст додани маблағи пулӣ имкон дорад. Тамоми кушишу диққати худро барои ҳифз намудани саломатӣ равона созед. Тамоми тавсияи табибонро оиди пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ риоя намоед.  

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Ҳамагуна кору амалатон кӯшишу талоши зиёдро талаб мекунад. Дар муносибатҳои ошиқона шубҳаву гумонро аз худ дур намуда, боҷуръат амал намоед. Ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна тамоми пасандози худро дар як рӯз сарф карда, азоби бепулӣ мекашед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД