arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
3261

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ҳаёти аксари ҳамалҳо бо сабаби мушкилиҳои молиявӣ бо ҳамкорон ва роҳбарияти коргоҳ муноқиша сар мезанад. Баъзеҳо аз ин моҷаро бурд мекунанд. Ҳаёти шахсии худро махфӣ нигоҳ дошта, рақами суратҳисоб ва пароли почтаи электронии худро ба касе нагӯед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз дар гуфтору рафтор бодиққат бошед. Аз худхоҳиву худпарастӣ худдорӣ намуда, танқиди одилонаро қабул карданро омӯзед. Баъди нисфирӯзӣ хабари ногаҳонӣ боиси ба мушкилиҳои оилавӣ ворид гаштанатон мегардад. Баъзеҳо бо мушкилиҳои фарзандон саргардон мешаванд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Аз субҳи барвақт занги телефонии дӯсти собиқатон табъатонро хира месозад. Аз ҳад зиёд зудбовару сода нашавед ва мушкили дигаронро ба зиндагии худ ворид насозед. Барои сафари роҳи дур, таъмири мошин ва таъмири техника рӯзи мусоид нест. Дар ҳаёти шахсиятон мушкилиҳо сар мезананд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хатарнок аст, дар оилаву касбу коратон мушкилиҳо пеш меоянд. Хислати ғамхорӣ ва дилсофиятон боиси мазоқу масхараи душманон мегардад. Ба чунин нофаҳмиҳо диққат надиҳед. Агар имкон дошта бошед, ба ниёзмандон дасти хайру саховат дароз кунед. Ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез ҳушёр бошед.

Асад (23 июл-22 август)

Мушкили асосии шумо дар ин рӯз нофаҳмӣ бо ҳамсафари ҳаётӣ ё дӯстдоштаатон аст. Барои оштӣ шудану ба ҳамдигарфаҳмӣ омадан бояд ба якдигар гузашт карданро омӯзед. Бархеҳо соҳиби вазифа мегарданд ё даромади пулӣ ба даст меоранд. Дари хонаи шумо бояд барои меҳмонон ҳамеша боз бошад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз хомӯш наистед, фикру андешаҳои худро ба атрофиён расонед. Аз фаъол будани шумо касбу кор, обрӯву нуфӯз ва миқдори пулҳои ҳамёнатон вобастагӣ дорад. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, ҳангоми зуком ба табиб муроҷиат кунед. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданатон имкон дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи хатарнок аст, дар оилаву ҷодаи касбу кор мушкилиҳо сар мезананд. Ҳодисае боис мегардаду дилатон аз дӯстдоштаатон мемонад. Камтарин низоъ боиси аз ҳам ҷудо гаштанатон мегардад. Саломатиро эҳтиёт карда, аз ашёҳои нӯгтез, шиша ва оҳан худро дур гиред. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ низ ҳушёриро аз даст надиҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳар қадаре маблағи ҷамъкардаи худро пинҳон кунед ҳам, имрӯз маҷбур мешавед, ки пул сарф кунед. Барои эҳтиёҷоти фарзандон, таъмири мошин ва наздиконатон хароҷот мекунед. Инчунин, фавран аз пайи ташхиси тиббӣ шуданатон лозим меояд, ки он низ маблағи зиёдро талаб мекунад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қабл аз он ки касеро танқид мекунед, ба рафтори худ нигаред. Дар дунё нафари бе камбудӣ нест, аз ин лиҳоз, нисбати дӯстон кинояву норизогӣ накунед. Вазъи молиявиатон бо оҳистагӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Барои ошиқон рӯзи мусоид аст, меҳру муҳаббати зиёдро эҳсос намуда, болу пар мебароред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи душвор аст, дар оилаву касбу кор мушкилиҳо сар мезананд. Эҳтимоли бемор шудани дил, меъда ва устухонҳоятон вуҷуд дорад. Аз корҳои ҷисмонӣ худдорӣ намоеду бори вазнин набардоред. Ба мушкилиҳои сарзада оромона назар кунед. Орзуҳои ошиқонаатон амалӣ намегарданд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Худро дар ҳама кор ва дар назди ҳама гунаҳкор эҳсос мекунед ва чунин ҳолат то бегоҳ давом мекунад. Беҳтараш диққати худро ба коре, ки даромади хуб меорад, равона намоед. Нафарони муҷарраде, ки дӯстдошта доранд, бо сабаби ночиз дили ёри худро меранҷонанд. Бегоҳирӯзӣ андаке нотоб мегардед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз табъатон гирифтаву маъюс мегардед. Рӯҳафтодагӣ ба ҳаётатон бетаъсир намемонад, аз ин лиҳоз, худро ба даст гиред. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намуда, кори табъи дил ва сердаромадро ҷӯё шавед. Аз робита бо нафарони шубҳанок худдорӣ намоед. Вазъи саломатиатон нохуб мегардад.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД