formula
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ МАЙИ СОЛИ 2023
2259

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Барои анҷоми корҳоятон қувваи зиёд сарф менамоед. Дар муносибатҳои ҳамалҳои оиладор нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд, ки ҳатто ба ҷудоӣ оварда мерасонад. Дар охири рӯз хушхабар мешунавед. Барои бо дӯстдоштаатон ба тамошо рафтан вақти мусоид аст.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ҳолати равониатон хуб нест, бинобар ин кӯшиш кунед аз марази тамошои одамон дур бошед. Рафтан ба маъракаю ҷашнҳоро низ тавсия намедиҳем. Барои беҳтар кардани ҳолати рӯҳиятон тамошои кино ё гӯш кардани мусиқии ором тавсия дода мешавад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз ҳамаи ҳушу хаёлатон ба шахсони наздикатон банд мешавад. Эҳтимол яке аз онҳо ба нохушие дучор мешавад. Рӯҳафтода нашавед, шумо бояд устувору қуввати дили наздикон бошед. Аз пурсидани кумак шарм надоред, дӯстон дар чунин рӯзҳо даркор мешаванд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Барои ба эътидол даровардани саломатӣ ва нерӯи бадан ба шиноварӣ ва варзиши сабук машғул шавед. Серкорӣ ва синну сол баҳона шуда наметавонад. Фаромӯш насозед, ки ин кор барои оромии асабҳо низ кумак мерасонад. Барои харидани лавозимоти хона вақту фурсати хуб аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Шумо зиёд меҳнат кардед ва ҳаққи онро доред, ки имрӯз ба бозору мағоза равед, барои худ харид кунед. Имиҷи худро низ бояд тағйир диҳед, ин дар пешравии коратон мусоидат мекунад. Охир одамро аввалан аз либоспӯшиаш баҳо медиҳанд, баъдан аз ақлу саводаш.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ба касе аз камбудиҳои рӯзгоратон имрӯз ҳарф назанед, зеро гапҳои шуморо ҳатман ба шахсе мерасонад, ки набояд донад. Зиёд рӯҳафтода нашавед, ба саломатиатон зиён меоварад. Бо азизи дилатон лаҳзаҳои хотирмонро мегузаронед ва табъатон болида мегардад.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Барои бартараф кардани баъзе мушкилот ба шумо кумаки хонуми калонсоли авлод лозим меояд. Дар муошират бо пайвандон дағалӣ накунед. Кӯдаконро ба тамошои табиат ё лоақал ба боғи ҳайвонот баред. Дар муносибатҳои ошиқона ягон навгоние дида намешавад. Саломатиатон давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аз воқеаҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, рӯҳафтода нашавед, балки баръакс онро барои худ дарс шуморед.  Агар сабаби ба чунин вазъият афтоданатонро дарк намуда, онро дигар такрор накунед, хушҳолона умр ба сар мебаред. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мувофиқ нест. Даромади пулии хурде дар назар аст.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Аз оне, ки атрофиён ҳар лаҳза бо саволҳои гуногун ба шумо муроҷиат мекунанд, асабӣ нашавед. Баръакс бояд хушҳол шавед, ки дигарон аз шумо чизе меомӯзанд. Сарфи маблағи зиёд ба манфиати киссаи шумо нахоҳад буд. Дар ҳавои тоза бештар сайру гашт намоед, ин амал ба хоби орому бароҳат мусоидат мекунад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз дар ҳаёти шахсиатон тағйироте ба амал меояд. Онеро ба даст меоваред, ки дербоз интизораш будед. Хушҳолии худро бо дӯстон ҷашн гирифтан фикри хуб аст, аммо аз ҳад нагузаронед. Азизи дилатонро ин лаҳзаҳо набояд танҳо гузоред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз аз ҷониби касе кумаку дастгирӣ мебинед, ки душмани хеш меҳисобидед. Баръакс аз амали баъзеҳое, ки дӯсташон меҳисобидед, хашмгин мешавед. Беҳтар мебуд дар танҳоӣ бошед ва ба хабарҳои носанҷида бовар накунед. Дар ҳавои тоза дар танҳоӣ сайругашт намоед. Бо асабҳои ноором сари чанбараки мошин нашинед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аввали рӯз зиндагӣ шуморо дар сари дуроҳа қарор медиҳад ва шумо бояд якеашро интихоб кунед. Дар интихоб на аз маслиҳати дигарон, балки аз ҳиссиёти хеш кор гиред. Бояд худхоҳ набошед ва дар бораи он, ки рафтори шумо ба ҳаёти пайвандонатон чӣ гуна таъсир мерасонад, фикр кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД