Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона фаъолтар бошед. Аз баҳс бо одамони ношинос дурӣ ҷӯед ва ба дастгирии наздикон такя кунед. Ҳангоми асабонӣ шудан суханҳои сахту шитобзада нагӯед, дар ҳама гуна ҳолатҳо оромиро нигоҳ доред. Баъд аз зӯҳр каме хастагӣ эҳсос мешавад, аз ин рӯ корҳои муҳимро ба имрӯз нагузоред.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз шонси вохӯрии ғайричашмдошт доред, ки метавонад ба як достони зебои муҳаббат табдил ёбад. Нофаҳмиҳои хонаводагӣ тадриҷан коҳиш меёбанд, ин натиҷаи талоши худи шумост. Дар касбу кор пешравӣ эҳтимол дорад, бояд ба роҳбарият қобилиятҳои кории худро нишон диҳед. Аз гуфтугӯ дар бораи пул худдорӣ намоед. Варзиш, мулоқотҳои дӯстона ва истироҳати фаъол барои рӯҳия ва саломатии шумо хеле хубанд.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Агар дар муносибатҳои ошиқонаатон нофаҳмӣ вуҷуд дошта бошад, бояд аниқ намоед, ки ба хотири муҳаббат ба чӣ қодир ҳастед? Посухи аниқ ба ин савол роҳи дурустро нишон медиҳад. Ба наздикон диққати бештар диҳед, бепарвоӣ дар муносибатҳо сардӣ меорад. Аз стресс дурӣ ҷӯед, оромӣ ба зиндагии шумо нерӯи нав мебахшад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Рӯзи хуб барои мулоқот бо дӯстдошта ва лаҳзаҳои романтикӣ аст, аммо барои корҳои оилавӣ муносиб нест. Имрӯз ҷасорат ва ҳушёрӣ шуморо аз вазъиятҳои душвор мебарорад. Дар кор ё таҳсил монеаҳо пеш меоянд, вале сустӣ накунед. Барои бастани шартномаҳои корӣ рӯзи хуб аст. Аз корҳои вазнин ва хатарнок худдорӣ намоед, саломатиро эҳтиёт кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз хотираҳои муҳаббати гузашта шуморо ғамгин месозанд. Ба корҳои хона бегоҳӣ машғул шавед. Фаромӯш насозед, ки сарнавиштаи шумо дар дасти худатон аст, ба касе такя накунед. Дар масъалаҳои молиявӣ рӯз хуб аст, аммо исрофкорӣ накунед. Барои худ фурсати оромӣ диҳед, аз стресс дурӣ ҷӯед ва бо шахси бароятон азиз сайругашт кунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар ҷодаи муҳаббат муваққатан сукут пеш меояд, вале ин ҳолат дер давом намекунад. Имрӯз бо баъзе ҳамсояҳо ё хешовандон баҳсҳои майда эҳтимол дорад. Дар касбу кор рӯзи пурзаҳмат аст, аммо тағйирот натиҷаҳои хуб меорад. Шумо метавонед қарорҳои шитобзада гиред, ки баъзан ба фоида ҳам мешавад. Ҳангоми корҳои ҷисмонӣ дастони худро эҳтиёт бошед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Муносибати ошиқонае, ки нав ба амал омадааст, метавонад зуд ба поён расад. Агар дар хонаатон мунтазам ҷанҷол мешуда бошад, тарзи гуфтори худро тағйир диҳед ва мушкилро якҷоя ҳал кунед. Дар касбу кор фикри худро озодона баён намоед. Маслиҳатҳои дигарон имрӯз барои шумо мувофиқ нестанд. Рӯзи мусбат аст – саломатӣ ва рӯҳия хуб хоҳанд буд.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз касоне, ки муҳаббати воқеиро ёфтаанд, хушбахтӣ эҳсос мекунанд. Аз фурсати хуб дур намонед. Эътимод ба худ меафзояд ва ин ҳам ба пулу ҳам ба муносибатҳои ошиқона таъсири хуб мерасонад. Барои корҳои шарикӣ, таҳсил ё оғози лоиҳа рӯз мувофиқ нест. Аз ваъдаҳои нолозим худдорӣ намоед. Имрӯз зане метавонад ба шумо кӯмак расонад. Агар қуввататон кам бошад, машқҳои сабуки ҷисмонӣ оғоз кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар муносибатҳои ошиқонаатон нофаҳмиву ноумедӣ сар задааст. Агар муносибатҳои худро беҳтар кардан хоҳед, ҳамроҳ ба сафари муштарак бароед. Барои дар касбу кор муваффақ шудан меҳнат ва сабр лозим аст. Ба шуғли дӯстдошта рӯй оварда, аз кори вазнин каме дур шавед. Стрессро кам кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз вақти муносиб барои ошноӣ, вохӯриҳои романтикӣ ва ба даст овардани дилҳо мебошад. Дар хона баҳси сахт эҳтимол дорад, аммо баъдан нофаҳмиҳо рафъ мегарданду бо ҳам наздиктар мешавед. Шонси ба осонӣ ба даст овардани маблағ вуҷуд дорад, аммо даромади иловагӣ набояд ба кори асосиятон халал расонад. Оби зиёд нӯшед, то ҷисматон пок шавад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз барои арӯсӣ, хостгорӣ ва бунёди оилаи нав рӯзи беҳтарин аст, бахту барор бо шумост. Барои нигоҳ доштани оромии хонадон ба наздикон нишон диҳед, ки онҳо дар ҷои аввал қарор доранд. Дар масъалаҳои молӣ маҳдудият эҳсос мешавад, аммо ин давра муваққатист. Шом пурхӯрӣ накунед, то аз ҳолати нороҳатӣ ва бехобӣ эмин бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз эҳтимол бо яке аз ҳамкоронатон робитаи ошиқона оғоз шавад, вале он дер давом намекунад, бинобар ин, пешакӣ фикр кунед. Аз худ зиёд талаб накунед, суръати корро каме поён баред, то иштибоҳҳо кам шаванд. Пулу моли худро эҳтиёт кунед. Машғулияти йога, машқҳои оромбахш ва рақс барои саломатӣ хеле хубанд.