Arzon april 2022
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2022
2446

Ҳамал

Айёми хубест барои фаъолияти касбӣ ва муносибатҳои ошиқона. Бо қувваи дучанд метавонед аз пайи кор шавед. Рафту коратон барор нагирад, руҳафтода нашавед. Вақти бештари худро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронед, меҳру навозиши худро дареғ надоред.

Савр

Имрӯз бо корҳои шахсӣ машғул шуданатон лозим меояд. Ба нафароне, ки ба шумо ҳасад мебаранд, хабарҳои хушро нақл накунед. Эҳтимол нафаре зарарашро ба шумо ҳатман мерасонад. Аз гирифтори зуком шудан эҳтиёт шавед, вагарна табобаташ тӯл мекашад.

Ҷавзо

Дар ин рӯз ҳама коратон барор мегирад. Дар ҷои кор ҳамкорон дар амалӣ сохтани нақшаҳо кӯмак мерасонанд, шумо низ онҳоро дастгирӣ кунед. Дар ҷодаи муҳаббат низ ягон нобарорӣ дар назар нест, баръакс хабару навигариҳои хуш рух медиҳанд. Баъди нисфирӯзӣ сайругашт ба фоидаи шумост.

Саратон

Дар ҷойи кор ба муваффақиятҳои хуб ноил мегардед. Ба ягон кори хатарнок ҳамроҳ нашавед. Дар муносибат бо шахсе, ки дӯсташ медоред, муҳаббату ғамхорӣ зоҳир намоед, он гоҳ аз муноқишаву киноя халосӣ меёбед. Айни замон барои якравӣ зоҳир намудани шумо созгор нест.

Асад

Ба рафтори ношоиста даст назанед. Имрӯз дар ҳаққи худ хушгӯиву суханони нек мешунавед. Дӯсти деринатон ба суроғ меояд. Рӯзи хубест барои мулоқоти ошиқона. Ба хӯроки мехӯрдаи худ диққат диҳед, вагарна бемор шуданатон эҳтимол дорад. Ҳамзамон ба пурхурӣ роҳ надиҳед.

Сунбула

Барои амалҳои фаъол рӯзи мувофиқ нест. Аз уҳдаи коре ки намебароед, ба душ нагиред ва ваъдаҳои хушку холӣ надиҳед. Дар ин рӯз бо роҳбарияти коргоҳ баҳсу мунозира накунед, беҳтараш тамоми супоришҳоро сари вақт ва босифат иҷро намоед. Агар мушкилиҳоро рафъ карда тавонед, обруву нуфузатон дучанд мегардад.

 

Мизон

Аз муҳокимаву мазаммат кардани нафаре худдорӣ намоед, вагарна тамоми гуфтаҳоятон бар зидди шумо бармегардад. Айни замон нерӯятон дучанд гашта, аз ҳама гуна душвориҳо баромада метавонед. Беҳтараш нерӯи худро ба корҳои нек равона созед. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Ақраб

Дар ин рӯз имкониятҳои хуби корӣ пеш меоянд, аз шумо на танҳо хоҳиши коркунӣ, балки уҳдабароӣ лозим аст. Агар сустӣ кунед, вақти мусоидро аз даст медиҳед. Дӯсти дерин ё шиноси қадрдонатон нақши худро дар зиндагии шумо мегузорад. Ширинии зиёд истеъмол намуданро тавсия намедиҳем.

Қавс

Танҳо корҳоеро ба души худ гиред, ки аз уҳдааш баромада тавонед. Вагарна бар асари нарасидани вақту набудани имконият табъатон хира мегардад. Кӯшиши фиреб додани нафареро низ накунед. Асаби худро ноором карданатон кифоя аст, ба дигарон зарар нарасонед.

Ҷаддӣ

Имрӯз ноаён сипарӣ мегардад. Агар аз уҳдаи коре баромада натавонед, онро ба рӯзи дигар гузоред. Беҳтараш нағзакак истироҳат намуда, нерӯ гиред. Аз ҳама гуна ҷангу муноқиша худдорӣ намоед. Дар баробари таъмин намудани ниёзҳои фарзандони худ меҳрубонӣ карданро фаромӯш накунед.

Далв

Қисмати зиёди рӯз ором сипарӣ гашта, ягон ҳодисаи ногувор рух намедиҳад. Тамоми диққати худро ба мушкилоте равона созед, ки ҳал карданаш имконпазир бошад, корҳои дигарро бошад ба таъхир гузоред. Нимаи дуюми рӯз ба кори бегонаҳо ҳамроҳ нашавед.

Ҳут

Барои ҷорӣ намудани тағйирот рӯзи мусоид аст, ҳама чизе ки табъи дилатон набошад, тағйир дода метавонед. Танҳо дар муносибатҳои ошиқона дигаргунӣ ворид насозед. Барои иваз намудани ҷои зист рузи мусоид нест. Аз хасташавӣ ва бемориҳои зуком эҳтиёт шавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД