Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 23-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
3474

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз Шумо бахту иқболро ҳис карда, то охир ба он бовар мекунед. Тани танҳо муваффақ шуда метавонед, вале боз кӯмаки дӯстону наздикон лозим аст. Дудила нашавед, онҳо ҳатман ба Шумо кӯмаки хешро дареғ намедоранд.кӯшиш кунед, ки назди нафарони бегона саратонро хам накунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз ҳатто хурдтарин чиз аз Шумо масъулият ва кордониро талаб мекунад. Агар масъулият ҳис кунед, бурд хоҳед кард. Ситӣораҳо маҳз барои ҳамин кор Шуморо меозмоянд. Танҳо дар охири рӯз маълум мешавад, ки то чӣ андоза корҳои худро ба сомон расонидаед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Шумо имрӯз ба хотимаи баҳсҳову мушкилиҳои чандвақта умед баста метавонед. Эҳтимол, чизеро ба даст меоред, ки дер боз дар орзуяш будед. Худро ба даст гиред. Меҳнати худро нодида нагиред ва қадри худатонро донед, зеро барои бисёриҳо бо Шумо кор кардан шараф аст. Шаъну шарафи худро ҳимоя кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Беҳтараш имрӯз корҳое, ки аз Шумо суръат ва қобилиятро талаб мекунанд, ба нақша нагиред, зеро эҳтимол аз ӯҳдаашон баромада наметавонед. Истироҳат карда, қувва ва тавоноии худро барои рӯзҳои дигар барқарор кунед. Барои харид ва захира кардани маводи ғизоӣ рӯзи хубу бобарор аст.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз Шумо дар чанд кори худ муваффақ мешавед, ба шарте ки ҳадди эътидолро риоя намоед. Ин як шарти калидии эътимоди Шумо ба оянда хоҳад буд. инчунин, хароҷоти иловагии мақсаднок имкон медиҳад, ки Шумо боз ҳам рӯҳбаланд ва хурсанд шавед. Шом ба хабаргирии нафаре равед, ки дер боз надидаед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ин рӯзро пурра ба оилаи худ бахшед. Зиёфати шоҳона биороед ва бо аҳли оила ин рӯзро, ки ҳарчанд рӯзи муҳим нест, ҷашн бигиред. Ин барои сарҷамъӣ ва барқарорсозии муносибатҳо мусоидат мекунад. Аз чизҳое ки ба Шумо зарар мерасонад, парҳез кунед, вагарна дер хоҳад шуд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои мизонҳо имрӯз рӯзи хушбахтӣ аст. Агар аз коре қафо мондаеду мавқеи пешинаи худро соҳиб шудан мехоҳед, пас ин хушбахтиро самаранок ба фоидаи худ истифода баред. Мукофот мегиред ё касе Шуморо дастгирӣ мекунад. Ин хеле муҳим аст. Дермониро кам кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ба Шумо имкон медиҳад, ки оромона дар фикри ояндаи худ бошед. Бабаҳси тӯлонӣ пирӯз мешавед. Муносибатҳои сардшудаатон бо дигарон аз нав барқарор мешавад. Соҳиби имтиёз ва афзалиятҳои нав мешавед. Барои таҷлили иду ҷашнҳо, баргузории маъракаҳои муҳим рӯзи мусоид аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз Шуморо лозим аст, ки рӯзи пӯшида ва ором дошта бошеду аз ошкорбаёнӣ ва корҳои нолозим худдорӣ намоед. Рӯзро хуб шурӯъ мекунед, аммо дар давоми танбал ва ғайрифаъол мешавед. Барои истироҳат ва тановули ғизои дӯстдошта рӯзи мувофиқ аст. Ин ба Шумо таъсири мусбӣ мерасонад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз барои ҷаддиҳо рӯзи оролму мусоид аст. Аз касе натарсед ва ин рӯзро танҳо барои ниёзҳои шахсии худ истифода баред. Усутуворӣ ва худбоварӣ дар Шумо зиёд мегардад, ки барои рӯзҳои оянда лозим меояд. Атрофиён ба Шумо кӯмак мекунанд, то қудрати қаблии худро ба даст оред.

Далв (21 январ-18 феврал)

Далвҳо имрӯ муваффақиятҳои чашмрасро уммедвор шуда метавонанд. Новобаста аз онки ҳодисаҳо чӣ гуна рух медиҳанд, Шумо бояд боварӣ дошта бошед, ки ҳама чӣ дер ё зуд ба охир мерасад. Молу мулк, лоиҳа ва оилаи худро эҳтиёт кунед. Соҳиби даромади ногаҳонӣ мешавед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз ситораҳо Шуморо аз ҷиҳати ахлоқӣ дастгирӣ мекунанд. Мукофотҳои моддӣ низ истистно нестанд. Нафаре, ки аз Шумо қарздор буд, қарзашро бармегардонад ё барои ягон амали хубатон ба Шумо миннатдорӣ мекунанд. Ҳатто агар коре кунеду мукофот ҳам надиҳанд, боварӣ дошта бошед, ки Шумо инсони хайрхоҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД